ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ ЯК МАНСАБДОР БАРОИ ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ ҚАРИБ 250 ҲАЗОР СОМОНӢ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи Мухторов Беҳрӯз Муҳтоҷович, сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанберо ба анҷом расонда, ба додгоҳ фиристодааст. Беҳрӯз Мухторов ба он айбдор мешавад, ки моҳи феврали соли 2019 аз шаҳрванд Сониева Ш.М. “бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ” барои тавассути музояда шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ 24.000 сомонӣ ва моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов Н.А. бо айни ваъда 225 ҳазору 370 сомониро талаб карда гирифтааст.

Аммо мақомоти Агентӣ Мухторов на бо иттиҳоми  гирифтани пора, балки бо моддаи ҷазояш хеле сабуктари “қаллобӣ” парванда кушодаанд. Афроди муттаҳам ба қаллобӣ маъмулан бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои бо моддаи “қаллобӣ” бандубаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, хеле зиёд шудааст.

Аз ҷумла дар ҳамин моҳи декабр Агентии мубориза бо коррупсия аз анҷоми тафтиши парвандаҳои  Холов Шерафган Шералиевич, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон ва Ғаюров Таҳмурас, собиқ сардори қисми навбатдории ШВКД-2 ноҳияи Рӯдакӣ хабар дода буд.

Агентӣ гуфт, Шерафган Холов моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Ф. Сафаров 8 ҳазор доллар гирифта, писари ӯро аз боздошт ҷавоб додааст. Моҳи апрел бошад аз Сафаров боз 2 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки писари ӯро бо ҷарима аз суд халос мекунад.

Ғаюров Таҳмурас, собиқ сардори қисми навбатдории ШВКД-2 ноҳияи Рӯдакӣ бошад ба он айбдор мешавад, ки моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писараш 3.000 доллар талаб карда, аз ин маблағ 15.000 сомониашро гирифтааст.

 Аммо мақомоти Агентӣ ба зидди  ҳам Шерафган Холов ва ҳам Таҳмурас Ғаюров низ на бо иттиҳоми  гирифтани пора, балки бо моддаи “қаллобӣ” парванда кушодаанд.

Ҳилаи шаръие, ки мақомот барои бо ин модда бандубаст кардани парвандаҳои порахӯрӣ истифода мебаранд, чунин аст, ки гӯё ин ё он мансабдори ба даст афтода дар доираи салоҳиятҳои мансабиаш ҳалли масъалаҳоеро, ки ваъда мекард, надошт ва аз ин рӯ, гӯё корафтодаро фиреб медод ва ин қаллобист, на порахӯрӣ аз ҷониби шахси мансабдор.

Ба ақидаи коршиносон, бо чунин шаклу шеваи муборизаи “раҳмдилона” бо коррупсия Тоҷикистон шонси пирӯзӣ дар ин набардро нахоҳад дошт, чунки ин шакли мубориза, ба ақидаи онҳо, аз як доми маҳкам дида, бештар ба як ғалбери сӯрох шабоҳат дорад, ки мансабдорони порахӯр бо вуҷуди бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодан, аз мӯрии хеле калони “қаллобӣ” худро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд. Ва нафақат халос мешаванд, балки баъди чанде дар ягон мансаби дигари серравған такя мезананд.

Қаллобии корманди идораи амволи давлатӣ

Мухторов Беҳрӯз Муҳтоҷович дар вазифаи сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кор карда истода, моҳи феврали соли 2019 аз шаҳрванд Сониева Ш.М. бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, яъне барои тавассути музояда шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, маблағи 24.000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намуд.

Ғайр аз ин, Мухторов Б.М. ба тарзу усули болозикр моҳи апрели соли 2019 аз шаҳрванд Қудратов Н.А. барои шахсӣ карда додани манзили истиқоматии коммуналӣ, маблағи 225.370 сомониро талаб карда гирифта тасарруф намуд.

Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мухторов Б.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

         Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button