ИқтисодНомаҳо ба президентТоҷикистон

РАИС ОБОДОНИИ НОҲИЯРО АЗ … СОХТАНИ ҚАСР БАРОИ ХУДАШ САР КАРД (3 АКС)

Як гуруҳи сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо ирсоли чанд акс ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки раиси нави ин ноҳия Бобозода Хайруллои Бобо корҳои ободониро дар соли аввали раисиаш аз … бунёди як хонаи дуқабата барои худаш шурӯъ кардааст.

Дар номае, ки ин сокинон ба унвони ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштаанд, гуфта мешавад, ки Хайрулло Бобозода дар як соли раисиаш дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ як ҳоҷатхона сохтааст, ки  он ҳам нотамом монда, на ягон қоидаҳои санитарӣ дораду на таҷҳизоти равшанидиҳанда ва на дару на бомпӯши дуруст. Аҷибаш ин, ки дар ин ҳоҷатхона 62 ҳазор сомонӣ аз маблаӯҳои буҷаи давлат хароҷот карда аст. ”  (АКСИ 2).

Дар айни замон, ҳанӯз ба раёсаташ як сол ҳам пур нашуда, Хайрулло Бобозода, ба гуфтаи сокинон, дар мавзеи Каргтӯдаи деҳаи Оббурдон дар даромадгоҳи маркази ноҳия қариб ним гектар заминро гирифта, барои худ хонаи замонавии дуошёна сохтааст (АКСИ 1). Онҳо менависанд, дар ҳоле ки раиси ноҳияи ҳамагӣ 0,11 га замини корами обӣ дораду  расман ягон тиҷорати дигар надорад, чӣ гуна тавонистаанд бо ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ маоши раисаш дар муддати камтар аз як сол хонаи дуқабата бисозад?

Даромади солонааш тахминан 26 то 30 ҳазор сомонӣ мебошад, ки он барои бомпӯши хона мерасаду халос. Оё ин ҳайратовар нест – менависанд сокинони норозӣ.

Онҳо ин ду акс – ҳоҷатхона барои мардум ва хонаи дуқабата барои раисро баёнгари воқеияти вазъи имрӯза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ унвон карда навиштаанд, «дар ҳоле ки дар ноҳия як деҳқони бечора ба 0,01г замин зор аст, раиси ноҳия барои сохтани қасри худ қариб 0,5 г заминро аз худ кардааст

Дар идомаи муроҷиатномаашон ба ҳукумат, ин сокинон менависанд, ки «Бобозода Х.Б дар як вақт Раиси ноҳия, муовини аввали Раиси ноҳия, муовин оид ба корҳои идеология, мудири шуъбаи молия, раиси буҷа идораи молия, раиси комиссия оид ба тақсимоти заминҳои наздихавлигӣ ва ғайра мебошад, Чунки ин вазифахо ҳамааш вакант мебошанду  ин вазифаҳо як сол боз ҳеҷ не ки харидори дилхоҳ пайдо кунанд.

«Дар шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ариза ва ҳуҷҷатҳои мукаммали 75 нафар мутахассиси болаёқат барои таъмин намудан ба ҷойи кор ба қайд гирифта шудаанд  ва ин дар ҳолест, ки дар қайди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 26 воҳиди корӣ ВАКАНТ ба қайд гирифта шудаанд. Ба ақл бар намеояд, ки аз  ин 75 мутахассис дар давоми як сол 26 нафарашон лаёқат надошта бошанд, ки ба ин вазифаҳо таъин шаванд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи Раиси ноҳияро низ симои Ориёӣ надорӣ гуфта, аз кор ронда, вазифаи ӯро низ дар музояда мондааст. Наход, ки Бобозода симои Ориёӣ дошта бошаду ба вазифа лоиқ, дигар кадрҳои ноҳия, ки то 30 сол собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ доранду лоиқ ба вазифа набошанд?»,  -менависанд сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.

Ба гуфтаи онҳо, раиси ноҳия дар бораи гӯё мавҷуд будани 280 иншооти ҷашнӣ дар ин ноҳия ҳисобот медиҳад, вале ин, ба ақидаи сокинон, зиёданависист ва аксари ин иншооти ҷашнӣ танҳо дар рӯи қоғаз вуҷуд доранд. Дар даврони раисии Бобозода дар Кӯҳистони Мастчоҳ танҳо як мактаб созта шуд ва он ҳам аз ҳисоби як соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд  ва дигар он як ҳоҷатхонаи садамавӣ аз ҳисоби буҷаи ноҳияву халос.

«Агар ин гуфтаҳои мо дурӯғ ва ё туҳмат бошанд, бигзор Бобозода ба таври ВОКУНИШ бо далел, яъне як ба як расм, навор, номи иншоот ва дар кадом деҳа сохта шуданашро пешниҳод намояд», – менависанд сокинон.

Дар шикоят ҳамчунин гуфта мешавад, ки Бобозода ман намояндаи Ҷанобаму касе ба гапам хуб нагӯяд, фалону беҳмадон гуфта, бо мардум дағалгӯӣ мекунад ва таҳдид мекунад, ки касе берун аз ноҳия ариза фиристад, ӯро мешиканад.

 Ӯро ҳамчунин ба он айбдор мекунанд, ки дар даврони авҷи касалии сироятии КОВИД 19 қодир набуд, ки дар даромадгоҳи бинои ҳукумат ҳатто як дастшӯ ташкил кунад. «Агар ягон намоянда меомад, дастшӯи чойхонаро амонат гирифта барои намоиш дар даромадгоҳ насб мекарданд ва  он ҳам бошад – барои  як ё ду соат. Дар масъалаи сарфакории қувваи барқ Бобозода вазифадор буд, ки корҳои ташвиқотию таблиғотиро дар байни аҳолӣ амалӣ намояд. Вале ӯ баракс лимити ноҳияи мо ба мо мерасад гуфта ҳамаи ташкилотҳои ноҳияро аз ҳисоби маблағҳои буҷа бо гармидиҳандаҳои барқӣ таъмин намуду системаи гармидиҳии ноҳияро, ки бо ангиштсанг истифода бурда мешуд, аз кор мононд. Дар ҳоле, ки 3 км дуртар аз ноҳия зиёда 1000 тонна ангиштсанги кони ангишти Ғузн нигоҳдорӣ мешавад. Агар ин гуфтаҳо дурӯғанд, бигзор Бобозода бо далел расму навори системаҳои гармидиҳиро нишон диҳад», – навиштаанд сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муроҷиаташон ба ҳукумат.

Бобозода Хайрулло Бобо 27 январи соли 2020 раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъйин шуд. Ӯ қаблан раҳбарии шуъбаи молияи ин ноҳияро бар дӯш дошт ва аз он пеш дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ дарс медод.

Пойгоҳи хабарии «Бомдод» ба хотири риояи гуногунандешӣ омода аст, вокуниши Хайрулло Бобозода ва мақомоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро низ нашр кунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Кадри ҷавон ҳаст монед кор кунад чидаркор сиёҳ кардан ба қадри ҳол ободи карда истодааст муҳимаш онки ҳамаро бо як чашм дида истодаастда да як сол ҳамҷоро обод карда намешавадку

    1. чавон гуфта ба горату талаву тороч давлату халк гардад холи мардум чи мешавад хукумати точикистон уро барои он рахбар интихоб кардааст ки ободи кунад ба доди мардум расад на ин ки мардуми бечораро толаву тороч кунад. мухтарам призедент лачоми ин гуна рохбарони нохия хукуматро кашед инхо обруи давлат боварии мардумро ба хукумати точикистон паст мезананд ингуна одамхо лоики рахбариятро надоранд

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button