ВидеоТоҷикистонҲодиса

ИСТЕЪДОДИ НОДИРИ ДУ БАРОДАРИ ХУРДСОЛ АЗ КУШОНИЁН (ВИДЕО)

Абдуллову Иброҳим, ду бародар, ки дар синфи дуюми мактаби миёнаи №70-и ноҳияи Кушониён, ахиран дар як олимпиадаи арифметикаи зеҳнӣ сазовори ҷойҳои аввал шуданд.  Абдулло соҳиби шоҳҷоиза шуд ва Иброҳим ҷои якумро ба даст овард.

Иброҳим ва Абдулло истеъдоди фавқулоддае дошта, бо ангуштони ду даст метавонанд якбора чанд рақамро ҷамъу тарҳ ва зарбу тақсим кунанд. Онҳо ин корро метавонанд ҳатто ҳангоми иҷрои ҳамзамон, барои мисол, вақти қироати шеър низ ба роҳатӣ анҷом диҳанд. Падарашон Муқим Шамсиев, ки худ омӯзгори фанни технологияҳои иттилоотист, ба Абдуллову Иброҳим илми арифметикаро бо усули зеҳние дарс медиҳад, ки ҷопониҳо ҳанӯз дар асри 16 кашф кардаанд. Муқим Шамсиев мегӯяд, чунин усули таълим ба кӯдакон имкон медиҳад, ки бидуни истифодаи калкулятор дар майнаашон ваё бо истифода аз дастгоҳи махсуси соробано (ё абакус) ҳамаи 4 амали арифметикаро анҷом диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button