Хабарҳои кӯтоҳ

3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МОШИНРО АЗ КАНАЛ БЕРУН КАШИДАНД

КҲФ Тоҷикистон хабар дод, ки имдодгарони ин ниҳод шоми 23 декабр як мошини тамғаи ВАЗ 21015-ро аз канали кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанбе берун кашидаанд. Ин мошин тақрибан соати 18:05 бо сабабҳои номаълум ба канал сарозер шудааст. КҲФ гуфт, наҷотбахшони раёсати душанбегии ин ниҳод соати 20:03 мошинро аз канал берун кашида, ба соҳибаш супурдаанд.

Имдодгарони КҲФ мошинеро, ки дар як канал сарозер шуда буд, берун кашиданд

КҲФ Тоҷикистон

Бегоҳии рӯзи 23 декабри соли 2020, соати 18:05 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошини тамғаи ВАЗ 21015 бо сабабҳои номаълум дар канале, ки дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ҷорист, сарозер шудааст.

Соати 18:07 наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса  сафарбар шуданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус бо ширкати нозири минтақави Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино соати 20:03 дақиқа мошинро аз канал берун кашиданд ва ба соҳибаш супурданд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат бо воситаҳои техникӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва мошинҳои худро дар минтақаҳои хавфнок ва хатарзо нагузоранд.

Риояи чораҳои бехатарӣ гарави амнияти шахсӣ ва мошинҳои шумост! 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button