Сабринаи Назрӣ, яке аз ситораҳои тоҷики пуртарафдортарин дар Инстаграм рӯзи 23 декабр ҷашни арӯсӣ дошт. Сабринаи Назрӣ ба нашрияи “Оила” гуфтааст, ки домод Абдулло ном дошта, соҳиби яке аз “Барбер-шоп”-ҳои машҳури Душанбест. Тӯйи арӯсии ин ҷуфт шоми 23 декабр дар тарабхонаи “Яккасарой”-и пойтахт баргузор шудааст.
“Ману Абдулло тақрибан 7- моҳ пеш бо ҳам ошно шудем. Шавҳари ояндаам хеле марди меҳрубон аст. Ӯ ба ман қавл дод, ки барои кору фаъолиятам монеъ нахоҳад шуд. Мо бо розигии волидонамон ба ҳам фотиҳа шудем ва тӯйи арӯсиамонро шоми 23-юми декабр дар яке аз тарабхонаҳои зеботарини кишварамон “Яккасарой” баргузор мешавад. Нақша дорем, ки моҳи асалро дар шаҳри Дубай гузаронем”, – хабар додааст Сабрина.
Сабринаи Назрӣ яке аз маъруфтарин чеҳраҳо дар сегменти тоҷикии Инстаграм дониста мешавад. Ба саҳифаи Сабринаи Назрӣ дар Инстаграм 644 ҳазор обуна шудаанд.
Аксбардор: Рустам Холов https://www.facebook.com/rustamkholovphotography