Минтақа ва ҷаҳон

ҶЕНГО ДАР ТОҶИКИСТОН ПИНҲОН ШУДААСТ? (ВИДЕО)

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев рӯзи 24 декабр дар нишасти хабариаш гуфт, ки мақомоти амниятӣ макони пинҳоншавии Қодирбек Досонов, мулаққаб ба Ҷенго, яке аз султонҳои олами ҷиноии Қирғизистонро муайян кардаанд. «Мо макони будубоши ӯро медонем. Ӯ дар кишвари ҳамсоя аст. Гоҳ дар Тоҷикистон асту гоҳ дар Ӯзбекистон. Ӯ ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. Мо ба зудӣ ӯро дастгир мекунем», – ваъда дод Тошиев.

Ҷенго ба он айбдор мешавад, ки ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва додгоҳҳо ошкоро дахолат мекард ва ба онҳо амр медод, ки чӣ қарор қабул кунанд.

Дар ин авохир дар Қирғизистон як идда аз роҳбарони олами ҷиноӣ боздошт шуданд.

Рӯзи 22 октябр Қамчибек Холбоевро, ки Амрико ҳамчун яке аз 7 наркобарони хатарноктарин ба рӯйхатти сиёҳ ворид карда буд, дар Бишкек дастгир карданд. Департаменти давлатии Амрико барои маълумоте, ки ба вайрон кардани механизмҳои молиявии Холбоев кумак кунад, як миллион доллар ҷоиза муқарррар карда буд. Вазорати молияи Амрико исми Холбоевро ба рӯйхатти сиёҳи 10 авторитети олами ҷиноӣ аз собиқ СССР шомил кардааст.

Рӯзи 20 ноябр дар фурудгоҳи “Манас” дар дохили ҳавопаймо Эрнис Мурзахметов, мулаққаб ба «Чач» («Чоч») дастгир шуд. Тошиев гуфт, «Чоч» муддати тӯлоние тамоми вилояти Ҷалолободро тарсонда мегашт.

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар нишасти хабариаш гуфт, мақомоти амнияти вилояти Ӯш ба зидди Қодирбек Досонов, маъруф бо лақаби Ҷенго парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Тошиев гуфт, дар замони ҳукумати қаблӣ Ҷенго ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва додгоҳҳо ошкоро дахолат мекард ва ба онҳо амр медод, ки чӣ қарор қабул кунанд. «Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад ба ҷои мубориза бо чунинҳо, баракс амри онҳоро бидуни чуну чаро иҷро мекарданд», – гуфт Тошиев.

Тошиев  афзуд, ки ахиран ду узви гуруҳи Ҷенго дар пайи боздошт дар маҳзари ом тавба карда, аз идомаи аъмоли ҷиноятиашон даст кашиданд. «Мо онҳоро сар додем. Вале агар боз ба аъмоли ҷиноӣ давом диҳанд, боздошт хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.

КДАМ чанде пеш Ҷенгоро таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. «Ӯ ҳоло дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Мо ба зудӣ ӯро дастгир мекунем. Мо макони будубоши ӯро медонем. Ӯ дар кишвари ҳамсоя аст. Гоҳ дар Тоҷикистон асту гоҳ дар Ӯзбекистон», – изҳор дошт Тошиев.

Қодирбек Досонов, мулаққаб ба Ҷенго, роҳбари яке аз гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноӣ дониста мешавад. Ӯ соли 2015 бо иттиҳоми қатли полковник Толқунбек Шоноев дар соли 2013 дастгир шуд, вале додгоҳи ноҳияи Қарасӯ соли 2017 ӯро аз зиндон озод кард.

Ҷенго бори дигар моҳи октябри соли 2019 дастгир шуд. Ронандаи ӯ ба амри кормандони милитсия итоат накард, бар илова, аз мошинашон пистолет ёфтанд. Аммо милитсия нисбат ба ронандаи Досонов танҳо протоколи маъмурӣ тартиб дод ва худро баъди «суҳбати профилактикӣ» ҷавоб дод.

Тошиев дар низасти хабариаш ҳамчунин аз як авторитети дигари олами ҷиноӣ бо номи Эрнис Мурзахметов, мулаққаб ба «Чач» («Чоч») қисса кард, ки ба гуфтаи раиси КДАМ, тамоми вилояти Ҷалолободро тарсонда мегашт.

“Дар Ҷалолобод бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила ҷиноятҳри вазнин роҳбари гуруҳи ҷиноии ин минтақа Эрнис Мурзахметов бо лақаби «Чоч» бо чанд узви дастааш дастгир шудаанж. Ин одам бо нафаронаш тамоми аҳолии вилояти Ҷалолободро тарсонда буд. Кор ба ҷое расида буд, ки аъзои ин даста ба мошини корманди милитсия ҳамла оварда, мехостанд ӯро бо истифода аз силоҳ бикушанд. Онҳо ҳамчунин ба ҳаёти боз чанд сокини мулкӣ сӯиқасд кардаанд “, — нақл кард Тошиев.

 «Чоч»-ро рӯзи 20 ноябр дар фурудгоҳи “Манас” дар дохили ҳавопаймо дастгир карданд:

Қамчибек Тошиев гуфт, дар вақтҳои охир сокинон бовариро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз даст дода, зеро ин мақомот ба ҷои мубориза бо гуруҳҳои ҷиноӣ бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд.

Дар ин авохир дар Қирғизистон як идда аз роҳбарони олами ҷиноӣ боздошт шуданд.

Аз ҷумла  рӯзи 22 октябр яке аз султонҳои олами ҷиноии Қирғизистон Қамчибек Холбоев (Қамчыбек Кольбаев) дар яке аз толорҳои варзишии Бишкек дастгир шуд.  КДАМ Қирғизистон баъдан хабар дод, ки Холбоев (Асанбек) дар чорчӯби маъракаи ҷилавгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дастгир шудааст.

Қамчибек Холбоев дар ВКД Қирғизистон ҳамчун роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноӣ сабт шуда буд. Бино ба иттилои ВКД, гуруҳи ҷиноии Холбоев дар соли 2018 дар умум 424 нафарро дар бар мегирифт.

Президенти вақти Амрико Барак Обама дар соли 2012 Холбоевро ба рӯйхатти сиёҳи 7 наркобарони хатарноктарин шомил карда, департаменти давлатии Амрико барои маълумоте, ки ба вайрон кардани механизмҳои молиявии Холбоев кумак кунад, як миллион доллар ҷоиза муқарррар карда буд. Вазорати молияи Амрико исми Холбоевро ба рӯйхатти сиёҳи 10 авторитети олами ҷиноӣ аз собиқ СССР шомил кардааст. Сафорати Амрико дар Бишкек аз боздошти Қамчӣ Холбоев истиқбол кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button