БА САРАШ ХАЛТА АНДОХТА, БА ҶАНГАЛ БУРДАНД ВА ЗАДАНД: ТАФСИЛОТИ БОЗДОШТИ РОҲБАРИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОН ДАР САМАРА
Қазияи боздошти Саидасрор Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара, торафт пурсарусадотар мешавад. Адвокати ӯ Александр Паулов изҳор дошт, ки рӯзи 23 декабр Мирзоевро одамони дар тан камуфляж аз назди хонааш бардошта, ба сараш халта андохтаанд ва ба ҷангал бурда, латтукӯб кардаанд ва бо ҳамин ҳолат ба додгоҳ овардаанд.
Додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Самара худи ҳамон рӯз шаҳрвандии Русияи Саидасрор Мирзоевро бекор карда, ҳукми ихроҷи маҷбурии ӯ аз қалаврави Русияро баровард. Нашрияи маҳаллии «Волга-Нюс» хабар дод, ки дар додгоҳ барои муайян кардани шахсияти Мирзоев аз ҳуҷҷатҳои фиристодаи раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон истифода бурдаанд ва қарори ихроҷи ӯ аз Русия бо далели «зарурати таъмини амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ» асоснок карда шудааст. Ӯ раиси созмони “Пайванд”, молики ширкате бо номи “РНКАТСО” ва узви Шӯрои ҷамъиятиии сафорати Тоҷикистон дар Русия буд, ки асосан роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Русияро дар бар мегирад.
Александр Паулов, вакили мудофеъ (адвокат)-и Саидасрор Мирзоев, роҳбари боздоштшудаи ҷамъияти тоҷикони вилояти Самара рӯзи 28 декабр дар мусоҳиба бо Маркази ҳимояти ҳуқуқи «Сова» изҳор дошт, ки муваккили ӯро рӯзи 23 декабр рабудаанд.
«Соати 13:35 Мирзоев аз даромадгоҳи ҷои зисташ дар шоҳроҳи Волжское берун баромадааст. Ба ӯ одамони либоси камуфляж дар тан ҳамла кардаанд. Ӯро латтукӯб карда, ба сараш халта андохтаанд ва ба мошин савор кардаанд», – чунин тасвир мекунад ин ҳодисаро адвокат. Ба гуфтаи Паулов, Мирзоевро ба як ҷангал бурда, боз латтукӯб кардаанд ва сипас бо чунин ҳолат ба додгоҳ фиристодаанд.
Паулов хабар дод, ки аз раёсати вилоятии Кумитаи тафтишот расман хостааст, то дар робита ба қазияи рабудани Саидасрор Мирзоев парвандаи ҷиноятӣ бикушоянд.
Ӯ ҳамчунин ба додгоҳи вилояти Самара аз қарори додгоҳи ноҳияи Советский шаҳри Самара дар мавриди лағви шаҳрвандии Мирзоев ва ихроҷи ӯ шикоят бурдааст. «Мирзоев шаҳрванди Русия аст ва ӯ набояд ихроҷ шавад», – чунин баён кардааст хатти дифоашро Паулов.
Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Самара рӯзи 23 декабр шаҳрвандии президенти созмони ҷамъиятии тоҷикистониҳои муқими вилояти Самара “Пайванд-Единство” Мирзоев Саидасрор Давлатовичро содир кард.
«Мирзоев тартиби будубош дар қаламрави Русияро вайрон кардааст. Ӯ аз хуруҷ аз Русия дар пайи ба поён расидани муҳлати будубошаш саркашӣ карда, бо ин даст ба қонуншикании маъмурӣ зад. Додгоҳ қарор кард, ки Мирзоев гунаҳкор дониста шуда, ҳамчун ҷазо нисбат ба вай ҷарима ба андозаи 2 ҳазор рубл бо берункунии маҷбурӣ (принудительное выдворение) ба Тоҷикистон таъйин карда шавад», — гуфта мешавад дар қарори додгоҳи ноҳияи Советский аз 23 декабр.
Ин қарори додгоҳ ҳанӯз ҳукми иҷро нагирифтааст. Мирзоев ҳоло дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвадони хориҷӣ дар шаҳри Толятти қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии маҳаллии «Волга-Нюс» хабар дод, ки «дар додгоҳ барои муайян кардани шахсияти вайронкунандаи қонун санадҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП)-и ВКД Тоҷикистон истифода шудааст». Ин нашрия меафзояд, ки Мирзоев бар асоси як протокол дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ки нозири минтақавии пулис тартиб додааст, дар бораи содир шудани қарори ихроҷи маҷбуриаш аз қаламрави Русия хабардор карда шудааст ва қарори ихроҷи Мирзоев бо далели «зарурати таъмини амнияти давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ» асоснок карда шудааст. Дар бораи ин ки Мирзоев ба амнияти давлати Русия чӣ хатаре дошт?, ҷузъияте дар ин гузориш оварда нашудааст.
«Волга-Нюс» менависад, «шаҳрвандоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳимоят аз Мирзоев садо баланд мекунанд, иддао мекунанд, ки ӯ аз солҳои 1990 шаҳрванди Русия буд ва аз ин рӯ ба ҳеҷ сурат наметавонист аз хуруҷ аз қаламрави Русия то замони хаттми муҳлати ниҳоии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ саркашӣ кунад. Вале дар қарор дар робита ба ин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гуфта мешавад, ки «ҳангоми баррасии парванда Мирзоев С.Д. изҳор дошт, ки ба хидмати тарҷумон ниёз надорад, забони русиро медонад ва фаҳмонд, ки сари вақт хориҷ нашуд ва дар ҳоли охир мехоҳад аз Русия биравад.»
Рӯзи 27 декабр хабаргузории “Таджинфо” бо такя ба манбааш хабар дод, ки Мирзоев Саидасрор Давлатович, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара бо номи “Пайванд” ва узви Шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, боздошт шудааст ва чанд рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Толятти қарор дорад. Саидасрор Мирзоев, маъруф бо лақаби “Ганс”, аз тоҷикҳои пурнуфуз дар Самара ба шумор мерафт ва бино ба иттилои “Таджинфо”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Самараро идора мекард.
“Саидасрор Мирзоев раиси созмони “Пайванд” ва молики ширкате бо номи “РНКАТСО” ва ҳамчунин узви Шӯрои ҷамъиятиии сафорати Тоҷикистон дар Русия буд, ки асосан роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Русияро дар бар мегирад. Сафорат то кунун қазияи боздошти раҳбари ҷамъияти тоҷикони Самараро шарҳ надодааст.