ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ 5 ГУМОНБАР БАРОИ ДУЗДИИ 613 ҲАЗОРУ 992 СОМОНӢ АЗ ШИРКАТИ “ХУБҶАМЪ”

5 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар дуздии ҳудуди 614 ҳазор сомонӣ аз сандуқи оҳанини ширкати “Хубҷамъ Инвест” дастгир шудаанд. ВКД гуфт, ин ҷиноятро сокини 36-солаи Душанбе Диловар Мирҷамолов, ки дар ширкати “Хубҷамъ” кор мекард, ташкил кардааст.

Моҳи октябр се нафари ниқобпӯш дар маҳаллаи Дарвози шаҳри Душанбе ба мудири ҶДММ «Оли Сомон» ҳамла карда, бо зӯрӣ аз дохили мошини ӯ 406 ҳазор доллар ва як миллиону 100 ҳазор рублро ба яғмо бурда буданд.

Се ҷавон дар Душанбе ба он гумонбар мешаванд, ки рӯзи 3 декабр дар кӯчаи Н.Махсум аз дасти як сокини ноҳияи Шаҳринав телефонашро ба зӯрӣ кашида гирифтаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Хатлон: Боздошти гурӯҳи дуздон дар шаҳри Бохтар

Ба кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар зимни бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муяссар гардид, ки панҷ нафар аз сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакиро, ки даст ба дуздии 613 ҳазору 992 сомонии филиали ҶДММ «Хубҷамъ Инвест», воқеъ дар шаҳри Бохтар задаанд, дастгир намоянд.
Ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Шоев Алишер, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Баротов Сафаралӣ соли таваллудаш 1995, Розиқов Муродалӣ соли таваллудаш 1987, Мирҷамолов Диловар, соли таваллудаш 1984 ва Ташрипов Идрис, соли таваллудаш 1999, ки сокинони шаҳри Душанбе мебошанд, содир намудаанд.
Зимни пурсиши гумонбаршудагон маълум шуд, ки Мирҷамолов Диловар, худ корманди ширкати мазкур буда, саркардаи ҷинояти дуздӣ аст . Бо маслиҳати пешакӣ, тариқи пинҳонӣ ба хотири тасарруф намудани маблағҳои пулии ширкат калиди сандуқчаи оҳанин (сейф)-ро ба ҳаммаслаконаш, ки чанд муддат нақшаи ҷинояти дуздии маблағҳоро кашида буданд, медиҳад.
Сипас барои амалӣ намудани ниятҳои ғаразнокашон, тибқи маслиҳати пешакӣ шаҳрвандон Шоев А. ва Баротов С.И. тариқи калиди дар даст доштаашон аз фурсати барояшон муносиб ва набудани атрофиён истифода намуда, ғайриқонунӣ вориди коргоҳи ширкат гашта, маблағҳои пулии ба ширкат тааллуқдоштаро, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.


Дар содир намудани ин ҷиноят Розиқов М. ва Ташрипов И. низ ба онҳо ҳамроҳӣ мекарданд.
Гумонбарон бо ин кирдори қасдонаашон ба ширкати ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд.

Баъд аз дастгир шудани нафарони гумонбар қисме аз маблағҳои рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Ба даст афтодани гумонбаршудагон гувоҳи он аст, ки парда аз рӯи ҳама гуна ҷиноят бардошта шуда, ҷинояткорон бе ҷазо намемонад.
Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Бохтар нисбати ин нафарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милития

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17 ва ҷавони 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон бо ҳамроҳии “Шерзод” ном шахс санаи 3-юми декабри соли 2020, тахминан соати 10:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанашон бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи ошкоро аз дасти ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳористони ноҳияи Шаҳринав, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-С»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки “Шерзод” ном шахс ҷавони 20-солаи сокини пойтахт буда, барои дастгир намудани ӯ чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button