Хабарҳои кӯтоҳ

ОШКОР ШУДАНИ БОЗ ДУ ҲОЛАТИ ДУЗДИИ БАРҚ БА МАБЛАҒИ 7 ВА 133 ҲАЗОР СОМОНӢ

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз ду мавриди истифодаи ғайриқонунии нирӯи барқ хабар дод.

Сокини 43-солаи ҷамоати Алмосӣ аз соли 2019 дар ҷувозхонааш нирӯи барқро бе ҳисобкунак истифода бурда, ба давлат 7265 сомонӣ зарар расондааст, – мегӯяд ВКД.

Барқчии 55-солаи корхонаи давлатии «Захираҳои моддӣ» ба он айбдор мешавад, ки ба корхона бо роҳи дуздӣ ноқили сефаза пайваст карда, 133 ҳазору 343 сомонӣ зарар овардааст. Бар илова. Ӯ ғайриқонунӣ ба ширкати «Ширинтф» барқ медод ва ҳар моҳ барои ин пул мегирифтааст.

Рӯзи 10 декабр билофосила дар пайи лағви лимити барқ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии ВКД ситоди махсусе ташкил шуд, ки бояд истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқро дар кишвар назорат кунад. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавон таъмини шабонарӯзии онро дар фасли сармо таъмин кард.

ВКД ҳафтаи гузашта аз ошкор шудани 7 мавриди дуздиву исрофи барқ дар  нонвойхонаҳову самбӯсахона ва ҳаммомҳои Душанбе ва манъи фаъолияти ин 7 нуқта хабар дод.

Ошкор гардидани истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз соли 2019 то ин ҷониб дар хонаи истиқоматиаш ҷувози равғанбарорӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро истифода бурда, ба маблағи 7 ҳазору 265 сомонӣ ба давлат зарари калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршавнда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор бо гумони расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар асоси фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддӣ» дар кӯчаи Абдуллобекови ноҳияи Сино аз санаи 1-уми июни соли 2020 ба ҳайси барқчӣ таъин гардида, қаблан дар ҳамин корхона ҳангоми фаъолият намуданаш бо собиқ муҳандиси ҳамин корхона марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маслиҳати пешакӣ, бо мақсади расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддӣ» ноқили 3-фаза бо роҳи дуздӣ пайваст намудааст.
Дар натиҷа, 38,86 квт бо фоизи 39,24 ба миқдори 208.932 квт бо роҳи дуздӣ истифода намуда, 133 ҳазору 343-сомонӣ зарар, ки аз он ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддӣ» 54 ҳазору 785-сомонӣ ва ба ҶСК «ШБ шаҳри Душанбе» бошад, 78 ҳазору 558-сомонӣ зарар калон расонидааст.
Ҳамзамон, ноқили барқиро ба ҳисобкунаки барқии дар ягон ҷой дар қайд набуда, бе шартнома ва шартҳои техникӣ пайваст намуда, муддати 1-солу 6-моҳ аз ҶДММ «Ширинтф» маблағи муайян ба даст оварда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button