ВидеоТоҷикистонҶомеа

РУСИЯ БА ЯК НАВРАСИ ТОҶИК БАРОИ НАҶОТИ ДУ ДУХТАР ҶОИЗА ДОД (ВИДЕО)

Каримҷон Вализода, як хонандаи  мактаби миёна аз Тоҷикистонро бо нишони сарисинагии «Горячее сердце» («Қалби оташин»)-и Бунёди ташаббусҳои иҷтимоиву фарҳангии Русия қадрдонӣ кардаанд. Маросими супурдани ин ҷоиза рӯзи 24 декабр дар Маркази илму фарҳанги агентии «Россотрудничество» дар Душанбе доир шудааст.

Каримҷон Вализода рӯзи 11 августи соли 2019, дар рӯзе ки дар Тоҷикистон иди Қурбон таҷлил мешуд, ду хоҳари хурдсол – Мавзунаи 8-сола ва Фотимаи 6-соларо аз ғарқшавӣ дар дарёи Вахш наҷот дод. Мавзуна ва Фотима, сокинони деҳаи Занҷирободи ноҳияи Вахш, он рӯз барои идгардак ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Онҳо ба хотири кӯтоҳ кардани роҳ дарёро тавассути лӯлаи обе, ки аксари сокинон барои убур аз дарё аз он истифода мешаванд, убур карданӣ шудаанд, вале дар байни лӯла мувозинатро гум карда, ҳарду ба об афтиданд.

Каримҷон Вализода ба об афтидани кӯдакони хурдсолро дида, худро гум накард ва барои наҷоти онҳо худро ба дарё андохт.

Ӯ дар маросими дарёфти ҷоизаи «Қалби оташин» ба хабарнигори ТВ «Мир 24» гуфт: «Вақте ба наҷоташон шитофтам, худро гум накардам. Ман танҳо вақте тарсидам, ки ҳарду кӯдакро аз об баровардам. Яке аз онҳо аз ҳуш рафта буд ва ба назари ман чунин намуд, ки шояд мурда бошад. Ман ӯро ба шикам хобонда, сари зону истодам ва пушташро зер кардан гирифтам. Баъди чанде аз даҳони духтар об рехт ва ӯ ба худ омад.»

Баъди он ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ Каримҷон Вализодаро бо ҷоизаи ҷасорат қадрдонӣ карда буд.

Мақомоти ноҳияи Вахш гуфта буданд, ки агар Каримҷон Вализода, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 21 намебуд, кӯдакон ҷон мебохтанд. Худи Каримҷон Вализода, як сол пеш вақте ҷоизааш доданд,  ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ танҳо масъулияти шаҳрвандии худро иҷро кардааст, аммо аз ин қадрдонӣ хушҳол аст ва дар оянда низ ба мушкили дигарон бефарқ нахоҳад буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button