Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистЧеҳраҳо

“АҶАЛИ КОРОНАВИРУС” АЗ РАШТ ҚОБИЛҶОН ГИЁЕВ: ЗАФАРЧА ВА ЧАНД ГЕНЕРАЛУ ВАЗИРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАМ (ВИДЕО)

Тибқи овозаҳо гӯё шумо баъди аз кор озод шудан, дар Душанбе ба табобати шахсони мансабдор машғул будед. Киҳоро табобат кардед? Ду се касро ном мебаред? Гуфта мешавад вазирону генералҳоро…

– Барои табиб фарқ надорад, ки бемораш мансабдор аст, камбағал ё бой. Мо қасами Ҳипократ ёд кардаем ва дар ҳама ҳолат бояд табобат намояд. Духтур бояд барои бемор меҳрубон бошад ва бо суханони хуб беморашро табобат кунад, новобаста аз мансабдор буданаш.

То ҳол чанд нафар беморонро бо ин усул табобат кардаед?

– Агар лозим бошад бо далелҳо ва бо расмҳо метавонам нишон диҳам.Беш аз 4 ҳазор беморро табобат кардаем. Аз ноҳияи Ховалинг сар карда то Данғара, Восеъ. Як маврид. Сардори шуъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Фархор, ки дастгоҳ нафаси сунъӣ медоданд. Вақти вориди Фархор шудем соати 1 рӯз буд ва доруро ба бадани он кас ворид намудем. Соати 4 бегоҳ бемор бе дастгоҳ худаш нафас мекашид.

Дар Душанбе ҳолати сароянда Зафар Аюбӣ ҳолаташ хеле бад буд ва баъди муроҷиати писараш, ман доруро ба бадани бемор ворид намудам, ки саломатияш хуб шуд.

Худатон барои табобати беморон ба шаҳру навоҳии кишвар мерафтед?

– Маро даъват мекарданд ва ман ба ягон нафар то имрӯз ҷавоби рад надодаам. Ва аз наздикони беморон то ҳол талаб накардаам, ки бароям як маблағи муайян бидиҳанд. Агар касе барои сӯзишвории роҳ ва истеъмоли хӯрок маблағ дода бошад гирифтам, вале аз ягон нафар маблағ талаб накардам.

Ҳоло куҷое расман кор мекунед?

– Ҳоло расман ҷое кор намекунам. Вале ҳамин рӯз, яъне 24 декабр ду нафар шахси воломақом барои кор пешниҳод доданд. Номҳояшонро намегӯям, вале онҳоро низ табобат кардаам.

Қаҳрамону қурбонии коронавирус: қиссаи сардухтури пешини Рашт, ки Зафар Аюбиро наҷот дод.

Мегӯяд Зафар Аюбиро ӯ наҷот дод, сардори идораи амнияти Фархорро низ ва чандин генералу вазирро ҳам.

Муаллиф: Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Қобилҷон Гиёев яке аз қаҳрамонҳои замони коронавирус дар Тоҷикистон аст. Қаҳрамоне, ки коркардҳояшро баъзеҳо таҳсин ва бархеҳо танқид мекунанд. Ӯ мегӯяд бештар аз 4 ҳазорро: аз шаҳрванди одӣ гирифта то генералҳову вазиронро аз коронавирус наҷот додааст.

Ӯ сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Рашт буд, ки дар оғози эътироф кардани вуҷуди бемории коронавирус дар Тоҷикистон як роҳи табобати ғайримаъмул, яъне истифода аз доруҳои байторӣ барои беморонро ба кор гирифт. Ин усулро ба табибони дигар низ тавсия дода буд.

Аммо ба далоиле, ки то ҳол худаш ҳам намедонад, дар авҷи беморӣ аз мақомаш барканор шуд. “Азия-Плюс” Гиёевро ба як суҳбати ихтисосӣ даъват кард. Қобилҷон мегӯяд, ҳарчанд ҳоло расман ҷойе кор намекунад, вале ҳанӯз ҳам ба муолиҷаву дармони гирифторони коронавирус машғул аст.

Гуфта мешуд, ки ӯ корро раҳо кардаву ба Душанбе барои табобати низомиёни баландрутбаву мансабдорони радаи боло омадааст. Оё ин рост аст? Ин ҳамаро мо аз ӯ пурсидем. Мусоҳибаро бубинеду бихонед.

Шумо аз табибоне будед, ки бо як усули муолиҷаи ғайримаъмули бемории коронавирус сари забонҳо шудед. Ин чӣ усуле буд?

– Малум аст, ки бемории коронвирус тамоми дунёро ба ташвиш оварда буд. Мушовараи ғайринавбатии Вазорати тандурусии кишва баргузор шуд ва дастурҳоро гирифта ба ноҳияи худ баргаштем. Даврае буд, ки мардуми ноҳияи Рашт ва мардуми Тоҷикистон ба ваҳму тарс афтида буд. Ҳамсабақонам, ки дар Итолиё ва Русия кор мекунанд ва бо онҳо робита дорам, тариқи ИМО ба ман ҷасадҳои онҳоеро мефиристоданд, ки аз ин беморӣ фавтида буданд. Медидам, ки дили фавтидагон калон ва пур аз хун гардидааст. Инчунин шушҳо низ пурхун шудаанд. Баъдан ба хотирам омад, ки ду сол пеш дар маҳалли зисти ман, дар ноҳияи Рашт пневмонияи бузҳо омада буд. Дар натиҷаи беморӣ дар як ҳафта 4 ҳазору 800 буз талаф шуда буд. Айнан, аз ин бузҳо низ дилу шушҳояшон калон шуда буду пур аз хун.

22 майи соли равон як корманди ҳукумати ноҳияи Рашт ба пойтахт сафар мекунад ва бо ҳарорати баланд бармегардад. Табобати беморро ман мекардам ва худам низ рӯзи 6-ум бемор шудам. Ҳолатам вазнин шуд ва 7 рӯз хӯрок низ истеъмол карда наметавонистам. Доруҳои беҳтаринро барои табобат пайдо кардам, аммо натиҷа надод. Як ҳамсабақам дар дорухонаи бойторӣ кор мекунад ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки як дору бароям биёр. Дар бораи дору маълумот гирифтам, чун клеткаҳои инсон ва ҳайвон ба ҳам монанданд. Доруро аввал зери пуст ва баъдан ба мушак равон кардам, ягон вокуниш надод. Ба ҳамин тартиб табобатро идома додам. Ҳис кардам, ки худамро хуб эҳсос мекунам ва дард умуман нест, шифо ёфтам.

Баъадан мудири шуъбаи сироятии беморхона, ки мустақиман бо беморони коронавирус сару кор дошт ба илтиҳоби шуш гирифтор шуд. Бо хоҳиши табиб доруро ба ӯ низ ворид намудем. Баъдан ба як бемори дигар, ки вазъаш хеле вазинин буду зери дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дошт сӯзандору бо усули худро гузарондем ва баъди се соат ҳолаташ хуб шуд. Баъди ду рӯз беморон ба 13 нафар расидан. Ҳолати 6 нафар вазнин буд ва боз онҳоро низ табобат кардем.

Таркиби доруе, ки истифода мебурдам аз пенсилин, стрептамитсин, гармон ва доруи беҳтарин стрептакиназа иборат мебошад. Чанд доруро бо ҳам омехта намуда, истифда карда истодаем.

Оё Шуморо маҳз барои ин усули табобат аз мақоми сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Рашт барканор карданд?

– Ростӣ, вазири тандурустӣ, муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода маро даъват карданд ва барои омӯзиши ин дору ба Хадамоти назорати ҷумҳуриявии тиббӣ равон намуданд ва маслиҳат доданд, ки ба чанд беморхона рафта аз ин дору гузаронед. Бо даъвати муҳтарам вазири ВКД ва дигарон ба шаҳри Душанбе омадам. Он вақт ноҳияи Рашт ором буд ва беморон набуданд. Вазири тандурустӣ супориш доданд, ки муовини аввалро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифа таъин намоянд. Баъдан то ҳол бароям номаълум, баъзеҳо аз болоям навиштанд ва аризаи озод намудан аз корро талаб намуданд. Аризаро навиштам ва то ҳол барои халқу давлат хизмат намуда истодаам.

Чаро маҳз барои табобати ин вирус доруи байториро интихоб кардед?

Чун ҳолати худам бад шуд ва тамоми доруҳое, ки дар суратҷаласаи Вазорат пешниҳод шуда буд истифода кардам, вале ҳолам бадтар шуд. Маҷбур шудам, чун ҳолатам хеле бад мешуд. Баъди истифодаи дору хуб шудам. Дар як мушовараи ғайринавбатии вазорати тандурустӣ, ки бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода доир гардид, айнан ҳамин масъала таъкид шуд, ки пневмонияи бузҳо будаст ва духутрҳоро даъват кард, ки имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон умед ба шумо дорад. Вақте пурсиданд, ки кӣ чӣ пешниҳоде дорад, истифода барад ва мо дастгрӣ мекунем. Ва ман ҳам ҳамин усули табобатро истифода кардам, ки беморон хуб шуданд.

Яъне усули табобатро аввал дар худатон таҷриба кардед?

– Бале, аввал дар худам таҷриба кардам ва баъдан дигар беморонро табобат намудам.

Аз куҷо медонистед, ки ин доруҳо таъсир мекунанд ва барои коронавирус мувофиқанд?

– Аслан ПенСтрепро пештар низ истифода мекарданд ва барои пневмония асосан гурӯҳи пенсилин ва стрептамитсинро истифода мекарданд. Вақте дастурамали доруро хондам, он ҷо ҳам навишта буд, ки барои бемори шуш, сирояти роҳҳои нафас, сирояти рӯдаҳо, артирит, буртселез ва дигар бемориҳои сироятӣ пешбинӣ шудааст.

Бубинед, бархе бар ин назаранд, ки ин доруҳое, ки шумо барои табобат истифода мекардед агар ба бемор шифо бахшад ба узви дигари бемор зарари ҷиддӣ мерасонад. Оё ин дуруст аст?

– Беморони зиёдро табобат кардам бо ин усул ва ягон таъсири манфӣ надодааст. Маълум аст, ки ҳама антибиотикҳо таъсир мерасонанд. Ва одамоне, ки шунавоияшон душвор аст ва ду се рӯз баъди истифодаи антибиотик шунавоии онҳо паст мешавад ва баъадан ба мисли пешта барқарор мешавад. Як бемор аз таҷрибаи худам. Ҳурматзода Сайдулло, ки дар беморхонаи Ибни Сино бистарӣ буд ва ҳолаташ бисёр бад буд. Бародарони бемор маро даъват намуданд, то доруи омодакардаи худро ба бемор гузаронам. Духтурон розигӣ надоданд, вале хешовандони бемор талаб карданад то сӯзандоруро гузаронем. Дар ҳафт рӯз бемор шифо ёфт ва аз беморхона рухсат шуд.

Ҳолатҳое шудааст, ки баъди табобат бо ин усул бемор фавтида бошад ё вазъияташ бадтар гардида бошад?

– Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки беморон вазъияташон аз ҳад зиёд вазнин шуда буд, ки чунин беморон дар бемористони Истиқлол ва беморхонаи маъмул ба 1 Советский буданд ва шуморашон чандон зиёд набуд. Наздикони беморон хоҳиш намуданд, ки табобат намоем. Вале, ин усули табобат зарари ҷиддӣ намерасонад.

Ин усули шуморо дар беморхонаҳои кишвар таҷриба карданд?

– Хуб, ман, ки зиёд мепурсам дар мавриди табобат. Дар беморхонаи вилояти Суғд шогирдон тайёр намудем, ки бо ин усул 500 нафарро табобат карданд ва шифо ёфтанд. Ин усули табобат дар суратҷаласаҳои клиникӣ нест ва иҷозати табобат надоданд. Вале вақте ҳолати бемор бад мешавад ба ҳамаи чиз ризо аст ва шифо низ меёбад. Ва то имрӯз ягон шикоят нашудааст. Дар Душанбе ҳолати сароянда Зафар Аюбӣ ҳолаташ хеле бад буд ва баъди муроҷиати писараш, ман доруро ба бадани бемор ворид намудам, ки саломатияш хуб шуд.

Муҳоҷирони тоҷик аз аз шаҳрҳои Русия ба ман занг мезаданд ва бо тавсияҳои ман доруро истифода мекараданд ва сиҳат мешуданд. Аз Қазоқистон ва ҳатто аз Фаронса тоҷикон занг зада пурсон мешуданд ва баъди истифодаи дору шифо ёфтанду дар ҳаққи ман дуо мекунанд.

Тибқи овозаҳо гӯё шумо баъди аз кор озод шудан, дар Душанбе ба табобати шахсони мансабдор машғул будед. Киҳоро табобат кардед? Ду се касро ном мебаред? Гуфта мешавад вазирону генералҳоро…

– Барои табиб фарқ надорад, ки бемораш мансабдор аст, камбағал ё бой. Мо қасами Ҳипократ ёд кардаем ва дар ҳама ҳолат бояд табобат намояд. Духтур бояд барои бемор меҳрубон бошад ва бо суханони хуб беморашро табобат кунад, новобаста аз мансабдор буданаш. Мо кадрҳои даврони истиқлолият ҳастем ва фарзандони Пешвои миллат ҳастем ва ба ватану миллат содиқона хизмат мекунем.

То ҳол чанд нафар беморонро бо ин усул табобат кардаед?

– Агар лозим бошад бо далелҳо ва бо расмҳо метавонам нишон диҳам.Беш аз 4 ҳазор беморро табобат кардаем. Аз ноҳияи Ховалинг сар карда то Данғара, Восеъ. Як маврид. Сардори шуъбаи амнияти миллӣ дар ноҳияи Фархор, ки дастгоҳ нафаси сунъӣ медоданд. Вақти вориди Фархор шудем соати 1 рӯз буд ва доруро ба бадани он кас ворид намудем. Соати 4 бегоҳ бемор бе дастгоҳ худаш нафас мекашид.

Худатон барои табобати беморон ба шаҳру навоҳии кишвар мерафтед?

– Маро даъват мекарданд ва ман ба ягон нафар то имрӯз ҷавоби рад надодаам. Ва аз наздикони беморон то ҳол талаб накардаам, ки бароям як маблағи муайян бидиҳанд. Агар касе барои сӯзишвории роҳ ва истеъмоли хӯрок маблағ дода бошад гирифтам, вале аз ягон нафар маблағ талаб накардам.

Ҳоло куҷое расман кор мекунед?

– Ҳоло расман ҷое кор намекунам. Вале ҳамин рӯз, яъне 24 декабр ду нафар шахси воломақом барои кор пешниҳод доданд. Номҳояшонро намегӯям, вале онҳоро низ табобат кардаам.

– Чӣ кор мекунед, яъне чӣ нақшаҳо доред?

Нақшаҳо зиёд аст. Ва орзу мекунам, ки ҳамин беморӣ зудтар нест гардад ва мардум осоишта зиндагӣ намоянд. Агар клиникаи шахсӣ низ боз кунем, ягона мақсади мо хизмат ба ватану халқ аст. Хизмат ба халқи худ шараф аст. Ман давлатҳои хориҷӣ зиёд сафар намудаам ва соли гузашта Молдова будам, дар клиникаи шаҳрӣ пешниҳоди кор доданд, вале рад кардам. Барои мо пулу мол лозим нест, танҳо хизмат ба халқ кофист.

Қобилҷон Гиёев

Маълумотномаи АП: Қобилҷон Гиёев, соли 1987 дар ноҳияи Рашт дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи тиббиро хатм намудааст. Аз соли 2010 фаъолияти кории худро ба ҳайси табиби дилпизишк дар беморхонаи марказии ноҳияи Рашт оғоз намудааст. Соли 2017 то 2020 сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Рашт кор кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button