ВидеоМинтақа ва ҷаҳонНуқтаи назарСиёсатТоҷикистон

РУСИЯРО ДАР ДУНЁ БЕШТАР АЗ ҲАМА ДАР ТОҶИКИСТОН ДӮСТ МЕДОШТААНД

Россотрудничество, як ниҳоди давлатии Русия назархоҳиаш дар мавзӯи «Дар кадом кишварҳо Русия бештар дӯст медоранд?»-ро ҷамъбаст кард. Бино ба натиҷаҳои ин назархоҳӣ, ки рӯзи 24 декабр дар саҳифаи  Россотрудничество дар Фейсбук нашр шуд, Русия дар дунё аз ҳама бештар дар Тоҷикистон, сипас – дар Сербистон ва Арманистон дӯст медоштаанд. Ба даҳгонаи кишварҳое, ки нисбат ба Русия муҳаббат доранд, ҳамчунин Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сурия, Украина, Булғористон ва Хитой шомил шудаанд.

Тафсилоти дигари ин назархоҳӣ нашр нашудааст.

Россотрудничество як агентии давлатӣ аст, ки Кремл барои пешбурди равобити фарҳангӣ бо ҳамватанон ва пайравону мухлисони фарҳанги русӣ дар кишварҳои хориҷӣ таъсис додааст. Мунтақидон мегӯянд, як ҳадафи дигари ин ниҳод пешбурди манфиатҳои геополитикии Кремл ва пуштибонии аҳзобу гуруҳҳо ва матбуоти тарафдори Русия дар кишварҳои хориҷист.

Муносибати мусбати сокинони Тоҷикистон ба Русия дар назарсанҷиҳои солҳои пеш низ мушоҳида мешуд.

Бар асоси назарсанҷие, ки Central Asia Barometer/ M-Vector Tajikistan соли 2014 дар миёни  1500 сокини 9 шаҳри бузурги Тоҷикистон анҷом дода буд, танҳо 8,4%-и тоҷикҳо нисбат ба Русия назари манфӣ дошта, 62,5% баракс назари мусбат доштанд. Русия аз ин лиҳоз маҳбубтарин кишвар барои сокинони Тоҷикистон дониста мешуд. Баъди Русия дар ҷои  дуюм Хитой меомад бо 53,4% назари мусбат ва 12,7% назари манфӣ. Таносуби байни муносибати мусбат ва манфӣ нисбат ба Амрико дар Тоҷикистон он вақт 48.9%  бар 12.9% ва нисбат ба Эрон 47.2% бар 15.7%-ро ташкил медод.

Дар он назарсанҷӣ сокинон баракс нисбат ба кишварҳои ҳамсоя назари бештар манфӣ зоҳир мекарданд: 32% назари манфӣ нисбат ба Қирғизистон ва 23,4% манфӣ – нисбат ба Ӯзбекистон. Коршиносон муносибати мусбати сокинони Тоҷикистон ба Русияро ба чанд омил бастагӣ медиҳанд, аз ҷумла ба таърихи тӯлонии муштаракашон дар ҳайъати СССР ва ҳам ба ин ки беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол ба ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад ва зиндагии аксари хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби пулҳое таъмин мешавад, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Ватан мефиристанд.

Rossotrudnichestvo

Друзья, осенью мы проводили опрос: «В каких странах любят Россию больше всего?». Спасибо всем, кто принял участие. Мы подвели итоги. Смотрите на карточках инфографики, жители каких стран откликнулись и какие государства стали лидерами!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button