ВидеоФарҳанг

НИЗОМ ҚОСИМ ДУБОРА РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОН ИНТИХОБ ШУД

Рӯзи 23 декабр дар анҷумани 15-уми Иттифоди нависандагони Тоҷикистон шоир Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир дубора раиси ин созмони бузурги адабӣ интихоб шуд. Низом Қосим, ки 62 сол дорад, аз соли 2015 роҳбарии Иттифоқи нависандагонро ба уҳда дорад.  Дар анҷумани 15-уми Иттифоқи нависандагон 202 узви ин созмон иштирок карданд.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Матлуба Сатториён ба аҳли анҷуман паёми табрикотии президент Эмомалӣ Раҳмонро қироат кард. Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз адбион даъват кардааст, ки аз арзишҳои миллӣ ва забони давлатӣ ҳимоят кунанд.

 “Шоирон ва нависандагони тоҷик ҳамеша бо чашмони боз, диди фарох ва дили пурфараҳ тавассути асарҳои худ мардумро рӯҳбаланд мекарданд ва имрӯз низ онҳо бояд дар тавсифи дастовардҳои даврони Истиқлол саҳм гузоранд. Асарҳои ҷовидонӣ эҷод кунед ва дар хидмат ба халқ ва давлати худ содиқ бошед”, – таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар анҷуман раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва роҳбари Комиссияи тафтишоти Иттифоқи нависандагон Раънои Мубориз дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ин созмони адабӣ дар 5 соли гузашта ҳисобот доданд.

Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир 16 сентябри соли 1958 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омада, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-журналист хатм кардааст. Низом Қосим солҳои 2006-2010 мудири шабакаи телефонии кӯдакону наврасон “Баҳористон” ва солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон буд. Ӯ дар интихоботи моҳи марти соли 2015 аз рӯйхатти ҳизби ҳокими халқии демократӣ дубора вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, вале моҳи июни ҳамон сол ба мақоми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид ва курсии вакилиашро дар парлумон ба овозхони шинохта Саидқул Билолов супурд.

Низом Қосим оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Sipehr Karamatullah

Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид. МУБОРАК БОД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button