ВарзишМуҳоҷирон

ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК МАСРУР ҚИЁМИДДИНОВ АЗ «ДИНАМО» (МИНСК) РАФТ

Нимҳимоятгари 18-солаи зодаи Тоҷикистон Масрур Қиёмидинов, ки дар тимҳо миллии наврасони Беларус ва Русия бозӣ мекард, бошгоҳи машҳури «Динамо» (Минск)-ро тарк кардааст. Дар ин бора рӯзи 25 декабр дар саҳифааш дар шабакаи «Вконтакте» Академияи бошгоҳи «Динамо» (Минск) хабар дод.

Бошгоҳи “Динамо” (Минск) дастпарварашро бо чунин суханони гарм хайрбод гуфт: «Масрур Қиёмидинов, дастпарвари Академияи “Динамо-Минск”, чемпиони секаратаи Беларус дар ҳайъати #Динамо2002,  ҳамчунин чемпиони дукаратаи мусобиқати дастаҳои дублёрони Беларус бошгоҳи моро баъди анҷоми замони қарордодаш тарк мекунад. Мо ба Масрур барои солҳои ҳунарнамоияш дар “Динамо”-и Минск изҳори сипос мекунем ва ба ӯ комёбӣ, нирӯ ва фақат пирӯзӣ ва ҳамеша ҳаракат ба сӯи пешро орзу мекунем! Сипос!»

Дар бораи ин ки Масрур Қиёмиддинов ба кадом бошгоҳи дигар мегузарад?, ҳанӯз хабаре нашр нашудааст. Моҳи марти соли гузашта дастаи машҳури ЦСКА (Маскав) ба футболбози навраси тоҷик таваҷҷуҳ нишон дода, ӯро барои озмоиш даъват карда буд.

Нимҳимоятгари 18-сола Масрур Қиёмиддинов дар ҳайъати дастаи дуюм (дублёрон)-и «Динамо» (Минск) ҳунарнамоӣ мекард. Ӯ 21 январи соли 2002 дар Душанбе ба дунё омада, дар синни 14 ба Академияи «Динамо» (Минск) даъват шуд.
Бино ба иттилои сомонаи варзишии «Прессбол», Масрур Қиёмиддинов соли 2017 таҳти мураббигии Михаил Мархел дар ҳайъати тими миллии футболбозони соли таваллудашон 2002-и Беларус ҳунарнамоӣ кард, вале аз соли 2018 дар ҳайъати тими наврасони Русия бозӣ мекард.

Академия Динамо-Минск

👏 Масрур Киемидинов, воспитанник Академии “Динамо-Минск”, трехкратный чемпион Беларуси в составе #Динамо2002, а также двукратный чемпион первенства дублеров Беларуси покидает наш клуб по истечению срока действия контракта.

✊ Мы благодарим Масрура за годы работы в минском “Динамо”, желаем удачи, сил, только побед и всегда двигаться вперёд!

🙏 Спасибо!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button