ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назар

ДАЪВАТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БА БАСТАНИ ҚИМОРХОНА ВА МАРКАЗҲОИ БУКМЕКЕРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)

Хайрулло Насриддинов, як ҷавони фаъоли тоҷик дар як муроҷиатномаи видеоӣ дар Фейсбук бастани ҳамаи қиморхона ва марказҳои букмекериро дар Тоҷикистон тақозо кардааст.

Хайрулло Насриддинов мегӯяд, марказҳои букмекерӣ насли ҷавони мардуми Тоҷикистонро носолим мегардонад. “Гап сари он аст, ки маориф барои тарбияи насли ҷавон мактаб месозад, падару модарон барои тарбияи онҳо харҷи зиёд мекунанд, вале бачаҳои ҷавон ба қимор муътод шуда, пулу моли худро ба бод медиҳанд ва даст ба дуздиву ҷиноятҳои дигар мезананд”, – мегӯяд ин ҷавон. Ӯ аз ширкатҳои букмекерӣ даъват кард, ки аз ин даромади муфт, ки дар баҳои саломатӣ ва осудагии насли ҷавон ба даст меоранд, даст бикашанд ва ин ҳама миллионҳо аз ҷайби мардум рӯёндаашонро барои рушди соҳаҳои дигаре, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ сарф кунанд.

Қиморбозӣ, аз ҷумла тавассути марказҳои букмекериро дини Ислом низ манъ кардааст, вале бо ин вуҷуд ширкатҳои букмекерӣ дар Тоҷикистон муштариёни зиёд доранд.

Дар Тоҷикистон садҳо марказҳои букмекерӣ амал мекунанд, ки бузургтаринҳояш “Рахш” ва “Формула 55” ба шумор мераванд.

Исми Хайрулло Насриддинов, ин ҷавони зодаи Кӯлоб моҳе пеш замоне вирди забонҳо шуд, ки ӯ эълон кард, ки ду хонаашро дар шаҳри Кӯлоб ройгон дар ихтиёри онҳое мегузорад, ки ҷои хоб надоранд. Ӯ ҳамин тавр, барои сохтани як хобгоҳ барои мардикорони мардикорбозори назди бозори “Султони Кабир” дар шаҳри Душанбе ташаббус кард, вале мақомоти меъмории пойтахти Тоҷикистон ба дархости Хайрулло Насриддинов посухи рад доданд. Дар посухи идораи меъморӣ гуфта мешуд, ки дар он ҷое, ки ӯ мехоҳад барои мардикорон хобгоҳ бисозад, тибқи нақшаи генералии рушди Душанбе, бояд гулгашт бунёд кунанд.

Хайрулло Насриддинов

Киморхонахо (Букмекер) чавононро носолим карда партофтестай .Мурочиат ба рохбарони хамаи киморхонахо банден канторахотона ва милионхои коркадагитона барои рушди Кишоварз ,Саноат, сармоягузори кунед.

Хайрулло Насриддинов

Ман фаьолияти Ломбардамро кать мекунам,ва ба Кишоварзу Саноат машгул мешаваму давоми умрамро кушиш мекунам дар рохи нек Сарф кунам. Ба Умеди оне ,ки Киморхонахохам чунин рафтор мекунанд

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button