Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ СОКИНИ ХОРУҒ ДАР ПАЙИ ЯК ЗАНОЗАНӢ ВА КОРД ЗАДАНИ ЯК ҶАВОН

Ду сокини 26 ва 23-солаи Хоруғ бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шудаанд. Онҳо ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 25 декабрЮ соати 13:30 дар кӯчаи С.Насиллобек як сокини 26-солаи Хоруғро се корд задаанд.

Соати сеюними шаби 26 декабр бар асари чаппа шудани як мошини тамғаи “Фолксваген” дар роҳи Душанбе – Хуҷанд дар ҳудуди ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ мусофири ин мошин – сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Як сокини 27-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки соати якуним шаби 19 ба 20 декабр аз нуқтаи шустушӯи нақлиёт дар кӯчаи Фирдавсӣ 4300 сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 28 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Боздошти ду нафар бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми декабри соли 2020, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум дар кӯчаи С.Насиллобеки ҳамин шаҳр бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ суханҳои қабеҳ гуфта, бо корд 3 маротиба ба узвҳои баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 26 ва 23-солаи сокинон ҳамин шаҳр бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи чаппа шудани автомашина

Рӯзи 26-уми декабри соли 2020, тахминан соати 03:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Фолксваген», Аҳмадҷонов Маҳмудҷон Ҳакимҷонович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур, Акбаров Аскархон Аълоевич, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани дуздӣ аз нуқтаи шустушӯи нақлиёт

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 19 ба 20-уми декабри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи шустушӯи нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ шуда, аз ҷайбаш 4 ҳазору 300-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button