ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ КҲФ: РӮЗҲОИ ПУРБОРИШУ САРД ДАР ПЕШАНД!

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои шадиду резиши барфи тар (дар минтақаҳои кӯҳии баландтар аз 1200 метр барф) пешбинӣ шуда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ  яхбандӣ, лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин робита аз сокинон хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Аз ронандагон низ хоста шудааст, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд. Ба сокинон ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки ҳамеша телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, доруҳои худро нав кунанд ва таҷҳизоти равшанидиҳандаи иловагӣ харанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Рӯзҳои пурборишу сард дар пешанд!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои шадиду резиши барфи тар (дар минтақаҳои кӯҳии баландтар аз 1200 метр барф) пешбинӣ шуда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ  яхбандӣ, лағзиши тарма ва резиши санг таҳдид мекунад.

Барои таъмини амнияти ронандагон дар роҳи автомобилгард ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, қитъаҳои гуногуни роҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Хоруғ аз ҷониби наҷотдиҳандагони гурӯҳҳои вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам назорат карда мешаванд. Ин чораҳо ҳангоми хатари садамаҳои нақлиётӣ бар асари лағзиши тарма заруранд.

Кумита ба сокинони минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикорро маҳдуд кунанд. Инчунин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки ҳамеша   телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, доруҳои дорухонаи шахсии худро нав кунанд,  системаҳои равшанидиҳандаи иловагӣ харанд.

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, хусусан ҳангоми истифодаи роҳҳо ва ағбаҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ронандагон бо мошинҳои шишасиёҳ даъват мекунад, ки ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд созанд. Ронандагон  ҳама қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, то сабабгори садамаҳо дар роҳҳо нашаванд. 

Кумита ба одамоне, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, тавсия медиҳад, ки эҳтиёт кунанд ва ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ва ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо шаҳрвандон метавонанд аз тариқи телефонҳои зер аз Қисми навбатдории КҲФ ёрӣ хоҳанд:

112;

 93 880 28 19;

 221-91-19;

 223-13-11.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button