ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

11 ЗАНИ ӮЗБЕКРО ДАР ТУРКИЯ АЗ ҒУЛОМИИ ҶИНСӢ ОЗОД КАРДАНД (ВИДЕО)

Пулиси ахлоқи шаҳри Қунияи Туркия 5 узви як гуруҳи ҷиноии муттаҳм ба ташкили фоҳишахонаро дастгир карда, 12 зан – 11 шаҳрванди Ӯзбекистон ва як шаҳрванди Туркияро, ки маҷбуран ва бархеро ҳатто бо таҳдиди куштан ба танфурӯшӣ ҷалб карда будаанд, озод карданд.

Нашрияи туркии Hürriyet хабар дод, ки кормандони пулиси ахлоқи раёсати амнияти вилояти Қуния дар тӯли дувуним моҳ мукотибаи занони хориҷии танфурӯшро пайгирӣ карда, дар ниҳоят 4 шаҳрванди Туркия – Тоҳир А. (40-сола), Усмон А. (40), Дениз У. (41), Раҷаб О. (29)  ва шаҳрванди 24-солаи Ӯзбекистон Ш.И.-ро боздошт кардаанд. Ҳангоми кофтуков аз манзилҳои онҳо ду пистолет ва ҳамчунин маводи мухаддир пайдо кардаанд.

Муайян карда шудааст, ки шаҳрванди Ӯзбекистон Ш.И. занону духтарони ҷавонро аз Ӯзбекистон бо ваъдаи ҷои кору маоши хуб ба Туркия меовард ва дар инҷо шиносномаҳои онҳоро гирифта, ба танфурӯшӣ маҷбур мекард. Ҳоло ин 11 нафарро ба Идораи муҳоҷирати вилояти Қуния супурдаанд, то масъалаи ба Ватанашон фиристодани онҳоро ҳаллу фасл кунад.

Hürriyet  менависад, ки ташкилкунандагони ин фоҳишахона ба муштариён аксҳои занонро фиристода, талаб мекардаанд, ки ба пулис чизе нагӯянд. Онҳо ҳангоми тамос бо муштариён барои ҳар зан лақаб монда будаанд, то касе онҳоро ошкор ва пайдо карда натавонад.

Тоҳир А., Усмон А., Дениз У, Раҷаб О. ва Шахноза И.  бо ҳукми додгоҳ бо иттиҳомоте, чун «ба танфурӯшӣ ҷалб кардан», «даллагӣ», «маҷбур кардан», «зӯроварии ҷинсӣ», «таҳдид» ва «истеъмоли маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button