Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистТоҷикистонЧеҳраҳо

СОЛИ ТАЛАФОТИ САНГИН: ТОҶИКИСТОН ИМСОЛ 12 ГЕНЕРАЛАШРО АЗ ДАСТ ДОД

Соли 2020 як соли пур аз талафот дар таърихи Тоҷикистон буд. Тоҷикистон имсол даҳҳо шоиру овозхон, ҳунарпеша, академику профессорону докторони илм ва табибони ҳозиқашро аз даст дод. Имсол аз ҷумла 12 генерали тоҷик низ тарки дунё карданд.

????????????????????????????????????
  1. АБДУЛЛО ҲАБИБОВ (01.05.1940 -24.04.2020)

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов, яке аз хушномтарин генералҳои тоҷик шоми 24 апрел, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аз олам чашм пӯшид. Агар умр вафояш мекард, ҳамагӣ як ҳафта баъд генерал Ҳабибов ба синни 80 мерасад. Абдулло Ҳабибов 1 майи соли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Академияи улуми ҷамъиятии шаҳри Маскавро хатм кардааст. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои раҳбарии ВКД, ҳамчунин дар мақомҳои муовини аввали вазири дифоъ ва муовини раиси гумруки Тоҷикистон кор карда, чанд навбат вакили парлумони кишвар буд.

2. АБДУЛНАЗАР АБДУЛАСАНОВ (21.10.1944- 13.05.2020)

Генерал-майор Абдулназар Абдуласанов рӯзи 13 май дар синни 76 аз олам рафт.  Ӯ 21 октябри соли 1944 дар Хоруғ ба дунё омада, хатмкардаи курсҳои яксолаи омӯзишгоҳҳои олии умумиқӯшунии фармондеҳии шаҳрҳои Боку (1967) ва Тошканд (1968) ва Академияи ҳарбии ба номи М. А. Фрунзеи шаҳри Маскав (1986) буд. Генерал Абдуласанов солҳои 1967 — 90 дар ҷузъу томҳои гуногуни ҳавзаи ҳарбии Туркистон ба сифати командири взвод, рота, баталион, сардори ситод ва коменданти ҳарбии комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Самарқанд кор кардааст. Афсари калони шӯъбаи қӯшуни Кумитаи мудофиаи ҶТ (1992 — 93), коменданти ҳарбии шаҳри Душанбе (1993 — 97), муовини Вазири мудофиа — фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ (1997—2005) буд. Бо орденҳои «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  • 3. САИДАНВАР КАМОЛОВ (16.09.1950 – 14.05.2020)

Генерал –лейтенант Саиданвар Камолов, вазири собиқи амният ва фармондеҳи собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 14 май дар бемористони “1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе вафот кард. Ба гуфтаи наздиконаш, иллати марги генерали 70-сола бронхит будааст. Вале Саиданвар Камолов дар аввали соли ҷорӣ гриппи сахтеро пушти сар карда, баъди он аз асароти илтиҳоби дутарафаи шуш (пневмония) ранҷ мекашид.  

Камолов Саиданвар Қосимович 16 сентябри соли 1950 дар деҳаи Хонақоҳи ноҳияи Ховалинг ба дунё омада, соли 1977 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Генерал-лейтенант (1999), Ходими шоистаи Тоҷикистон (2000), узви Академияи илмҳои педагогиву иҷтимоии Русия (2004).

Саиданвар Камолов соли 1976 ба хидмат дар КГБ – Кумитаи амнияти давлатии СССР оғоз карда, соли 1984 сармуфаттиши КГБ Тоҷикистон оида ба парвандаҳои фавқулодда муҳим ва соли 1988 сардори шуъбаи тафтишотии КГБ Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1992 як муддат дар мақоми муовини срадори Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кард, вале соли 1993 дубора ба кумитаи амният баргашта, як сол дар мақоми сардори раёсати тафтишоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон кор кард ва моҳи августи соли 1994 муовини вазири амният таъйин шуд. Моҳи августи соли 1995 Саиданвар Камолов вазири амнияти Тоҷикистон тахйин шуд ва дар ин мақом то моҳи октябри соли 1996 кор карда, боз ба мақоми муовиниаш баргашт. Саиданвар Камолов моҳи феврали соли 1997 фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъйин шуд ва  то соли 2002 дар ин симат кор кард. Ӯ соли 2002 сардори Ҷамъияти кумаки ихтиёрӣ ба артиш (собиқ ДОСААФ) таъйин шуда, то рафтанаш ба нафақа дар ҳамин идора ифои вазифа кард.

Генерал Камолов соли 1981 сазовори ордени ҷангии “Ситораи сурх” ва соли 1986 сазовори медали “Нишони фахрӣ” шудааст.

  • 4. АБДУРАҲМОН АЗИМОВ (10.01.1950 -17.05.2020)

17 май генерал-лейтенант Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазир ва фармондеҳи собиқи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон  дар синни 70 дар хонааш дар шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид.  Ӯ як ҳафтаи охир дар бистарӣ беморӣ қарор дошт, вале дар хона муолиҷа мегирифт. Наздиконаш мегӯянд, ки ӯ аз бемориҳои дил ва диабети қанд ранҷ мекашид. Ҷанозаи Абдураҳмон Азимовро субҳи 17 май дар Кӯлоб ба хок супурданд.

Абдураҳмон Азимов 10 январи соли 1950 дар Кӯлоб ба дунё омада, соли 1972 риштаи физикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хатм кардааст (1972). Ӯ солҳои 1074-177 раиси Комитети иттифоқҳои касабаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб, сипас то соли 1982 нозири Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб буд ва аз соли 1982 дар Кумитаи бехатарии давлатӣ (КГБ)-и Тоҷикистон кор мекард. Азимов дар мақомҳои ёвари сардори идораи КГБ -КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982 – 1992),  сардори идораи КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1993 – 1996) кор карда, сипас котиби Шӯрои амният ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996 – 1999), раиси комитети Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният (2000 – 2002),  раиси Комитети ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон (2002 – 05) ва  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2009) буд.

Бо орденҳои «Ситораи Сурх» (1990) ва Исмоили Сомонӣ (1998) ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  • 5. РАҲМОН САНГ (…-21.05.2020)

Рӯзи 21 май генерал Санг Раҳмон, корманди собиқи ВКД ва департаменти консулии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар оромгоҳи маҳаллаи Хуҷамбиёи Душанбе ба хок супурданд. Санг Раҳмон аз ёрони наздики Ёқуб Салимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар солҳои 90 ба шумор мерафт.

  • 6. АБДУЛВАҲҲОБ ИСКАНДАРЗОДА (1957-31.05.2020)

Генерал Абдулваҳҳоб Искандарзода, сардори собиқи РВКД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаби 30 ба 31 май дар синни 62 вафот кард. Искандарзода ду сол пеш аз мақоми муовини аввали сардори РВКД вилояти Хатлон ба нафақа рафта буд. 10 рӯз пеш – 21 май – бародари ӯ – сардори БДА минтақаи Кӯлоб Абдусалом Искандарзода низ аз бемории коронавирус тарки ин дунё карда буд. Гумон меравад, ки генерал Искандарзода аз бародараш сироят шуда бошад.

7. АБДУҶАББОР ШАМСЗОДА (1962-10.06.2020)

Генерал-майор Шамсзода  Абдуҷаббор Саймумин (Абдуҷаббор Шамсов) – собиқ муовини вазири корҳои дохилӣ, вакили собиқи парлумон ва раиси собиқи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ – рӯзи 10 июн дар бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе  дар синни 58 аз олам чашм пӯшид. Абдуҷаббор Шамсзода дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз ҳавзаи Кӯлоб №37 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда, то соли 2007 узви Кумитаи иқтисод, будҷа, молия ва андози палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон буд.

Ӯ солҳои 2007-2009 ба ҳайси муовини вазири дохилаи Тоҷикистон кор карда, соли 2016 ба мақоми раиси дастгоҳи Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумон таъйин шуд.  Рӯзи 17 апрел дар нахустин иҷлосияи ҳайъати нави Маҷлиси миллӣ, ки Рустами Эмомалӣ ба ҷои Убайдуллоев раиси он интихоб шуд, бо қарорҳои палатаи болоии парлумон Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин “бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш”  аз вазифаи роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ  озод гардида, ба ҷои ӯ Идрисзода Илёс Мумин таъйин шуд.

  • 8. ЗИЁРАТШО ПИРУМШО ГАЙРАТШОЗОДА (15.04.1957-25.06.2020)

Генерал-майори адлия Зиёратшоҳ Ғайратшозода (Зиёратшо Пиров) дар синни 63-солагӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ванҷ аз олам чашм пӯшид.  Ӯ тоза рӯзи 1 июни соли ҷорӣ аз мақоми сардори раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба нафақа рафта, ба зодгоҳаш – деҳаи Рохарв баргашта буд. “Акнун мехост дам бигирад, роҳати набераву дӯстону хешовандонро бинад, китоби саргузашташро варақ занад ва ёддошташро рӯйи саҳфа биоварад… Аммо умр вафо накард…” – навишт журналист Хилватшоҳи Маҳмуд дар марги генерал.

Зиёратшоҳ Ғайратшозода ( 15 апрели соли 1957 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ҶТ ба дунё омадаЮ риштаи ҳуқуқшиносии Донишгощи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ғайратшоҳзода аз моҳи марти соли 2005 то моҳи майи соли 2015 дар мақомҳои сардори Шўъбаи маъмури-ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси ВМКБ ва роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳияи Ванҷи ВМКБ кор карда, аз моҳи майи соли 2015 то 01-июни соли 2020 сардори Раёсати адлияи ВМКБ буд.

Ӯ соли 2013 сазовори медали «Хизмати шоиста» шуда, мсоли 2017 “Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3” гардид ва соли 2018 Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода Пирумшо (Пиров Зиёратшо) унвони хизматии генерал-майори адлия дода шуд.

  • 9. АЛИХОН РАҲМОНЗОДА (10.02.1958-01.09.2020)

Сардори раёсати экологӣ ва сайёҳии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур рӯзи 1 сентябр дар бемористони “1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, генерал Раҳмонзода ва ҳамсараш гирифтори коронавирус шуда буданд. Ҷанозаи генерал Алихон Раҳмонзодаро рӯзи 1 сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурданд.

Алихон Раҳмонзода 10 феврали соли 1958 дар деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ собиқаи кориашро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 1987 аз  мақоми ваколатдори фаврии шуъбаи сеюми раёсати кофтукови ҷиноии ВКД сар карда, то ба мақоми сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ин вазорат ва муовини вазир расид. Алихон Раҳмонзода чанд сол роҳбарии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияро низ бар уҳда дошт ва сипас боз ба ВКД баргашта, сардории чанд раёсат, аз ҷумла раҳбарии Хадамоти “Муҳофиза”-ро бар ӯҳда дошт. 30 октябри соли 2019 Алихон Раҳмонзода раҳбари раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, ба истилоҳ “пулиси сайёҳӣ” таъйин карда шуд.

 Алихон Раҳмонзода намояндаи як хонаводаи пурнуфуз аз Данғара мебошад. Бародари ӯ генерал Раҳмонзода Лолахон Футур чандин сол раиси Агентии давлатии амволи махсус буд.

10. МИЛОПАР БАНДИШОЗОДА (1959-07.10.2020)

Генерал-майор Милопар Бандишозода, муовини прокурори вилояти Хатлон, собиқ муовини раиси агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 7 октябр дар синни 61 аз олам чашм пӯшид. Ӯ ба “илтиҳоби шуш” гирифтор шуда, ҳудуди 10 рӯз дар шифохонаи марказии шаҳри Бохтар ва ду рӯзи охир дар шифохонаи бемориҳои сироятии кӯдакон, ки дар шафати бемористони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, табобат мегирифт. Дар охирин паёмаш дар саҳифаи худ дар Фейсбук Милопар Бандишозода ду моҳ пеш навиштааст: “Дар паноҳи Худо бошед!”

Бандишозода соли 1959 дар ВМКБ таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскави Русия аст.

Аз соли 1987 то 2007 дар вазифаҳои гуногуни мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, шуруъ аз сармуфаттиш то прокурори шаҳри Конибодом кор кардааст.

Аз соли 2007 ба 2015 дар мақомоти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд то муовини раиси Агентӣ фаъолият намудааст. Моҳи июни соли 2011 генерал Бандишоев муовини раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон таъйин шуда буд ва то моҳи феврали соли 2015 дар ин мақом адои вазифа кард.

Соли 2015 ӯ дубора ба мақомоти прокуратура баргашт ва то ду соли пеш муовини Раёсати тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳим буд. Соли 2018 муовини прокурори вилояти Хатлон таъин шуд. Бандишозода соли 2013 бо фармони Президенти Тоҷикистон рутбаи генерал-майорро ба даст овардааст.

11. ҚУРБОНАЛӢ ҲАСАНОВ (30.08.1952- 15.10.2020)

Қурбоналӣ Ҳасанов, омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва яке аз муфаттишони маъруф рӯзи 15 октябр дар синни 68 вафот кард.  Ҳасанов як ҳафтаи ахир дар хона  табобат мегирифт, вале рӯзи 13 октябр ба сабаби бад шудани вазъи саломатиш ба Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” интиқол ёфт. Табибон гуфтанд, ки ӯ аз илтиҳоби шуш фавтид.

Қурбоналӣ Ҳасанов 30 августи соли 1952 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1978 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ қариб тамоми умр дар сохторҳои додситонӣ кор карда, тафтиши чандин парвандаи пурсарусадо, аз ҷумла парвандаи шаҳрдори собиқи Душанбе Мақсуд Икромовро ба дӯш дошт.

12. ҶАББОР ҲОМИДОВ (01.01.1948-27.11.2020)

Генерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар синни 72 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, генерал Ҳомидов як ҳафта пеш дучори сактаи қалб шуда буд. Қарор аст, ҷанозаи генералро рӯзи 28 ноябр дар шаҳри Бӯстон ба хок бисупоранд. Ҷаббор Ҳомидов 1 январи соли 1948 дар деҳаи Қистақӯз (ҳоло – Хистеварз) ба дунё омада, собиқадори ҷанги Афғонистон буд. Ӯ солҳои 1987-2020 дар ҳавзаи ҳарбии Осиёи Марказӣ хидмат карда ва солҳои 2002-2006 муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон буд. Интиқоли масъулияти ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз марзбонони рус ба марзбонони тоҷик маҳз дар давраи кори ӯ (соли 2005) сурат гирифт. Ӯ соли 2006 бо дарёфти рутбаи генерал-майор ба нафақа рафт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button