ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

САФИРИ РУСИЯ: ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАРЁФТИ ВАКСИНАИ РУСИИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ВОРИДИ МУЗОКИРОТ ШУДААСТ

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар нишасти хабариаш дар Душанбе хабар дод, ки Тоҷикистон бо ҷониби Русия ҷиҳати дарёфти ваксинаи зидди коронавирус бо номи «Спутник V”,  ки Маркази илмии ба номи Гамалеяи Русия сохтааст, вориди музокирот шудааст.

«Масъалаи таъмини ваксинаи Русия аз коронавируси навъи нав дар ҳоли ҳозир дар сатҳи ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ҳал шуда истодааст. Музокирот идома дорад “, – аз қавли Лякин-Фролов хабар додааст хабаргузории РИА Новости.

Ҷониби Русия ваксионаи “Спутник V”-ро ҳамчун «василаи бехатару муассир ва дар дарозмуддат бидуни паёмадҳои манфӣ» тавсиф карда, таъкид мекунад, ки ин ваксина «нахустин ваксинаи дар ҷаҳон сабтиномшуда барои пешгирӣ аз COVID-19 мебошад».

Вале вокунишҳо ба ваксинаи сохтаи Русия дар дунё яксон нест. Бисёре аз кишварҳои Ғарб ба ваксинае, ки ширкати дорусозии амрикоии Pfizer ҳамроҳ бо озмоишгоҳи олмонии BioNTech сохтаанд, бартарӣ медиҳанд. Дигар ширкатҳои бузурги дорусозии дунё ва марказҳои тиббии бузург, ҳамчунин кишварҳои алоҳида низ ваксинаҳои худро аз коронавирус сохтаанд ваё дар ҳоли сохтанаш қарор доранд. Мақомоти Русия низ гуфта буданд, ки Русия ба ҷуз аз “Спутник V” дар пайи сохтани ваксинаҳои дигаре аз коронавирус низ ҳаст.

Хабари музокироти байни Тоҷикистону Русия дар бораи дарёфти ваксинаи зидди коронавирус дар ҳолест, ки бар асоси омори расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумори расмии гирифторони коронавирус дар кишвар ҳафтаи гузашта аз 13 ҳазор нафар убур кард ва шумори фавтидагон аз ин вирус ба 90 нафар расид.

Дар худи Русия шумори гирифторон ба 3 миллион наздик мешавад ва шумори фавтидагон аз коронавирус аз марзи 53 ҳазор нафар гузаштааст.

Дар саросари дунё то имрӯз шумори гирифторони коронавирус ба 80,5 миллион нафар расида, ин «вабои асри 21» то имрӯз сабаби марги 1 миллиону 760 ҳазор сокини сайёра шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button