Иқтисод

АВВАЛИН БОЗДОШТ ВА ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ БАРОИ ДУЗДИИ НИРӮИ БАРҚ

Сокини 58-солаи деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб барои дуздии нирӯи барқ дастгир шуд. ВКД гуфт, ӯ дар хонааш дӯкони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, барқро бе ҳисобкунак истифода мебурд ва дар тӯли 6 моҳ ба давлат 7 497 сомонӣ зарар расондааст. Ба ӯ ҳамчун муҷозот бар асоси моддаи 253 КҶ ҶТ ҷарима ё то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 10 декабр билофосила дар пайи лағви лимити барқ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии ВКД ситоди махсусе ташкил шуд, ки бояд истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқро дар кишвар назорат кунад. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати истифодаи сарфакоронаи нирӯи барқ метавон таъмини шабонарӯзии онро дар фасли сармо таъмин кард.

Як рӯз пеш ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки мақомоти Хадамоти оташнишонии ин вазорат дар ҷараёни санҷишҳо дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои зиёди дуздӣ ва исрофи нирӯи барқро ошкор ва фаъолияти 7 муассисаи тиҷоратиро ба ин далел мутаваққиф кардаанд.

Аз ҷумла муайян кардаанд, ки дар ҳаммоми хусусии соҳибкор Мусавир Сафаров дар кӯчаи Ҳувайдуллоев 112/2 аз таҷҳизотҳои гармидиҳандаи баландшиддат барои гарм кардани ҳаммом фаровон истифода бурда, дар ошёнаи 2-юми ҳаммом 17 донишҷӯи иҷорашин барои гарм кардани ҳуҷраҳояшон аз асбобу таҷҳизоти барқии корношоям ва берун аз ҳисобкунак истифода мебаранд.

Ҳамин тавр, дар дӯкони нонпазии соҳибкор Ёқуб Ҳоҷаев дар кӯчаи Қазоқон-1 чор моҳ боз дар ду танӯр аз спиралҳои баландшиддат ва бе ҳисобкунаки барқӣ, яъне бо роҳи дуздӣ истифода мебурдаанд. Соҳибкор аз барқ 5 ҳазор сомонӣ қарздор ҳам будааст.

Соҳибкор Холов Афзалшо дар дӯкони нонпазиаш дар кӯчаи Алишер Навоӣ дар се танур аз спиралҳои худсохти баландшиддат, ки аз таҷҳизоти троллейбус сохта шудаанд, истифода бурда, соҳибкор 10 ҳазор сомонӣ пули барқро надодааст.

Дар дӯкони нонпазии Низомова Ҷамила дар кӯчаи Ҳувайддуллоев низ дар 2 танур таҷҳизоти худсохти баландшиддат пайваст карда шуда, дар ҳаммоми хусусии Аҳлиддин Ғафуров дар кӯчаи Испечак 2 ду моҳ боз пули барқро насупурдаанд.

Чунин ҳолатҳои дуздӣ ва исрофи барқ ҳамчунин дар дӯкони самбусапазии Саиднуриддин Почоев дар кӯчаи Гагарин ва дар дӯкони нонпазии Толибов Рамазон дар ошёнаи якуми бинои ҶСШК “Континент- Инвест”, маъруф ба Маркази савдои “Садбарг”  ошкор шудааст. Гуфта мешавад, ки Почоев пули барқро намедод, ҳуҷҷатҳои лозим низ надошт, вале дар танӯри самбӯсапазиаш аз спиралҳои баландшиддати барқӣ истифода мебурд.

Рамазон Толибов бошад дар дӯкони нонпазиаш дар “Садбарг” низ аз спиралҳои худсохти баландшиддати барқӣ истифода бурда, қоидаҳои зидди сӯхторро риоя намекардааст, – гуфта мешуд дар гузориши ВКД.

Истифодаи неруи барқ беҳисобкунаки барқӣ ҷиноят аст!

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 58-солаи сокини деҳаи Зимчуруди ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар хонаи истиқоматиаш дукони оҳангарӣ ва чӯбтарошӣ сохта, бе ҳисобкунаки барқӣ дар давоми 6-моҳи соли 2020 ба маблағи 7 ҳазору 497-сомонӣ қувваи барқро истифода бурда, ба давлат зарари калон расонидааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳолатҳои тасарруфи қувваи барқ дар баъзе дӯконҳои нонпазӣ ошкор карда шуд

Ҳарчанд гузоришҳои таҳлилии аз ҷониби кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намуда, вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш шаванд ҳам, то ҳол нафароне ёфт мешаванд, ки дидаю дониста ба масрафшавии қувваи барқ роҳ дода, ба буҷаи давлат зарари калони моддӣ мерасонанд. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД муайян гашт, ки дар ҳаммоми хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба соҳибкор Аҳлиддин Ғафуров, истифодаи ғайриқонунӣ ва масрафшавии барзиёди нерӯи барқ ҷой дорад.
Ҳаммоми мазкур зиёда аз ду моҳ мешавад, ки бе ҳуҷҷатҳои дахлдор фаъолият намуда, маблағи ҳаққи қувваи барқро пардохт накардааст. Аммо, соҳибкор аз таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ барои гарм кардани ҳаммом фаровон истифода менамояд.
Илова бар ин, талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ дар ҳаммом риоя намешаванд. Чунончи кабелу ноқилҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор доранд.
Ба ҳамин монанд ҳолати тасарруфи қувваи барқ дар дӯкони самбусапазии соҳибкор Саиднуриддин Почоев, воқеъ дар кӯчаи Гагарин 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ошкор карда шуд. Соҳибкори мазкур аз спиралҳои баландшиддати барқӣ дар танури самбусапазӣ муддати чанд вақти охир истифода менамудааст. Ба замми ин, ӯ ягон ҳуҷҷатҳои дахлдор низ надошта ва маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқро пардохт намекардааст. Бинобар ин, аз тарафи гурӯҳи корӣ қувваи барқ дар дӯкони мазкур қатъ карда шуда, спиралҳои баландшиддати худсохт бартараф карда шуданд.
Ҳолатҳои дигари нигаронкунанда он аст, ки бархе аз соҳибкорон бо тарзу усулҳои нав, аз ҳар гуна асбобҳои техникӣ ҳамчун таҷҳизоти спиралӣ истифода менамоянд, ки шиддатнокии онҳо хеле баланд буда, масрафи барқ дар онҳо зиёд мебошад.
Чунин як ҳолати дигар дар дӯкони нонпазӣ, воқеъ дар ошёнаи якуми бинои ҶСШК “Континент- Инвест” маъмул бо номи Маркази савдои “Садбарг”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 10-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, мансуб ба соҳибкор Толибов Рамазон, ошкор карда шуд. Мавсуф барои омода намудани маҳсулоти нонӣ аз спиралҳои худсохти баландшиддати барқӣ дар танурҳои нонпазӣ васеъ истифода менамуд. Чунин ҳолат дар баробари масрафшавии зиёди нерӯи барқ, эҳтимолияти ҳар лаҳза дар ноқилҳои барқӣ рух додани ҳодисаҳои сӯхторро ба амал меорад. Пайвасти ноқилҳои барқӣ низ дар баъзе қитъаҳо хилофи қоидаҳои амалкунанда васл карда шудаанд.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта, нисбати соҳибони ин дӯконҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти дӯконҳояшон муваққатан боздошта шуданд. Ҳамчунин қувваи барқ низ дар ин дӯконҳо хомӯш карда шуд. Ҷиҳати пешгирии истифодаи беҳудаву барзиёд ва ғайримақсадноки қувваи барқ гуруҳҳои кории мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Шуҳрат Тағоймуродзода
СХДО ВКД ҶТ

Ошкор шудани истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ

Новобаста аз таъкиду муроҷиат ва таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷиҳати истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ кардани исрофкории он, ҳамзамон аз ҷониби гуруҳҳои корӣ, бахусус кормандони ВКД доир намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа дар ин самт, бархе соҳибкорон дидаву дониста ба таври ғайриқонунӣ, яъне бо роҳи дуздӣ аз неруи барқ истифода намуда, ба буҷаи давлат зарари калони моддӣ мерасонанд. 

Зимни доир намудани чорабиниҳои мақсаднок аз тарафи кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД муайян гашт, ки дар ҳаммоми хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев 112/2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мансуб ба соҳибкор Мусаввир Сафаров, истифодаи ғайриқонунӣ ва масрафшавии барзиёди неруи барқ ҷой дорад. Дар ҳаммоми мазкур гарчанде ҳисобкунаки барқӣ дар ҳолати корношоям қарор дорад, вале соҳибкор аз таҷҳизотҳои гармидиҳандаи баландшиддат барои гарм кардани ҳаммом фаровон истифода карда истодааст. Илова бар ин, талаботи бехатарӣ аз сӯхтор низ риоя намешаванд. Кабелу ноқилҳои барқӣ дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор дорад. Ба замми ин, дар ошиёнаи 2-юми ҳаммомхона 17-нафар донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ иҷоранишин мебошанд, ки барои гарм намудани ҳуҷраҳояшон аз асбобу таҷҳизоти гуногуни барқии дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ва берун аз ҳисобкунаки барқӣ васеъ истифода менамоянд. Барои муайян намудани он, ки чанд муддат мешавад соҳибкор берун аз ҳисобкунаки барқӣ неруи барқро истифода менамояд, корҳои санҷишӣ идома дорад.
Ба ҳамин монанд дар дӯкони нонпазии соҳибкор Ёқуб Ҳоҷаев, воқеъ дар кӯчаи Қазоқон-1-и ноҳияи Синои пойтахт ошкор карда шуд, ки барои омода намудани маҳсулоти нонӣ соҳибкор дар ду танури аз спиралҳои баландшиддат ва бе ҳисобкунаки барқӣ, яъне бо роҳи дуздӣ давоми чор моҳи охир истифода менамояд. Бар замми ин соҳибкор аз истифодаи неруи барқ, ки қаблан тавассути ҳисобкунак мекардааст, зиёда аз 5000 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Ҳолатҳои дигари нигаронкунанда он аст, ки бархе соҳибкорон бо тарзу усулҳои нав, аз ҳар гуна асбобҳои техникӣ ҳамчун таҷҳизоти спирал истифода менамоянд, ки шиддатнокии он хеле баланд буда, масрафи барқ дар онҳо зиёд аст. Соҳибкор Холов Афзалшо дар дӯкони нонпазиаш, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ 63/1-и ноҳияи Синои пойтахт барои омода намудани маҳсулоти нонӣ дар се танур аз спиралҳои худсохти баландшиддати барқӣ истифода менамоянд. Нобурда аз таҷҳизоти тролейбус ба таври сунъӣ спирал омода намуда, дар танурҳои нонпазӣ васл кардааст. Ҳолати мазкур ташвишовар буда, имкон дорад, ҳар лаҳза дар ноқилҳои барқӣ ҳодисаҳои сӯхтор ба амал ояд. Ҳамчунин соҳибкор аз маблағи истифодаи неруи барқ наздики 10 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.
Чунин як ҳолати дигар дар дӯкони нонпазӣ, ки дар дохили Ҷаъмияти дорои масъулияташ маҳдуди «Раъно Трединг» воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдулоев 90-и ноҳияи Сино ба соҳибкор Низомова Ҷамила Мирзохуҷаевна мансуб мебошад, масрафи зиёд неруи барк ошкор карда шуд. Дар дӯкони мазкур барои омода намудани маҳсулоти нонӣ дар 2-адад танур таҷҳизоти худсохти барқи баландшиддат пайваст карда шудааст, ки талаботи бехатарӣ аз сӯхтор дар онҳо умуман риоя намешаванд. Пайвасти кабелу ноқилҳои барқӣ дар дӯкони мазкур ба талабот ва қоидаҳои васлу насб ҷавогӯ набуда, эҳтимолияти хавфи сӯхтор дар онҳо мушоҳида мешавад. Инчунин барои гарм намудани об аз таҷҳизоти худсохти дар ҳолати садамавӣ қарордошта истифода менамоянд, ки истифодаи он барои ҳаёт ва саломатии кормандони коргоҳ хатарнок аст.
Вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбати соҳибони ин дӯконҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти соҳибкориашон муваққатан қатъ карда шуд. Ҳамчунин қувваи барқ низ дар ин дӯконҳо хомӯш гардид. Ҷиҳати пешгирии истифодаи ғайримақсадноки қувваи барқ гуруҳҳои корӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Шуҳрат Тағоймуродзода
СХДО ВКД ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button