ВидеоҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

АГАР ТЕМУРМАЛИКРО ДУХТАРЕ БУД… ЗОДРӮЗИ ФАЙЗИНИСО ВОҲИДОВА

Агар Темурмаликро духтаре ҳаст,
Fазанфарзодае, шерофаре ҳаст.
Ҳамин Файзинисои пурдили мост,
Ки сангардори халқу кишваре ҳаст!

(Исфандиёри Назар)

Агар умр вафояш мекард, Файзинисо Воҳидова, яке аз шинохтатарин ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон, рӯзи 24 декабр ба синни 57 мерасид. Файзинисо Воҳидова 4 январи соли 2019  дар синни 55 дар пайи бемории грипп аз олам чашм пӯшид. Файзинисо Воҳидова ду ҳафта қабл аз маргаш дар бемористон бемористон бистарӣ карда шуд. Ӯро баъди як ҳафта ҷавоб доданд, вале шаби 28 декабр, ки зодрӯзаш ҳам буд, аҳволаш ногаҳон бад шуд ва ба ҳолати кома афтод. Ҷанозаи Файзинисо Воҳидоваро ҳамон рӯзи 4 январ дар қабристони Гунбази зодгоҳаш – ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Ғафуров ба хок супурданд. Марги Файзинисо Воҳидоваро бузургтарин талафоти солҳои охири ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон мешуморанд ва бар инанд, ки баъди ӯ арсаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ятиму бесоҳиб монд.

Файзинисо Воҳидова 24 декабри соли 1963 дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омада, соли 1986 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Аз соли 1995 ҳамчун адвокат фаъолият дошт ва дар пурсарусадотарин парвандаҳо иштирок кардааст.

Global Voices дар соли 2016 Файзинисо Воҳидоваро яке аз шаш зани фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда буд.

Соли 2005 номзадиашро ба вакилии Маҷлиси намояндагон гузошт ва барои роҳ наёфтанаш ба парлумон ӯро туҳмат заданд, ки дипломаш қалбакӣ аст. Як муддат боздошт шуд, вале собит кард, ки дар ҳаққаш туҳмат шудааст.

Солҳои охир, баъди қабули қонуни нави адвокатӣ дар Тоҷикистон ба ӯ имкони кор аз рӯи касбаш намедоданд. Дар аввали соли 2017 шиносномаашро дар марз бо Қирғизистон мусодира карда, аз ҳаққи сафар ба хориҷ барои чандин моҳ маҳрумаш карданд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Файзинисо Воҳидова даъват мекарданд, ки тарки Тоҷикистон кунад ва ба ягон кишвари Ғарб паноҳ барад. Гирифтани мақоми паноҳандагӣ барои апаи Файзинисо ду карат ду буд, вале ӯ аз тарки Тоҷикистон худдорӣ кард. Мегуфт, Тоҷикистон Ватанаш аст ва тарки Ватан кардан намехоҳад.

То поёни умр дар Ватан монд ва ба мардумаш хидмат кард.

Баъди марги Файзинисо Воҳидова Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ҷоизаи байналмилалии ба номи Файзинисо Воҳидоваро таъсис дод. Якумин ҷоизаи ба номи Воҳидова моҳи сентябри соли 2019 дар як маросим дар шаҳри Варшава ба Бузургмеҳр Ёров, адвокати зиндонии тоҷик дода шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button