ВидеоМуҳоҷирон

РАҲБАРИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ САМАРА САИДАСРОР МИРЗОЕВ БОЗДОШТ ШУДААСТ

Хабаргузории “Таджинфо” бо такя ба манбааш хабар дод, ки  Мирзоев Саидасрор Давлатович, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара бо номи “Пайванд” ва узви Шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, боздошт шудааст ва чанд рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Толятти қарор дорад. Саидасрор Мирзоев, маъруф бо лақаби “Ганс”, аз тоҷикҳои пурнуфуз дар Самара ба шумор мерафт ва бино ба иттилои “Таджинфо”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Самараро идора мекард.

“Таджинфо” рӯзи 27 декабр бо такя ба манбааш хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Самара ҳанӯз рӯзи 23 декабр шаҳрвандии русии Саидасрор Мирзоевро бекор ва ҳукми ҳабси пешакии ӯро содир кардааст. Аммо ин хабаргузорӣ аз инки  роҳбари ҷамъияти тоҷикони Самара бо кадом ҷурм ва бар асоси кадом банди қонун боздошт шудааст, изҳори бехабарӣ мекунад Манбаъи “Таджинфо” танҳо гуфтааст, ки  додгоҳ ҳукми иҷборан ихроҷ намудани Мирзоевро баровардааст, вале ҳимоятгари ӯ ба ин қарор эътироз кардааст.

Саидасрор Мирзоев, раиси созмони “Пайванд” ва молики ширкате бо номи “РНКАТСО”, узви Шӯрои ҷамъиятиии сафорати Тоҷикистон дар Русия низ буд, ки асосан роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар минтақаҳои гуногуни Русияро дар бар мегирад. Сафорат то кунун қазияи боздошти раҳбари ҷамъияти тоҷикони Самараро шарҳ надодааст.

Ин нахустин бор нест, ки роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар минтақаҳои Русия дучори мушкилоти ҳуқуқӣ мешаванд.

Соли 2017 мақомоти Русия шаҳрвандии русии Каромат Шарипов, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро бекор ва худи ӯро бо ҳавопаймои Маскав – Кӯлоб ихроҷ карданд. Каромат Шарипов баъди беш аз ду соли талоши бенатиҷаи бозгашт ба Русия моҳи майи соли ҷорӣ дар синни 57 вафот кард.

Соли 2013 Сайфиддин Одинаев, роҳбари ҷамъияти тоҷикони Перм 11 моҳро пушти панҷара ба сар бурд. Бино ба иттилои “Таджинфо”, дар ҳоли ҳозир раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Владимир низ дар боздошт қарор дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button