ҚАТЛИ МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР КУШОНИЁН БАРОИ … ФОНУС

Шаби 8 декабр сокини 46-солаи деҳаи Истиқлоли ноҳияи Кушониён бо талаби баргардондани фонуси дастӣ (фонарик)-аш ба хонаи ҳамдеҳаи 64-солааш омада, бо ӯ вориди муноқиша шудааст ва як корд ба гарданаш задааст. Ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Сокини 33-солаи ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров ба ташкили фоҳишахона ва даллагӣ айбдор мешавад. ВКД гуфт, ӯ аз як ҷуфт 250 сомонӣ гирифтааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 24 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Ошкор шудани ҷинояти куштор дар ноҳияи Кушониён
Рӯзи 9-уми декабри соли 2020, ҷасади марди 64-солаи сокини деҳаи Истиқлоли ноҳияи Кушониён бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура муайян карда шуд, ки санаи 8-уми декабри соли равон, тахминан соати 21:00, марди 46-солаи сокини деҳаи Истиқлол бо мақсади баргардонидани фонуси дастиаш (фонарик) дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии номбурда омада, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба гардани ӯ задааст.
Дар натиҷа номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вобаста ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Боздошти марди 33-сола бо гумони даллагӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчи-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 18:00, барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 27-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкурро бо зани 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ҳамин ноҳия шинос карда, аз онҳо 250-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷуиҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани дуздии чорвои калони шохдор
Ба ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ бо ариза марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 21 ба 22-юми декабри соли 2020, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили оғилхонааш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Истифодаи неруи барқ беҳисобкунаки барқӣ ҷиноят аст!
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар хонаи истиқоматиаш дукони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ дар давоми 6-моҳи соли 2020 ба маблағи 7 ҳазору 497-сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.