ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

ПАНҶ: АНДОЗБАНДИИ ҲОСИЛИ ПАХТАИ ДАР РӮИ ҚОҒАЗ (5 АКС)

Чанд рӯз боз даҳҳо сокини норозӣ дар ноҳияи Панҷ бо шикоят дар назди дари нозироти андози ин ноҳияи вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ҷамъ мешаванд.

Ин сокинон танҳо баъди аз онҳо талаби супурдани андоз кардани кормандони нозироти андоз хабар ёфтаанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба хотири иҷрои нақшаи солона тавассути хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаи пахтаи ҶДММ “Зам-Зам”  ба номи ҳар кадоми онҳо аз 500 кило то 4 тонна пахта навиштаанд. Бархеи ин сокинон имсол дар заминҳои худ аслан пахта накиштаанд ва бархеи дигар мегӯянд, ҳосили пахтаи худро ҳанӯз насупурдаанд ва ҳосилашон низ баробари он рақаме нест, ки мақомот дар ҳисоботи худ навиштаанд ва ҳоло мақомоти андоз бар асоси ин ҳосиле, ки фақат дар рӯи қоғаз вуҷуд дорад, аз онҳо талаби супурдани андоз доранд.

Дар нозироти андоз ба деҳқонон гуфтаанд, ки бар асоси санадҳое, ки дастрас кардаанд, онҳо бояд барои ҳар тоннаи пахтае, ки ба номашон навишта шудааст, 225 сомонӣ андоз супоранд.

“Як тонна бошад – 225 сомонӣ, 2 тонна – 450 сомонӣ ва агар 4 тонна ба номи шумо навишта шуда бошад, бояд 900 сомонӣ андоз супоред. Танҳо аз ҷамоати Озодагон ба номи 1365 нафар аз 2 то 4 тонна “ПК” (ҳисоботи корхонаи пахта дар бораи супурдани ҳосили пахта – “Бомдод”) навиштаанд, ки гӯё ҷамъ оварда, ба корхонаи пахтаи “Зам-Зам” супурда бошанд. Аммо бисёриҳо имсол аслан пахта накорида буданд. Ман худам дар 30 сотих замин пахта коридам ва ба номам 2 тонна пахта навиштаанд. Ҳол онки 2 тонна пахтаро ҳатто аз як гектар чидан амри маҳол аст. Аз 30 сотих замин ҳадди аксар ягон ним тонна ҳосили пахта метавон ҷамъ овард, вале 2 тонна – ба ҳеҷ сурат не”, – гуфт дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз сокинони норозии ҷамоати Озодагон.

Дар ширкати “Зам-Зам” ба сокинони норозӣ гуфтаанд, ки бо амри раисони ҷамоатҳо ба номи ҳар нафаре, ки хоҷагии деҳқонӣ дорад, пахта навиштаанд. Масъулони ҷамоати Озодагон ба шикоятҳои сокинон то ҳол ягон шарҳ надодаанд, вале мақомоти андоз исрор меварзанд, ки азбаски дар санадҳо чунин миқдори ҳосили пахта ба номашон навишта шудааст, бояд андози онро супоранд.

“Дар воқеъ, як ҳолати мисли мазҳака аст ин ҳолат. Мақомоти ноҳия бо чунин омори бардурӯғ ба боло ҳисобот додаанд, ки гӯё дар ноҳияи Панҷ ҳосили баланди пахта ба даст оварданду нақшаро иҷро карданд. Вале дар асл ин ба чашми ҳукумат хок пошидан аст. Чӣ гуна метавон дар бораи ҳосиле, ки супурда нашудааст ба ягон корхонаи пахта ва пахтае, ки нест, ҳисобот дод? Оё мо бо чунин хокпошиҳо аз куҷо метавонем пешрафти иқтисоди кишварро таъмин кунем? Бо пахтае, ки фақат дар рӯи қоғаз аст?” – мепурсанд сокинони Панҷ.

Ахиран соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ноҳияи Вахш низ шикоят карда буданд, ки  мақомот онҳоро маҷбур доранд, ки аз корхонаҳои пахтакоркунӣ  дар бораи гӯё супурдани пахта “ПК” бигиранд. Корхонаҳои пахтаи Вахш, ба гуфтаи деҳқонон, барои ҳар чунин “ПК”-и дурӯғин 180 сомонӣ пул талаб мекунанд. Хоҷагиҳои деҳқонии Вахшро муваззаф кардаанд, ки ҳатто агар пахта накишта бошанд, чунин ҳуҷҷат бигиранд ва ба мақомот бисупоранд, то онҳо  битавонанд дар бораи иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ ба боло ҳисобот диҳанд.

Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ солона то 900 ҳазор тонна пахта ҷамъ меовард. Ҳоло нақшаи солонаи пахта ҳудуди 300 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале ноҳияҳои пахтакор дар иҷрои ин нақша низ мушкилӣ мекашанд. Бисёре аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сабаби нархи паст ва фоидаи ночизаш намехоҳанд пахта бикоранд, вале мақомот бо мақсади иҷрои нақша деҳқононро ба пахтакорӣ маҷбур мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button