ВидеоИқтисодЧеҳраҳоҶомеа

СОҲИБКОРИ ШИНОХТА МАҲМУДҶОН МУРОДОВ БОЗ БА ДУ ОИЛАИ МАЪЮБОН ДАР ДУШАНБЕ ХОНА ТУҲФА КАРД (8 АКС)

Соҳибкори шинохта Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил» ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар маркази шаҳри Душанбе дар як бинои воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода, 10 манзилҳои дуҳуҷрагӣ туҳфа кардааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки манзилҳои туҳфашуда ба ин ду оилаи маъюбон бо тамоми шароити замонавӣ, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин гардида, Маҳмудҷон Муродов ба фарзандони ин ду оила сару либос  низ тақдим кардааст.

Маҳмудҷон Муродов, ки роҳбарии яке аз бузургтарин ширкатҳои сохтмониро дар Душанбе дар даст дорад, қаблан низ  дар чунин амалҳои хайр саҳм мегузошт. Аз ҷумла моҳи майи соли ҷорӣ, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ӯ  ба се нафар аз оилаҳои ятиму маъюб дар бинои замонавии навбунёд дар кӯчаи Айнӣ 50/51-и пойтахт хонаҳои барҳаво бо тамоми шароиташ туҳфа карда буд.  Маҳмудҷон Муродов бо ин амри хайр дар ин рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон гуфт, ки мехост ба мардуми муҳтоҷ нишон бидиҳад, ки онҳо дар зиндагӣ танҳову бепарастор нестанд. Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебунисо Акрам ашки шодӣ дар чашм ба ин соҳибкор барои ин амали хайраш изҳори сипос карда, барояш даст ба дуои нек кушоданд. Раъно Раҳимова, барои мисол, 4 фарзанд дорад, ки се фарзандаш маъюб буда, ӯ имкони харидани хонаро аслан надошт.

Бино ба иттилои “Ховар”, Маҳмудҷон Муродов ҳамин тавр Хонаи кӯдакони  пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифтааст. Ӯ ҳамчунин  ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар,  биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонидааст.

Аксҳо аз хабаргузории “Ховар”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button