ВарзишВидеоМуҳоҷирон

ФИРӮЗ ҲОДИБОЕВ РАҚИБАШРО АЛАКАЙ ДАР СОНИЯИ 5-УМ БА НОКАУТ ФИРИСТОД, ФАЗЛИДДИН ОБИДОВ – ДАР ДАВРИ ДУЮМ (2 ВИДЕО)

Дар шаҳри Самараи Русия мусобиқоти Open FC оғоз ёфт. Ин мусобиқоти ММА (ҷангҳои бидуни қоида) ба ҷойи Gorilla Fighting Championship баргузор мешавад. Дар мусобиқоти Самара ду варзишкори тоҷик рақибони худ аз Ӯзбекистону Қирғизистонро ба нокаут фиристода, пеш аз муҳлат ғалаба ба даст оварданд.

Бахусус пирӯзии Фирӯз Ҳодибоев, яке аз шогирдони қаҳрамони Украина оид ба гриплинг Раҷабалӣ Баёнов ҳамаро тасхир кард. Ҳангоми рақобат бо варзишгар аз Қирғизистон Султонбек Парпибоев, паҳлавони тоҷик тавонист рақибашро алакай дар сонияи 5-ум ба нокаут фиристад. Султонбек аз ноҳияи сараш зарбаи сахт хӯрд ва рӯи фарши майдон афтод. Довар билофосила идомаи рақобатро қатъ кард ва пирӯзиро ба Фирӯз Ҳодибоев дод.

Рақобат чунон зуд тамом шуд, ки муҷриён ҳатто аз тамошобинон узр хостанд, ки фурсат нарасид, то дар бораи ақалан кӣ будани ин ду рақиб чизе бигӯянд.

Дар як рақобати дигар дар вазни сабук Фазлиддин Обидов аз Тоҷикистон рақибаш аз Ӯзбекистон Исломҷон Шарофовро низ бо як зарбаи хеле сахт (ҳай-кик) ба нокаут фиристод. Фазлиддин дар давр (раунд)-и дуюми рақобат Исломҷонро чунон сахт зад, ки ӯ низ ба рӯи фарши майдон хобид. Довар ин рақобатро низ билофосила манъ кард ва варзишгари тоҷикро ғолиб эълон кард.
open_fc_mma

Фазлидин Обидов творит невероятную победу против Ислонджона Шарофова: он отправляет его в глухой нокаут супер-хайкиком!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button