ФарҳангЧеҳраҳо

НОБОВАР ЧАНОРОВ 50-СОЛА ШУД! (ВИДЕО)

Нобовар Чаноров, овозхони гуруҳи овозадори “Шамс” рӯзи 25 декабр ба синни мубораки 50 расид!

Нобовар Чаноров 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳоло – Нуробод) ба дунё омада, дар зодгоҳи волидонаш – рустои Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба воя расидааст.  Нобовар мактаби №6-и Деҳрӯшон ва риштаи актёриву коргардонии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст.

Ӯ соли 2000 гуруҳи “Шамс”-ро таъсис дод, ки яке аз машҳуртарин гуруҳҳои эстрадаи тоҷик ба шумор меравад.  Ин гуруҳ асосан таронаҳои мардумиро дар қолаби эстрада иҷро мекунад.

Раҷаби Мирзо гуруҳи “Шамс”-ро “Битлз”-и тоҷикон ном бурда, навиштааст, “ин гурӯҳро Далер Назаров ҳамин гуна номгузорӣ кардааст ва албатта бо ҳадафҳои хос. Зеро миёнаи солҳои 70 гуруҳе бо ҳамин ном фаъолият дошту дар он худи Далер, Иқбол Завқибеков, Тоҳир Паллаев фаъолият доштанд ва аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор буданд.

“Шамс” -и нав ҳам чунин шуд. Зеро ҳафт нафаре, ки дар ин гурӯҳ кор мекунанд, аз беҳтаринҳои бахши худанд. Дар пешашон мақсад гузошта буданд, ки сурудҳои мардумиро бо эстрада пайванд медиҳанд. Ин барояшон муваффақияти зиёд овард. Хоса ба Нобовар. Маҳбубияти ҳамагонӣ дорад. Дар ҳама маҳаллу минтақаҳои Тоҷикистон мухлисонаш ҳастанд.

Таронаи “Ба лолазор”-и Нобовар Чаноров соли 2017 сазовори ҷоизаи Tamoshow Music Awards – 2017″ шуд. Дар тақрибан ҳар озмуни таронаҳои эстрадӣ Нобовар Чаноров ва гуруҳи “Шамс” ҳатман бо ягон шоҳкори худ ҷоиза ба даст меоранд.

“Ба лолазор”, “Ту гули лола”, “Бачагиям бекасу танҳо гузашт”, “Миҷгонсиёҳ” ва чандин тарона ба забонҳои Бадахшон аз ҷумлаи таронаҳои мондагорест, ки Нобовар ва гуруҳи “Шамс” иҷро кардаанд.

Нобовар Чаноров бо вуҷуди шуҳрату маҳбубияте, ки дорад, аз овозхонҳоест, ки ҳеҷ гоҳ ба ин шуҳраташ дода нашуд ва ҳамеша ҳамчун як инсони хоксор, самимӣ, хушсуҳбат ва ба хосу ом як боқӣ монд. Зодрӯз муборак, Нобовари азиз!

Rajab Mirzo 

50 СОЛАГИИ ОВОЗХОНИ ХУБАМОН – НОБОВАР ЧАНОРОВ МУБОРАК!

Гурӯҳи “Шамс” -и ӯро баъзан “Битлзи тоҷикон” ҳам меноманд. Ин гурӯҳро Далер Назаров ҳамин гуна номгузорӣ кардааст ва албатта бо ҳадафҳои хос. Зеро миёнаи солҳои 70 гуруҳе бо ҳамин ном фаъолият дошту дар он худи Далер, Иқбол Завқибеков, Тоҳир Паллаев фаъолият доштанд ва аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор буданд.

“Шамс” -и нав ҳам чунин шуд. Зеро ҳафт нафаре, ки дар ин гурӯҳ кор мекунанд, аз беҳтаринҳои бахши худанд. Дар пешашон мақсад гузошта буданд, ки сурудҳои мардумиро бо эстрада пайванд медиҳанд. Ин барояшон муваффақияти зиёд овард. Хоса ба Нобовар. Маҳбубияти ҳамагонӣ дорад. Дар ҳама маҳаллу минтақаҳои Тоҷикистон мухлисонаш ҳастанд. Худаш ҳам як нафари миллист.

Аз ин ҷост, ки бовар дорам, дар ҷашни нимасраи умраш аз тамоми манотиқи Тоҷикистон хоҳем шунид:

УМРАТ ДАРОЗ, ОВОЗАТ ХАСТА МАБОД, НОБОВАР!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button