ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистон

НАХУСТИН БАРНОМАИ АХБОРИ ВИДЕОӢ АЗ ПОЙГОҲИ “БОМДОД”: МУҲИМТАРИН ХАБАРҲОИ ТОҶИКИСТОН. 28 ДЕКАБРИ СОЛИ 2020

Салому дуруд ба якояки тамошобинони азиз!

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасмим гирифт, аз ин ба баъд сархатти хабарҳои муҳими Тоҷикистонро ҳар рӯз барои шумо дар як барномаи алоҳида пешкаш кунад.

Ҳоло бо ҳам муруре мекунем, ки имрӯз, 28 декабри соли 2020 дар Тоҷикистон чӣ хабару таҳаввулоти муҳим буд?

Адвокати Саидасрор Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара гуфт, Мирзоевро рабуда, ба сараш халта кашидаанд ва ба ҷангал бурда, латтукӯб кардаанд.

Орифҷон Содиқов, полковники мустаъфии Кумитаи амнияти миллӣ гуфт, аз соли 2014 то кунун бештар аз 500 ҷангҷӯи тоҷик дар ҷангҳо барои ДОИШ дар Ироқу  кушта шудаанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфт, Тоҷикистон бо Русия ҷиҳати дарёфти ваксинаи зидди коронавирус бо номи “Спутник V” вориди музокирот шудааст.

Мухторов Беҳрӯз Муҳтоҷович, сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе ба қаллобӣ ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз ду мавриди истифодаи ғайриқонунии нирӯи барқ хабар дод.

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як муҳоҷири 33-сола аз Тоҷикистон аз қабати дуюми сохтмон ба замин афтода, ҷароҳати вазнин бардоштааст.

Сарбози тоҷик Ҳасанов Сафархон рӯзи 25 декабр аз хонаашон аз ноҳияи Фархор баромада, дар роҳ қисми низомии 0307, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс, нопадид шудааст.

Қазияи боздошти Саидасрор Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара, торафт пурсарусадотар мешавад. Адвокати ӯ Александр Паулов изҳор дошт, ки рӯзи 23 декабр Мирзоевро одамони дар тан камуфляж аз назди хонааш бардошта, ба сараш халта андохтаанд ва ба ҷангал бурда, латтукӯб кардаанд ва маҷбур кардаанд, ки дар додгоҳ худашро шаҳрванди Тоҷикистон бигӯяд. Паулов гуфт, он кормандони пулис, ки Мирзоевро рабуданд, дар додгоҳ ҳузур доштанд ва ӯ аз тарс ба зидди худаш баёнот дод.

Додгоҳи ноҳияи Советскийи  шаҳри Самара рӯзи 23 декабр қарори ихроҷи Саидасрор Мирзоев аз қалаврави Русияро баровард. Нашрияи маҳаллии  «Волга-Нюс» хабар дод, ки дар додгоҳ барои муайян кардани шахсияти Мирзоев аз ҳуҷҷатҳои фиристодаи раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон истифода бурдаанд ва қарори ихроҷи ӯ аз Русия бо «зарурати таъмини амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ» асоснок кардаанд.

Саидасрор Мирзоев ба ҷуз аз раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони вилояти Самара «Пайванд», ҳамчунин дар базаи меваву сабзавоти №3 дар кӯчаи Олимпийская дар шаҳри Самара тиҷорат дошт ва ба воридоти меваву сабзавот аз кишварҳои Осиёи Марказӣ машғул буд. Александр Паулов мегӯяд, зоҳиран Мирзоев ба далели ҳамин тиҷораташ ҳадафи таъқиби рақибонаш қарор гирифтааст.  Адвокати Саидасрор Мирзоев гуфт: «Як гуруҳ, аз ҷумла ҳамшаҳриҳои худи Мирзоев, барои аз Русия «дафъ» кардани ӯ пули калон додаанд. Ӯ ба касе халал мерасонд...»

Хххх

Орифҷон Содиқов, полковники мустаъфии Кумитаи амнияти миллӣ дар мақолае дар нашрияи “Садои мардум” минбари расмии порлумони Тоҷикистон навишт, аз соли 2014 то кунун бештар аз 500 нафар аз шаҳрванди кишвар, дар ҷангҳо барои ДОИШ дар Ироқу  кушта шуда, мақомоти Тоҷикистон 675 нафари дигареро, ки аз тарафи Давлати исломӣ меҷангиданд, а ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.

Орифҷон Содиқов ҳамчунин навиштааст: “Баъди дар Сурия ва Ироқ саркӯб шудани ҷангҷӯёни гуруҳи бо ном «Давлати исломӣ», теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Афғонистон омаданд ва тайёранд, ки ба ватани хеш ҳамла оранд.

Бино ба омори расмӣ, тақрибан 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ироқу Сурия рафта, ба саффи созмонҳои ифротию террористӣ, асосан ба ДОИШ пайвастаанд. Ҳоло дар урудгоҳҳои асирон дар Сурияву Ироқ, бино ба ҳисобҳо, беш аз 400 зану кӯдакони ҷангиёни тоҷик нигоҳ дошта мешаванд.

ххх

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов гуфт, Тоҷикистон бо Русия ҷиҳати дарёфти ваксинаи зидди коронавирус бо номи «Спутник V”,  ки Маркази илмии ба номи Гамалеяи Русия сохтааст, вориди музокирот шудааст. «Масъалаи таъмини ваксинаи Русия аз коронавируси навъи нав дар ҳоли ҳозир дар сатҳи ниҳодҳои марбутаи ду кишвар ҳал шуда истодааст. Музокирот идома дорад “, – гуфтааст Лякин-Фролов. Ин хабар дар ҳолест, ки бар асоси омори  вазорати тандурустии Тоҷикистон, шумори расмии гирифторони коронавирус дар кишвар аз 13 ҳазор нафар гузашт ва шумори фавтидагон ус ба 90 нафар расидааст.

Ххххх

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи Мухторов Беҳрӯз Муҳтоҷович, сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанберо ба анҷом расонда, ба додгоҳ фиристодааст. Беҳрӯз Мухторов ба он айбдор мешавад, ки моҳи феврали соли 2019 аз шаҳрванд Сониева Ш.М. “бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ” барои тавассути музояда шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ 24.000 сомонӣ ва моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов Н.А. бо айни ваъда 225 ҳазору 370 сомониро талаб карда гирифтааст.

 тасарруф намуд.

Аммо мақомоти Агентӣ Мухторов на бо иттиҳоми  гирифтани пора, балки бо моддаи ҷазояш хеле сабуктари “қаллобӣ” парванда кушодаанд. Афроди муттаҳам ба қаллобӣ маъмулан бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд.

Хххх

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз ду мавриди истифодаи ғайриқонунии нирӯи барқ хабар дод. Сокини 43-солаи ҷамоати Алмосӣ аз соли 2019 дар ҷувозхонааш нирӯи барқро бе ҳисобкунак истифода бурда, ба давлат 7265 сомонӣ зарар расондааст, – мегӯяд ВКД.

Барқчии 55-солаи корхонаи давлатии «Захираҳои моддӣ» ба он айбдор мешавад, ки ба корхона бо роҳи дуздӣ ноқили сефаза пайваст карда, 133 ҳазору 343 сомонӣ зарар овардааст. Бар илова, ӯ ғайриқонунӣ ба ширкати «Ширинтф» барқ медод ва ҳар моҳ барои ин пул мегирифтааст, – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Рӯзи 10 декабр билофосила дар пайи лағви лимити барқ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии ВКД ситоди махсусе ташкил шуд, ки бояд истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқро дар кишвар назорат кунад. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавон таъмини шабонарӯзии онро дар фасли сармо таъмин кард.

ВКД ҳафтаи гузашта аз ошкор шудани 7 мавриди дуздиву исрофи барқ дар  нонвойхонаҳову самбӯсахона ва ҳаммомҳои Душанбе ва манъи фаъолияти ин 7 нуқта хабар дод.

Ххх

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия як муҳоҷири 33-сола аз Тоҷикистон аз қабати дуюми сохтмони маҷтамаи истиқоматии ЖК «Солнечный» дар кӯчаи Лучистая, 4  ба замин афтода, ҷароҳати вазнин бардоштааст. Манбаи хабаргузории маҳаллии ЕАН  гуфт, ки косахонаи сари ин коргари тоҷик шикастааст ва ӯ дар бемористони ГКБ №23 дар ҳолати вазнин қарор дорад. Пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардааст.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, асосан бар асари фалокатҳо дар ҷои кор, беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд ва чанд ҳазор нафари дигари онҳо маъюб мешаванд.

Хххх

Ва дар охир як эълон:

Модари сарбози тоҷик Ҳасанов Сафархон Ҳисайнович аз ҳама барои ҷустуҷӯи фарзандаш кумак мехоҳад. Сафархон Ҳасанов рӯзи 25 декабр аз хонаашон аз ноҳияи Фархор баромада, ба макони хидмати ҳарбиаш – қисми низомии 0307, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритӯс, раҳсипор шудааст, вале инак 3 рӯз боз дараке аз вай нест. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, бори охирин ӯ аз назди қисми низомӣ дар тамос шуда, хабар додааст, ки ба назди қисми низомӣ расид. Вале касе намедонад, ки баъди ин Сафархон куҷо шуд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button