ТаърихЧеҳраҳо

СУҲБАТИ РӮЗИ ШАНБЕ: САЪДИНИСО ҲАКИМОВА: ВАЗИР БА ДОНИШМАНДОН ҲАРФҲОИ НОШОИСТА МЕГУФТ ВА МАН ДИГАР КОР НАКАРДАМ…

Дар оғози даҳаи 1990 Аъламхон Аҳмадов вазири тандурустӣ таъйин шуд. Баъди ба вазорат омадани ин шахс шумораи зиёди профессорҳо ва донишмандони соҳаи тиб, ки барои ҷумҳурӣ хизматҳои боарзиш карда буданд, аз кор рафтанд.Чунки вазир ба онҳо гапҳои сахту ношоиста мегуфт ва онҳоро нороҳат мекард. Дар чунин вазъ ман дигар кор кардан нахостам…

Агар умр вафо мекард, 20 декабр Саъдинисо Ҳакимова, табиб ва донишманди бузурги тоҷик 96-сола мешуданд. Афсӯс ки панҷ сол пеш марг ӯро аз миёни мо рабуд. Саъдинисо Ҳакимова аввалин номзади илми тиб аз байни занони тоҷик ва аввалин доктори илми тиб аз Тоҷикистон буд ва ягона зан аз тамоми Осияи Марказӣ, ки ба узвияти Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд. Ӯ бо ошкорбаёнӣ ва ҷасорати худ низ шуҳрат дошт ва ҳанӯз дар замони Шӯравӣ арқоми изтиробоовари фисади баланди маргумири кӯдакони тоҷикро нашр карда буд. Ин мусоҳибаи Сӯҳроби Зиё бо ин донишманди фақид соли 2006 нашр шудааст.

Sohrab Zia

Ду рӯз пеш хотираҳои як пизишки тоҷики муқими Русияро дар бораи Саъдиннисо Ҳакимова, донишманди маъруф ва пизишки бемориҳои занонаи Тоҷикистон таҳти унвони “Абдулло Давлатов: Саъдиннисо Ҳакимова кӣ буд?” дар сойти “Озодӣ” хондам.

https://www.ozodi.org/a/31013085.html

Агар умр вафо мекард, 20 декабр ин пизишк ва донишманди бузурги тоҷик 96 сола мешуданд. Афсӯс ки панҷ сол пеш марг эшонро аз миёни мо рабуд.(Худо эшонро биёмурзад!)

Имрӯз ба ёдам мусоҳибае омад, ки бо ин шахсияти барҷаста ва пизишки номдор чанд сол пеш (тобистони соли 2006) анҷом дода будам. Ин мусоҳиба он вақт дар барномаи “Маҷаллаи Осиёи Миёна”-и родюи форсии Би-би-сӣ пахш шуда буд. Баъдтар ин гуфтугуро рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар як сафҳааш ба нашр расонд.

Матни он мусоҳибаро ин ҷо мегузорам. Ба назарам масъалаҳое ки дар ин матлаб матраҳ шуда, ҳоло ҳам муҳимм ҳастанд ва бояд аз меҳвари таваҷҷуҳи масъулони давлатӣ берун намонанд.

*************

Сӯҳбати рӯзи шанбе

«….Аммо барои худ аз роҳбарон чизе хоҳиш накардаам»

Саъдинисо Ҳакимова аввалин пизишки хонум ва ҷарроҳи тоҷик ва нахустин донишманди тоҷики зан аст, ки дар соҳаи тиб рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ў аз миёни тоҷикон аввалин доктори илми тиб аст. Саъдинисо Ҳакимова аз миёни занони донишманди кишварҳои Осиёи Миёна аввалин ва ягона узви Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ (ҳоло Академияи илмҳои тибби Русия) мебошад.

– Саъдинисо Ҳафизовна, имсол Шумо ба синни 82 қадам гузоштед. Дар овони пирӣ зиндагӣ чи тавр мегузарад?

-Зиндагиам бад нест, аз саломатиам ҳам чандон шикоят надорам. Аз умри 82 солаам 60 солро барои хидмат ба Тоҷикистон ва халқи худ бахшидам ва моҳи июли соли 1993 ба нафақа баромадам. Дар моҳи апрели он сол аризае навишта ба дасти вазири тандурустии Тоҷикистон Аъламхон Аҳмадов додам ва аз ӯ хоҳиш кардам то маро аз кор мураххас кунад. Аммо ба аризаи ман то дер посухе надоданд, яъне фармони вазир дар бораи ба нафақа баромадани ман набаромад ва маҷбур шудам барои аз кор рафтан худам фармон нависам.

-Шумо бунёдгузор ва аввалин роҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ ва тадқиқотии ҳифзи модару кӯдак дар Тоҷикистон будед ва дар ин вазифа ҳудуди 13 сол заҳмат кашидед. Чи шуд, ки якбора худатон барои аз кор рафтан тасмим гирифтед?

-Муносибатам чун мутахассис ва роҳбари кафедраи Донишгоҳи тиббӣ ҳамеша бо роҳбарияти вазорати тандурустии Тоҷикистон душвор буд. Зеро ман аз бисёр корҳои ношоистаи онҳо интиқод мекардам. Маҳз бо ин сабаб робитаи ман бо вазири собиқи тандурустии Тоҷикистон Иван Саженин, ки дар давраи шӯравӣ 25 сол дар ин вазифа фаъолият дошт, бад буд.

Дар оғози даҳаи 1990 Аъламхон Аҳмадов вазири тандурустӣ таъйин шуд. Баъди ба вазорат омадани ин шахс шумораи зиёди профессорҳо ва донишмандони соҳаи тиб, ки барои ҷумҳурӣ хизматҳои боарзиш карда буданд, аз кор рафтанд.Чунки вазир ба онҳо гапҳои сахту ношоиста мегуфт ва онҳоро нороҳат мекард. Дар чунин вазъ ман дигар кор кардан нахостам.

-Шумо аз соли 1958 дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мудири кафедраи амрози занона ё акушерӣ ва гинекологӣ будед ва дар тарбияи кадрҳои соҳаи тандурустӣ нақши хеле зиёд доштед….

– Ҳамчун мудири кафедра лабораторияи нағз ташкил кардам, зеро роҳбарони ҷумҳурӣ ба ман ёрӣ мерасонданд, кадом дастгоҳ ё таҷҳизоти тиббӣ зарур бошад, аз давлатҳои хориҷа харида, дар ихтиёри мо мегузоштанд. Лабораторияи мо дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур буд. Таҳқиқоти илмиро дӯст медоштам. Барои ҳамин донишпажӯҳони (аспирантҳои) зиёде доштам. Бисёриҳо зери назари ман рисолаҳои илмӣ менавиштанд. Дар давраи фаъолияти кориам 11 доктори илми тиб ва 30 номзади илми тиб дар соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ таҳти роҳбарии камина рисолаҳои илмии худро дифоъ карданд.

-Шояд бештари онҳо ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон қарор надоранд?

-Бале. Баъд аз он ки дар ҷумхурӣ ҷанг сар шуд ва шароит бисёр душвор гардид, бисёре аз мутахассисон аз Тоҷикистон рафтанд. Русҳо ба Русия, Украина, кишварҳои соҳили Болтик ва бархе дигар ба хориҷа, аз ҷумла ба Олмон, яҳудиҳо ба Исроил, ҳамин хел ҳама пароканда шуданд.

-Ва Шумо ба Эрон рафтед. Аз даврае ки дар Эрон ба сар бурдед, чӣ хотираҳои хуше аз ин кишвар ва мардуми он доред?

– Ман моҳи майи соли 1996 ба Эрон рафтам. Аз Эрон ва мардуми ин кишвар бисёр хотираҳои хубе дорам. Ҳамзабонони эронии мо танҳо ба хотири савоб корҳои зиёди хайр мекунанд. Аммо мо тоҷикон хайру савобро кайҳо фаромуш сохтаем.

-Шумо дар муҳити Шӯравии пешин тарбия гирифтаед ва дар парваришгоҳ ба воя расидаед ва дар соҳаи тиб ҳам коргузорӣ бо забони русӣ буд, оё барои Шумо надонистани забони форсӣ дар Эрон мушкил эҷод намекард?

-Дар Эрон ҳарчанд ҷойи кор буд, аммо кор намекардам. Зеро барои кори пизишкӣ бояд ҳар як духтур фармокопеяи ҳамон кишварро нағз донад. Фармокопея дастурест, ки дар он дар бораи тамоми доруҳои роиҷ дар ҳамон мамлакат маълумоти зарурӣ дода шудааст. Фармокопея китоби хело бузург буда ва барои хондан ва аз худ кардани он, забони форсӣ ва истилоҳоти тиббии ин мамлакатро бояд нағз медонистам. Барои ман, ки хатти форсиро намедонистам, фурсати зиёд зарур буд то онро биомӯзам ва ин китобро мутолиа кунам.

Бисёр фикр кардам ва билохира ба ин натиҷа расидам, ки беҳтар аст нерӯ ва имконоти худро барои навиштани китоб сарф кунам. Ният буд,то дар бораи фоҷеъаҳое, ки дар солҳои шӯравӣ дар зоишгоҳҳои (таваллудхонаҳои) Тоҷикистон рух медод ва роиҷ шуда буд, китобе нависам ва дар он дарди дили худро рӯи коғаз орам ва маълумотеро, ки доштам, бозтоб диҳам.

-Ин китоби Шумо бо номи «Заложники империи» («Гаравгонҳои империя») дар соли 1998 ба забони русӣ ба чоп расид. Дар солҳое, ки Шумо аз он ёдовар шудаед, аз тарафи ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ алайҳи мардуми тоҷик як беадолатӣ ё бетаваҷҷӯҳӣ сурат мегирифт. Ба шаҳодати Шумо дар бештари мавридҳо барои наҷот додани он тифлоне, ки аз модар бемор ва ё камвазн ба дунё меомаданд, аз тарафи мақомоти дахлдор тадбире андешида намешудааст. Фикр мекунед, чаро бар зидди халқи тоҷик марказ чунин сиёсатро пеш гирифта буд?

-Ҳизби коммунист аз Маскав идора мешуд ва мақомоти Русия ҳарфи аслиро мегуфтанд ва ҷумҳуриҳои дигар ҳама тобеъи Русия буданд. Ва Маскав низ қабл аз ҳама ҳомии манофеъи Русия буд.

Аз таърих маълум аст, ки дар гузашта қаламрави бузурге дар минтақа ба тоҷикон тааллуқ доштааст. Муҳаққиқони рус, аз ҷумла А. Шишов, маълумот додаанд, ки дар минтақае аз канори рости Днепр то кӯҳи Олтой тоҷикон маскун будаанд. Дар давраи аз соли 1920 то 1924 дар Осиёи Миёна ду дафъа барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда шуд ва ҳудуди даҳ миллион тоҷик ӯзбек “гардид”.Ин ҳақиқати талх дар китобҳо бозтоб ёфтааст. Ин танҳо назари шахсии ман нест.

Баъзе аз олимони рус садо баланд карданд,ки Кумитаи Марказии ҲК нисбат ба тоҷикон муносибати нек ва одилона надорад. Ин олимон мегуфтанд, ки аввалин мардумони сокини Осиёи Миёна тоҷикҳо ҳастанд. Аммо бо вуҷуди ин, шумораи тоҷиконро 850 ҳазор нишон дода ва онҳоро дар як минтақаи кӯҳистонӣ сокин карданд.

– Дар давраи фаъолияти худ ба унвони раиси Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва тадқиқотии ҳифзи модар ва кӯдак Шумо мавзӯъи сарнавишти ногувори занону модарон ва кӯдакони тоҷикро дар маҳфилҳои сиёсӣ ва дар матбуоти марказӣ ва дохилӣ хеле зиёд матраҳ мекардед. Чӣ чиз Шуморо водор месохт, то ба чунин мавзӯъ даст занед ва нисбат ба сарнавишти талхи ҳаммиллатони худ садо баланд кунед?

-Ман медонам, ки вазифаи духтурҳо, бемористонҳо ва зоишгоҳҳо расонидани ёрии тиббӣ ба модару кӯдак ва сиҳату саломат ба хонаашон баргардонидани онҳост. Дар ягон гӯшаи дунё қонуне вуҷуд надорад, ки агар духтур ба бемор зарар расонад, бе ҷазо монад.

Соли 1972 фаҳмидам, ки дар таваллудхонаҳои ҷумҳурии мо баъзе аз кӯдакони навзодро нобуд мекунанд. Ман натавонистам дар мавриди ин фоҷеъа бетарафӣ ва хомӯширо ихтиёр кунам. Ба вазорати тандурустӣ, ба КМ Ҳизби Коммунист ва Ҳукумати Тоҷикистон нома навиштам, аммо онҳо чорае наандешиданд. Баъд ба Маскав, ба КМ ҲК Иттиҳоди Шӯравӣ шикоят кардам.

– Бубахшед, чаро ба арзу доди Шумо дар КМ ҲК Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ нарасиданд? Ба сабаби он ки сухани аслиро дар он солҳо Маскав мегуфт?

-Фикр мекунам, онҳо медонистанд, ки дар ин корҳо Маскав даст дорад. Ба ин сабаб худро канор мегирифтанд ва масъулиятро аз дӯши худ пойин мегузоштанд. Маҳз бо ин сабаб И. Саженин ҳудуди 25 сол дар Тоҷикистон вазири тандурустӣ буд ва бисёриҳо медонистанд, ки котиби дуввуми КМ ҲК Тоҷикистон ва КМ ҲКИШ такягоҳ ва ҳомии ин шахс буданд.

– Омору арқоме дар даст доштед, ки, масалан дар як сол дар Тоҷикистон мувофиқи таҳқиқоти Шумо чӣ теъдод кӯдаконро нобуд мекарданд?

-Мо дар чанд ноҳияи водии Ҳисор якҷоя бо намояндагони комитети назорати ҳизбии КМ ҲКИШ таҳқиқот гузаронда будем. Тавре муайян гардид, теъдоди кӯдаконе, ки бо ҳар роҳу васила дар зоишгоҳҳои ин ноҳияҳо нобуд карда мешуданд, дар як сол ба ҳудуди 8 ҳазор нафар мерасид. Аммо ин арқом низ пурра нест.

– Чӣ хел ин кӯдакон талаф меёфтанд ё чӣ тавр онҳоро нобуд мекарданд?

– Аввалин номзад барои нобудӣин кӯдакони норасид буданд. Кӯдаконе, ки ба ҳангоми таваллуд аз 2,5 то 3,5 кг вазн доранд, солим ҳастанд ва онҳо метавонанд зиндагӣ кунанд. Аммо кӯдаконе, ки аз 2,5 то 1 килограмм вазн доранд, норасид ҳисоб мешаванд. Барои зинда мондани чунин кӯдакон шароити махсус, яъне ҷои гарм, шароити мусоид барои сари вақт додани ғизо зарур аст. Аммо бештари занҳои мо имконияти анҷоми чунин корҳоро надоштанд. Шароити хонаҳояшон мусоид набуд. Кӯдакон зуд шамол мехӯранд, шушашон касал мешаваду вафот мекунанд. Барои ҳамин кӯдакони норасидро аз таваллудхона ба хонаҳояшон мураххас намекарданд ва дар таваллудхонаҳо нобуд месохтанд.

Гурӯҳи дуюми кӯдаконе, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекард, тифлоне буданд, ки дар вақти таваллуд мағзи сарашон латма дида буд. Яъне дар вақти ҷарроҳӣ духтур дуруст рафтор намекунад ва тифл бо вазъи ваҳмовар ба дунё меояд.

– Оё талошҳо ва муборизоти Шумо дар он солҳо барои ислоҳи ин вазъият натиҷае дод?

-Ман ба натиҷаи мусбати талошҳоям боварӣ доштам ва ба ин далел то КМ ҲКИШ нома навиштам. Яке аз ду мактуби охирини худро ба рӯзномаи «Литературная газета» фиристодам, зеро ин рӯзномаро он солҳо демократӣ мегуфтанд. Лекин онҳо мақолаи маро ба вазорати тандурустии ИҶШС (СССР) фиристоданд. Вазорат комиссия ташкил кард ва фаъолияти моро тафтиш карданд, то гуноҳе пайдо карда маро ҷазо диҳанд. Он вақт аз таъсиси пажӯҳишгоҳи мо танҳо ду сол гузашта буд ва институти мо ҳатто клиника надошт.

Мактуби дуввуми худро ба номи узви Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ Пелше навиштам. Одамони огоҳ гуфтанд, ки Пелше одами принсипиалӣаст. Ҳамон мактуберо, ки ба «Литературная газета» навишта будам, каме тағйир дода ба Пелше фиристодам. Он вақт намедонистам, ки Пелше бемор аст. Ин соли 1981 буд. То вафот кардани вай ҳеҷ кас дар бораи ин мактуб ҳарфе назад. Баъди маросими дафни Пелше маро ба Маскав даъват карданд ва агар иштибоҳ накунам, ин воқеъа 24-уми апрели соли 1984 сурат гирифт. Бояд ҳар чӣ тезтар ба КМ ҲКИШ мерафтам. Ман 5 сол бо КМ ҲКИШ ҳамкорӣ кардам ва онҳо таваллудхонаҳои Русия, Белорусия ва Украинаро тафтиш карданд. Маро ба он ҷойҳо бо худ намегирифтанд. Шояд ба хотири он, ки ягон иттилоъ надошта бошам. Дар он ҷумҳуриҳо чи камбудиҳоро пайдо карданд, бароям маълум нест. Лекин медонам, ки ин мактуби маро муҳокима карда ва муовини вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бахши масъалаҳои модару кӯдакон профессор Новиковаро аз кор барканор карданд. Баъдтар давраи бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ оғоз шуд ва ин масъалаҳо аз мадди назари роҳбарон дур монданд.

– Худи Шумо,то ҷое медонем, узви ҳизби комунист будед?

-Ман соли 1946, вақте, ки ба докторантура мерафтам, котиби кумитаи ҳизбии Донишгоҳи тиббӣ Юсуфлӣ ном марди озарбойҷонӣ маро дар даромадгоҳи донишгоҳ диду ба ҳуҷраи кориаш бурд ва гуфт, ки бидуни узвияти ҳизби коммунист барои таҳсил ба докторантура, ба Маскав рафтани ман хуб нест. Зеро ман аввалин тоҷике будам, ки барои таҳсил ба докторантура мерафтам. Масъулони кумитаи ҳизбии донишгоҳ аз он тарс доштанд, ки агар ман узви ҳизби коммунист набошам, ба онҳо гапи сахт мерасад. Маҷбуран ариза навиштам ва дарҳол 5 ё 6 нафар аз аъзои бюрои кумитаи ҳизбии донишгоҳ ҷаласа гузаронида, маро ба сурати оҷил ба унвони номзад ба узвияти ҳизби коммунист пазируфтанд ва баъд ба Маскав гусел карданд.

-Пайвастани Шумо ба узвияти ҳизби коммунист то ҳадде маҷбурӣ ба назар мерасад, аммо хориҷ шудани Шумо аз узвияти ин ҳизб чӣ тавр сурат гирифт?

-Бояд бигӯям, ки ҳарчанд маро маҷбурӣ ба узвияти ҳизби коммунист пазируфтанд, аммо ман ба халқи худ, ба ин ҳизб софдилона хизмат кардам. Вақте ки ҳамаи корҳои ношоистаи ҳизби коммунист дар мавриди тоҷикон бароям маълум шуд, вақте ки Тоҷикистон ҷумҳурии мустақил шуд, ман билети ҳизбии худро бо ариза ба КМ ҲКИШ фиристодам.

– Ин дилсардии Шумо аз ҳизби комунист чӣ сабаб дошт?

-Сабаби асосӣ корҳое буд, ки ҳизби коммунист дар ҳаққи халқи тоҷик кард. Ман 5 сол фақат дар бораи сарнавишти тоҷикон китоб хондаам. Хулосаи ҳамаи ин китобҳо он аст, ки миллати тоҷикро дар доманаи кӯҳистон ва як сарзамини хурде ҷой доданд ва миллионҳо тоҷикро иҷборӣ узбек карданд. Магар ин кор хиёнат ба халқи тоҷик нест?

– Вале аз тарафи дигар дар ҳамон давраи Ҳукумати Шуравӣ, дар давраи Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон ба мисли кишварҳои дигари Шӯравӣ онҳое, ки фарзанди зиёд доштанд, соҳибимтиёз буданд, ҳар моҳ барои фарзандони хурдсоли худ занону модарони тоҷик аз давлат кӯмакпулӣ дарёфт мекарданд. Пас он солҳо як сиёсати духела вуҷуд дошт; яъне аз як тараф, занону модарон аз имтиёзҳои иҷтимоӣ бархурдор буданд ва аз тарафи дигар, ба гуфтаи Шумо, бо роҳбарии ҳизби коммунист тифлону кӯдакони тоҷик нобуд карда мешуданд. Ин сиёсатро Шумо чи тавр шарҳ медиҳед?

– Соли 1944 ҳоло ҷанг тамом нашуда, дар бораи таъсиси унвони Қаҳрамонмодар қарор қабул шуд ва барои додани кӯмакпулӣ ва ордену медалҳо ба модарони серфарзанд тасмим гирифта шуд. Ҳамаи ин ба хотири барқарор кардани беш аз 20 миллион одаме буд, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг алайҳи Олмон нобуд шуда буданд. Таваллуди тоҷикҳо аз солҳои 1962 ё 1963 рӯ ба афзоиш ниҳод. Агар дар ҳамон вақт роҳбарони ҳизби коммунист одамони оқил мешуданд, пеши ин равандро мегирифтанд ва ба ҷои орден супоридану кӯмакпулӣ додан ба танзими оила иқдом мекарданд. Дар ин сурат занҳои мо мефаҳмиданд, ки акнун бисёр таваллуд кардани фарзанд зарур нест.

Дар баъзе оилаҳо занҳо таваллуд мекарданду барои бачаҳояшон пулҳои калон мегирифтанд. Мардҳо ин пулҳоро ҷамъ карда, мошини сабукрав мехариданд. Ман ҳамин масъалаҳоро ба Гулҷаҳон Бобосодиқова, котиби КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа исбот кардам ва ба ин хонум ҳуҷҷатҳои зоймони ин шаҳрро нишон додам. Аммо «Маскав барои Артиш сарбозон ва барои корхонаю муассисаҳо коргарҳо даркор мегӯяд» мегуфтанд ва дар ин замина иқдоме намекарданд.

-Шумо ҳарчанд дар нафақа ҳастед, вале ҳатман аз тариқи радио ва телевизион ва матбуоти Тоҷикистон бо вазъияти ҷумҳурӣ ошноӣ доред. Фикр мекунед, ҳоло вазъи ҳифзи модарону кӯдакон дар Тоҷикистон нисбат ба давраи Шӯравӣ беҳтар шудааст ё баръакс?

– Фикр мекунам, бо ин нархҳое, ки ҳоло ҳаст, шояд аҳволи халқ чандон хуб набошад. Лекин мешунавам, ки дар деҳот одамон замин гирифтаанд ва дар он кор мекунанд ва зиндагиашон беҳтар шудааст.

Аммо медонам, ки сатҳи ёрии тиббӣ ба занони ҳомила ба дараҷаи паст афтодааст.

– Вазъи тандурустӣ дар Тоҷикистон, ба назари Шумо, ҳоло чӣ хел ҳаст?

-Ба фикри ман, вазъи тандурустӣ дар ноҳия ва деҳот чандон хуб нест. Аз рӯи шуниди ман бисёр духтурҳои соҳибтаҷриба аз ҷумҳурӣрафтаанд. Аз шогирдони ман дар Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модар ва кӯдак танҳо профессор Қурбонова кор мекунад, дигарон корро дар Пажӯҳишгоҳ қатъ кардаанд. Як гурӯҳи олимони тибби мо, ки дар Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак тарбия ёфтаанд, ба шаҳри Маскав ба кор рафтанд.

– Барои беҳтар кардани вазъияти ин соҳа ба назари Шумо чӣ бояд кард?

-Роҳбарони вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бояд тамоми олимон ва мутахассисони соҳаро ҷамъ карда ва аз онҳо хоҳиш кунанд, ки барои беҳбуди вазъияти соҳаи тиб барномае таҳия кунанд. Аввалин коре, ки вазорат бояд ба он таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир кунад, тайёр кардани мутахассисон барои ҳифзи саломатии модарону кӯдакон, яъне акушер ва гинекологҳо, аст. Ман медонам, ки ҳоло дар бисёр ноҳияҳо чунин мутахассисон аслан нестанд. Бояд духтурони бемориҳои занона на танҳо дар Душанбе, балки дар ҳар як ноҳия кор кунанд. Дар марказҳои вилоятҳо коллеҷҳои тиббӣ таъсис дода ва пизишкони ботаҷрибаро ба унвони муаллим дар он ҷойҳо ба кор бояд ҷалб кард.

– Аммо оё беҳтар нест, ки сатҳи огоҳӣ ва маърифати занҳои тоҷик боло бардошта шавад?

-Албатта! Соли 1991 як гурӯҳи 10 -12 нафараи занони эронӣ ба ҷумҳурии мо омада буданд. Онҳо дар хиёбонҳо занони кӯчарӯби тоҷикро дида, аз ман суол мекарданд: «Хонум, чаро ҳукумати Шумо иҷоза медиҳад, ки аз хонумҳо барои тоза кардани кӯчаҳо ва хиёбонҳо истифода баранд? Ин магар шаъни занҳои тоҷикро паст намекунад?» Ман чанд соли охир дар Эрон зиндагӣ кардам ва дидам, ки ягон зани эронӣ хиёбон намерӯбад. Ҳамин гуна як таваҷҷӯҳ аз тарафи роҳбарони ҷумҳурӣ ба занони тоҷик ҳам зарур аст. Аз тарафи дигар, бояд занон барои боло бурдани сатҳи маърифату дониши худ пайваста кӯшиш кунанд. Аз модари огоҳу босавод ҳатман фарзандони солеҳу бомаърифат ба дунё меоянд.

– Саъдинисо Ҳафизовна, дар мавриди духтари Шумо Дилбар Ҳакимова, ки пианонавози хеле шинохта ҳаст ва ҳоло дар Эрон кору зиндагӣ мекунанд, шунидаам….

-Дилбар, фарзанди дуввуми ман аст. Вай дар мактаби миёна барои бачаҳои соҳибистеъдод дар Маскав таҳсил кард ва дар ҳамон ҷо ба консерваторияи ба номи Чайковский дохил шуд. Баъди хатми консерватория ду сол дар аспирантура таҳсили худро идома дод. То моҳи октябри соли 1995 аввал дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фортепиано дарс медод, баъд аз донишкада рафт ва дар кабинети методии санъат ба кор пардохт ва сипас аз он ҷо ба театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ омад. Баъд аз оғози ҷанги дохилӣ Дилбар ба Ашқобод ва аз он ҷо ба Эрон рафт. Дар Эрон вай бисёр обрӯи баланд дорад, эрониҳо ба ӯ эҳтироми зиёд қойил ҳастанд. Узви ҳайати илмӣ ва устоди Донишгоҳ аст. Як чанд сабтҳои навор ва СД дорад, чанд китоби фортепиано барои бачаҳо таълиф кардааст.

– Фарзанди аввалинатон кист?

-Фарзанди бузурги ман Сайидҳаким Икромов аст. Вақте ки аз Тоҷикистон барои таҳсил дар аспирантура ба Маскав рафтам, ӯ се сол дошт. Сайидҳаким дар Маскав боқӣ монд. Ба донишгоҳ дохил шуд. Ҳоло профессори кафедраи математикаи компютерии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов аст. Олими бисёр машҳур мебошад ва китобҳои зиёд навиштааст. Ҳар сол як бор ба Олмон рафта ду моҳкор мекунад, се моҳдар Канада кор мекунад, ду бор ӯро ба Амрико даъват карданд. Аммо дар Душанбе ҳеҷ касе намедонад, ки як тоҷик ҳамин қадар обрӯю эътиборро бо донишу қувваи худаш соҳиб шудааст.

– Дар мавриди шавҳари худ Шумо метавонед иттилоъ бидиҳед?

-Шавҳари ман Ҳикмат Юлдошев меъмори шинохта буданд ва дар даҳаи 1950 чанд сол раисии раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистонро бар ӯҳда доштанд. Баъд раҳбарони ҷумҳурӣ ӯро аз Тоҷикистон ронданд. Соли 1980 вай дар шаҳри Тошканд вафот кард.

– Миллати он кас тоҷик буд ё узбек?

-Аслан аз тоҷикони Самарқанд буданд ва Тоҷикистону тоҷиконро зиёд дӯст медоштанд. Он кас муаллифи лоиҳаи Қасри Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст ва наққошиҳои ин кох низ маҳсули ҳунари шавҳарам мебошад. Соли 1957 дар бораи осори меъмории Тоҷикистон албоме таҳия ва чоп карда буд, ки он ахиран дар Эрон бо номи «Нақшу нигори меъмории Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» дубора ба нашр расид.

– Шумо дар давраи роҳбарии Ҷаббор Расулов, Турсунбой Улҷабоев, Раҳмон Набиев ва Қаҳҳор Маҳкамов фаъолият доштед, бароятон бо кадоме, аз ин афрод кор кардан нисбатан осонтар буд?

-Дар солҳое, ки Ҷаббор Расулов ва Абдулаҳад Қаҳҳоров роҳбарияти ҷумҳуриро бар ӯҳда доштанд, бароям давраи бисёр тиллоӣ буд. Вақте ки аз докторантура, аз Маскав ба Душанбе баргаштам, дар ҷумҳурӣ се таваллудхона вуҷуд дошт, аз ҷумла ду зоишгоҳ дар шаҳри Душанбе воқеъ буд. Маҳз дар давраи фаъолияти ин роҳбарон дар тамоми ҷумҳурӣ таваллудхонаҳои нав бунёд кардем, барои занону модарон машваратхонаҳо фаъол шуданд.

Ман ба ҳуҷраи кории Ҷаббор Расулов ва Абдулаҳад Қаҳҳоров рафта гиря мекардам, аз онҳо мехостам, ки ба ноҳияҳои пахтакор рафта, аҳволи занонро бубинанд, ки чӣ тавр онҳо бе хӯрок аз пагоҳӣ то шом дар саҳро кор мекунанд. Ҳамаашон касалии камхунӣ доранд, бархе аз онҳо дар вақти таваллуди тифл нобуд мешаванд. Аз онҳо ёриву мадад мепурсидам ва онҳо то қадри имкон дасти кӯмак дароз мекарданд.

Иван Дедов рӯзе ба ман нақл кард, ки дар давраи раҳбарии Ҷаббор Расулов дар ҳуҷраи кории ӯ ҳамроҳи як масъули КМ ҲКИШ нишаста будаанд, ки Иван Саженин, вазири вақти тандурустии ҷумҳурӣ, ворид шуда ва дар бораи ман ба сухан гуфтан оғоз кардааст. Ҷаббор Расулов ангушти худро ба сӯи вазири тандурустӣ нишон дода ва гуфтаанд: «Иван, дар бораи Ҳакимова гапи зиёд назан ва ба ӯ кордор нашав. Агар ба Ҳакимова кордор шавӣ, мо худамон бо ту гап мезанем. Ҳакимова дар назди халқ ва ватани худ хизматҳои бисёр шоиста кардааст. Афсус ки Ҳакимова танҳо аст, агар панҷто Ҳакимова медоштем, барои мо хеле осонтар мешуд.»

Ин гапҳоро ман аз забони Дедов шунидам. Лекин худи Иван Саженин ҳам як бор гуфта буд, ки «Ҷаббор Расулов ба ман гуфта буд, ки ба Ҳакимова кордор нашав, вай барои халқ хизматҳои шоён кардааст.»

Дар давраи роҳбарии Қаҳҳор Маҳкамов низ таваҷҷӯҳ барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум ва рушди муассисаҳои тиббӣ зиёд шуд.

Ҳамин тавр ин роҳбарон аз ман ҳимоя мекарданд. Аммо барои худ аз роҳбарон чизе хоҳиш накардаам.

Мусоҳиб Суҳроби Зиё

Нашрияи «Ҷумҳурият», №104(21160) Шанбе, 26 августи соли 2006

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button