Хабарҳои кӯтоҳ

ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ЯК РӮЗ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 28 декабр дар пойтахти Тоҷикистон ду садамаи марговар рух додааст.

Соати 07:20 бар асари дар давродаври кӯчаҳои Айнӣ-Назаршоев ба девори роҳ бархӯрдани як мошини “Равон-Нексиа” ронандаи 53-солаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Соати 14:05, дар рӯбарӯи ширкати “Ромсар” дар кӯӯчаи Коргар бар асари бархӯрди  “Лексус LX-570“ бо “Ҳундай Соната” як кӯдаки навзоди с.т. 2020 ба ҳалокат расида, ронандаи 22-солаи “Ҳундай” ва як зани 25-солаи мусофираш ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 29 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Рӯзи 28-уми декабри соли 2020, тахминан соати 07:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Равон-Нексиа Р-24”, Исматов Азамшо Абдумаликович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шевченко ба самти кӯчаи С.Шерозии пойтахт дар давродаври кӯчаҳои С.Айнӣ-Назаршоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори марказии давродаври роҳ бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, худи ронанда Исматов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 28-уми декабри соли 2020, тахминан соати 14:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус LX-570», Шомирзоев Камол Каримович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Коргари пойтахт аз самти кӯчаи А.Каҳҳоров ба самти кӯчаи Кари Манн, дар рӯ ба рӯи ҶДММ «Ромсар» аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай Соната», таҳти идораи ронанда, Қаландаров Абубакр Абубакрович, соли таваллудаш 1998, сокини сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти кӯчаи Кари Манн ба самти кӯчаи А.Каҳҳоров ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Соната» Қаландаров А.А. ва мусофирони дохили автомашина, Маҳмудова Маҳина Наҷмидиновна, соли таваллудаш 1995 ва хурдсол Раҳматуллозода Давлатмоҳ, соли таваллудаш 2020, сокинони шаҳри мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, хурдсол Раҳматуллозода Д. дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.

Боздошти ноболиғи 17-сола бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 60-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки шаби 27 ба 28-уми декабри соли 2020, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 44 қутии сигори тамғаи “Ченч”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ифшо гардидани ҳолатҳои мардумфиребӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 22-юми августи соли 2020, ҳангоми дар маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе, дар назди истгоҳи мусофиркашонӣ қарор доштанаш, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки аз соли 2007 то соли 2013, марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ либосҳои мардона, занона ва пойафзолро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамзамон ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки санаи 3-юми апрели соли 2020, дар назди бозори “Меҳргон”-и пойтахт марди 39-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ масолеҳи сохтмонии “арматур” гирифта, ваъда додааст, ки баъди 1 моҳ маблағашро бармегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми декабри соли 2020, ҳангоми дар ҳудуди шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштанаш, марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”-ро ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button