Хабарҳои кӯтоҳ

ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки бар асоси сабти видеоии пурсарусадои занозанӣ дар кӯчаи Борбад нисбат ба ду нафар  – Давлатов Сунатулло, сокини 22-солаи ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ  ва Иброҳимов Бахтиёр, сокини 18-солаи кӯчаи Нахимови пойтахт бар асоси моддаи 237-уми Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз кардаанд. РВКД гуфт, Давлатов соати сеюними шаби 15 декабр дар кӯчаи Борбад бо сокини 27-солаи Душанбе Расулова Сабоҳат ҷанҷол карда, ҳамроҳи Иброҳимов Таваралӣ Раҷабов ном сокини 23-солаи ноҳияи Ш.Шоҳинро, ки мехост онҳоро халос кунад, шадидан латтукӯб кардаанд.

Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, ҷиҳати боздошт ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани як гурӯҳ ҷавонон, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдасӣ байни ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ намуда, сабабу омилҳои сар задании авбошии мазкур муайян ва нафарони гумонбар дастгир карда шуданд. Бояд гуфт, ки навори муноқишаи мазкур дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ нашр гардида, мавриди вокуниши шадиди шаҳрвандон қарор гирифтааст.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои оперативию тафтишотӣ муайян карда шуд, ки санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ тақрибан соати 03:30 дақиқа шаҳрвандон:
Давлатов Сунатулло Саидбекович санаи таваллудаш 15. 01. 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати Чимтеппа деҳаи Сомон;

бо ҳамроҳии шаҳрванд Расулова Сабоҳат санаи таваллудаш 01. 07. 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар дағалона рафтор намуда, якдигарро дашномҳои қабеҳ намудаанд.

Муноқишаи лафзии онҳоро дида, шаҳрванд Раҷабов Таваралӣ санаи таваллудаш 27.07.1997, зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Пистамазор мехоҳад аз ҳамдигар раҳо созад.

Дар ин замон шаҳрванд Сунатулло Давлатов бо ҳамроҳии шаҳрванд, Иброҳимов Бахтиёр Зоирович, санаи таваллудаш 17. 03. 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нахимов, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо шаҳрванд Раҷабов Таваралӣ дарафтода, ӯро маврии латукӯб қарор додаанд, ки ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов Сунатулло ва Иброҳимов Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button