ВидеоФарҳанг

Умумигӯӣ, забонзада ва бе арзиши бадеӣ: интиқоди Низом Қосим аз шеърҳо дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва ваҳдату истиқлол

Низом Қосим, ки рӯзи 23 декабр дар анҷумани 15-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дубора раиси ин созмони адабӣ интихоб шуд, дар ҳисоботаш бо изҳори таассуф гуфт, ашъори зиёди иҷтимоию сиёсие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиор фаротар нарафтанд . Махсусан дар асари шеърҳое, ки ба пешвои миллат, ваҳдат, истиқлолият, “Роғун” бахшида шудаанд умумигӯиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмулию забонзад зиёд ба назар мерасанд”,-таъкид кард ӯ. Низом Қосим гуфт, чунин ашъор такрори мақолаву гузоришҳои рӯз аст, ки ба қолаби назм дароварда мешаванд, вале арзиши бадеӣ надоранд.

Умумигӯиву забонзада: интиқоди Низом Қосим аз шеърҳо дар васфи Раҳмон, ваҳдат ва истиқлол

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, аксари ашъори сиёсию иҷтимоии шоирони тоҷик аз ҳадди шиор берун нарафт

ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Низом Қосим, ки дар анҷумани 15-и Иттифоқи нависандагон кори 5-солаи ин ниҳодро натиҷагирӣ мекард, гуфт, ҷойи таассуф аст, ки ашъори зиёди иҷтимоию сиёсие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиор фаротар нарафтанд .

“Махсусан дар асари шеърҳое, ки ба пешвои миллат, ваҳдат, истиқлолият, “Роғун” бахшида шудаанд умумигӯиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмулию забонзад зиёд ба назар мерасанд”,-таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин гуна шеърҳо маъниҳо тоза тасвирҳои хотирнишин ва нақши сувари хаёлро, ки таъминкуннадаи асосии бадеияти шеъранд, камтар мебинем.

“Дар онҳо ғолибан матлабҳои мақолаву гузоришҳои рӯзмарра ба қолаби назм дароварда мешаванд, ки арзиши бадеӣ надоранд”,-афзуд раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Ӯ ҳамзамон зимни ҳисобот аз эҷоду навиштаҳои адибон таъкид карда, ки баъзе нависандагони мо  соле як ё ду қиссаи нав эҷод кардаанд, аммо аксари ин асарҳо аз ҷиҳати забону баён ва мавзӯъ ноқисиҳои зиёд доранд

Баъзе муаллифон маҳз ба хотири қисса навиштан ноҷо суханро кашол дода, сужаҳои аз воқеият дуру боварнокарданӣ меофаранд.

Ҳақиқат ин аст, ки аксаран агар аз пайи жанри бузургтар намерафтанду сухани дилашонро мунтахаб мекарданд, ба ҷойи қиссаи суст ба хонанда ҳикояи хубе пешниҳод мешуд.

Анҷумани понздаҳуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати беш аз 202 нафар узв ва дигар меҳмонон ҷараён дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button