Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ КЕЛИНИ ХОНАДОН БАРОИ ДУЗДИИ 40 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ САНДУҚИ ХУСУР

Як келини 22-сола дар ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ бо гумони дар се маврид дуздидани 40 ҳазор сомонӣ аз сандуқи хусураш боздошт шудааст. ВКД гуфт, келини хонадон пасандози оиларо барои худаш сарф кардааст.

Рӯзи 25 декабр, соати 15:40 як кӯдаки 8-сола дар кӯчаи Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров зери чархи мошини “Дамас” ҷон додааст. Ронанда аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Сокини 29-солаи шаҳраки Меҳробод, маркази ноҳияи Ҷ.Расулов шаби 15 декабр, соати 23:20 дар ҳолати мастӣ дар назди ошхонаи “Шифо” як марди 42-соларо латтукӯб кардааст.

Як сокини 29-солаи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 25 декабр аз Маркази савдои “Осиё” як термекс ва фаршҳои гармидиҳиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 26 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Келини хонадон ба дуздии 40 000 сомонӣ гумонбар дониста мешавад

Зан-модар ҳамеша чун рамзи покӣ ва мушфиқу меҳрубон шинохта шуда, чароғи хонадон ба шумор рафта, роҳнамову ҳидоятгар аст.
Мутаассифона, баъзе аз занону духтарон қадру эҳтироми худро назди ҷомеа паст карда, даст ба ҷинояткорӣ мезананд, ки бисёр нигаронкунанда аст.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ зимни пешбурди корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур Мирзоев И. оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулияш, як нафар зан, сокини ноҳияи мазкурро дастгир намуданд.
Муайян карда шуд, ки Ноилаи Тағоймурод, келини хонадон, дар ҷинояти дуздии маблағҳои пулӣ ба миқдори 40 000 сомонӣ аз хонаи падаршавҳараш даст дорад.
Гумонбаршаванда аз фурсати ба худ муносиб, аз набудани хусуру хушдоманаш истифода намуда, вориди манзили истиқоматии онҳо мегардад ва аз дохили сандуқчаи чӯбин, дар се маврид 40 000 сомонии пасандози оиларо тасарруф менамояд.
Номбурда маблағҳои тасарруфнамудаашро ба манфиати шахсияш сарф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба Мирзоев И. зарари ҷиддӣ расонидааст.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ноилаи Тағаймурод, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Озодагон, бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ноболиғи хурдсол зери чархи автомашинаи «Дамас»

Рӯзи 25-уми декабри соли 2020, тахминан соати 15:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дамас», Каримхӯҷаев Ғафурҷон Ҳасанҷонович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан дар назди мағозаи «Шоирабону», воқеъ дар кӯчаи Ёваи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Расулов Ҷаъфарбек Рустамбекович, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти Ёваро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Боздошти марди 29-сола бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 15-уми декабри соли 2020, тахминан соати 23:20-дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар назди ошхонаи «Шифо», воқеъ дар кӯчаи И.Нурматови ҷамоати шаҳраки Меҳробод, бо марди 42-солаи сокини ҷамоати шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасту пояш ба сару рӯяш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 25-уми декабри соли 2020, тахминан соати 13:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз Маркази савдои «Осиё»-и пойтахт, 1-адад дастгоҳи обгармкунак (термекс)-и 100-литра ва фаршҳои гармидиҳиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 20, 24 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Фархор ва шаҳри Душанбе ки, пеш якеашон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 23-юми декабри соли 2020, тахминан соати 14:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хазинаи нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор даромада, аз он ҷо 3 ҳазору 385 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button