ИқтисодТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

АФЗОИШИ ПАРВОЗҲО АЗ ДУШАНБЕ БА ДУБАЙ ВА ИСТАНБУЛ ВА ҚОИДАҲОИ НАВИ САФАР БА ТУРКИЯ

Шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Истанбул ва Дубай афзоиш ёфта, аз ин ба баъд ба ин ду самт ҳафтае чор маротиба парвозҳо анҷом дода мешаванд.  Ду парвоз байни Душанбе ва Дубайро ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai ва ду парвози дигарро «Сомон Эйр» анҷом медиҳанд. Ҳамин тавр, дар асоси паритет ду парвозро байни Душанбе ва Истанбул ширкати Turkish Airlines ва дуи дигарро «Сомон Эйр» анҷом медиҳанд.

“Сомон Эйр” дар ҳамин ҳол, хабар дод, ки қоидаҳои сафар ба Истанбул шадидтар шудаанд ва мутобиқи талабот кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд.

Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30-юми декабри соли 2020 то 1-уми марти 2021 амал хоҳанд кард, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр. ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, ё санади ташхиси манфӣ надошта бошанд, 7 рӯз ба карантин гирифта мешаванд. Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати гирифторӣ ба коронавирус мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобат хоҳад гирифт ва аз ин рӯ, ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.

ДУШАНБЕ-ИСТАНБУЛ-ДУШАНБЕ. ХАТСАЙРИ ДУЮМ ВА ҚОИДАҲОИ НАВИ ВУРУД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз моҳи январи соли 2021 шумораи парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе зиёд менамояд. Аз санаи 12-уми январ парвозҳо ба самти Истанбул ва баргашт ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе иҷро мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 06:20, аз Истанбул 11:05 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Ба диққати мусофирони хатсайри Душанбе – Истанбул:

Қоидаҳои нави вуруд ба қаламрави Истанбул ҷорӣ шудаанд. Мутобиқи талабот кулли мусофирон ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Пеш аз нишасти ҳавопаймо мусофирон бояд анкетаи махсусро (the Passenger Locator Form) пур намуда, дар фурудгоҳи Истанбул ба хадамоти дахлдор супоранд. Тибқи қоидаҳои нави аз ҷониби вазорати тандурустии Туркия муқарраршуда, ки аз 30-юми декабри соли 2020 то 1-уми марти 2021 амал хоҳанд кард, кулли мусофирони аз 6-сола боло, аз ҷумла мусофирони транзитӣ бояд ҳатман маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, пешниҳод намоянд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад ва аз ҷониби лабораторияи акредитатсиядошта бо муҳри муассисаи тиббӣ гирифта шуда бошад. Ашхоси мубталои вируси СOVID-19 ва шахсоне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба СOVID-19-ро надоранд ба парвоз роҳ дода намешаванд. Ёдовар мешавем, ки барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус (COVID-19) ҷавобгарии чиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Истанбул кулли мусофирон бояд аз санҷиши нишонаҳои коронавирус гузаранд. Мусофироне, ки дар онҳо сирояти СOVID-19 муайян мегардад, ё ин ки маълумотномаи натиҷаи манфии ПСР-тестро пешниҳод карда наметавонанд, давоми 7 рӯз дар макони дар анкета дарҷшуда ба карантин гирифта мешаванд. Агар мусофир пешакӣ макони будубоши худро дар Туркия қайд накарда бошад, дар ҷойи муайянкардаи вазорати тандурустии Туркия ба карантин гирифта мешавад. Дар ҳолати муайян шудани гирифторӣ ба коронавирус (натиҷаи мусбат додани ПСР-тести COVID-19) пас аз 7 рӯзи карантин мусофир аз ҳисоби худ ва ё аз ҳисоби ширкати суғуртаи тиббӣ табобати зарурӣ мегирад. Аз ин лиҳоз ҳатман доштани суғуртаи тиббӣ тавсия дода мешавад.

Ба диққати мусофирони хатсайри Истанбул  Душанбе:

Тибқи талабот кулли мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Мусофирон бояд маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (ПСР-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, зарур мебошад. Ба шаҳрвандони Туркия иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ барои вуруд ба Тоҷикистон лозим нест.

Хадамоти матбуоти

ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

29.12.2020

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button