Номаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

“МУҲРИ МАХФӢ”. ДАР ДОДГОҲИ ҲИСОР ҲУКМ ВА АФВИ ҶАВОНИ МУТТАҲАМ БА ТАҶОВУЗРО ШАРҲ НАДОДАНД. ВИДЕО

“Муҳри махфӣ”. Дар Додгоҳи Ҳисор ҳукм ва афви ҷавони муттаҳам ба таҷовузро шарҳ надоданд. ВИДЕО

Сарвинози Руҳуллоҳ

Барот Юсуфӣ, Радиои Озодӣ


Ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор, ки як ҷавони гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғро мавриди афв қарор дод, дар саҳифаҳои интернетӣ баҳси зиёде ба по кард. Баъзе аз шаҳрнависон чунин рафтори додрасро танқид карда, “беаҳамиятӣ нисбат ба озору азияти ноболиғонномиданд.

Хонаводаи духтари 13-сола, ки ҳафт моҳ пеш тифл ба дунё овард, низ аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва бо ёрии вакилони мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд. Пайвандони ҷавони афвшуда ҳукми додгоҳи Ҳисорро “одилона” ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро “туҳмат” мешуморанд.

ПУРСИШҲОРО БЕПОСУХ ГУЗОШТАНД

Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани далели додрас ва огоҳӣ аз ҷузъиёти парванда рӯзи 22-юми декабр ба Додгоҳи шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар додгоҳ гуфтанд, парванда “муҳри махфӣ” дорад ва, бино бар ин, наметавонанд ҷузъиётро ошкор кунанд.

Худи додраси парванда ҳозир нашуд, ки дар бораи ҳукми содиркардааш муфассал суҳбат кунад ва ба пурсишу нигарониҳои корбарони интернет посух диҳад.

Додгоҳи Ҳисор рӯзи 9-уми декабр ин сокини ҷавони шаҳрро, ки ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ гумонбар буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум ва баъдан бар асоси қонуни афв озод кард.

Бори охир қонуни афв моҳи октябри соли 2019 қабул шуда буд. Намояндагони додгоҳ ба вакили мудофеи духтар гуфтаанд, азбаски ҳодиса моҳи августи соли гузашта иттифоқ уфтода, қонун афв моҳи октябр қабул шуд, қонун метавонад нисбат ба гумонбар татбиқ шавад.

“ДАР АВВАЛ МЕГУФТАНД, ДАҲ СОЛ ЗИНДОНӢ МЕШАВАД, ВАЛЕ…”

Ноболиғи 13-сола аз афв шудани гумонбари таҷовуз ба номус розӣ нест. Вай рӯзи 22-юми декабр гуфт, “додрас аз ман пурсид, ки ҳодиса чӣ хел шуд? Гуфтам, маҷбурӣ ин корро кард. Маро зад ва беҳуш намуд. Бо ин вуҷуд, аз толори додгоҳ озод карданд. Дар аввал мегуфтанд, метавонад даҳ сол зиндонӣ шавад.”

Духтари 13-сола афзуд, тобистони соли 2019 яке аз хешовандон ба номусаш дастдарозӣ ва ӯро дар айёми наврасӣ ба мушкил гирифтор кард. Хонаводааш мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабардор шуданд, ки тифли батнаш ҳаштмоҳа буд.

Модари духтар мегӯяд, ҷавоне, ки ба фарзандаш чунин рафтор кард, писари хоҳараш Ҳ.А. аст ва ӯ зану ду фарзанд дорад.

Пайвандони ҷавони афвшуда дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро одилона ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро туҳмат номиданд. “Ҳар сухане, ки нисбат ба писари ман гуфтанд, туҳмат буд. Ҳатто синни писарамро даҳ сол калон наивштанд. Дар асл фарзандам 32-сола аст, ӯро 42-сола гуфтанд. Санҷиши ДНК ҳам манфӣ баромад. Духтарро медонам, ки чӣ хел буд. Ҳама корро ба сари писари ман бор карданд”, — гуфт модари ҷавони афвшуда ва аз ин зиёд гап задан нахост.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо тамошо кунед:

ЧАШМҲО БА СӮИ ДОДГОҲИ ОЛӢ ДӮХТА ШУДААНД

Ин дар ҳолест, ки қаблан хонаводаи духтар аз ҷараёни тафтишот норозӣ буданд. Онҳо гуфта буданд, парвандаи марди гумонбар аз банди “таҷовуз ба номуси ноболиғ” ба банди “робитаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16 нарасидааст” иваз шудааст ва он ҷазои сабуктар дорад.

Гулчеҳра Раҳмонова, мудири Бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки созмонаш аз духтар ҳимоят мекунад, гуфт, барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят карданд. Ӯ гуфт, “додрас парвандаро дар як рӯз баррасӣ кардаву хулосаашро эълон намуд” ва афзуд, “ҷараёни тафтишу мурофиа хеле камбуд дошт ва мо мунтазири он ҳастем, ки зинаи болоии додгоҳ чӣ ҷавоб медиҳад.”

Нигаронии хонаводаи духтар аз афв шудани ҷавони муттаҳам ба озору азияти ноболиғ дар ҳолест, ки хушунату зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ мемонад.

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) соли гузашта дар гузориши “Хушунат дар ҳар сари қадам” гуфт, зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, “аммо ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад”. Аммо Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон, гуфт, “таҳлилҳои мо нишон медиҳад, хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо нисбат ба солҳои гузашта кам шудааст”.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Маълум нест, чӣ қадар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд. Масъулони Бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ” мегӯянд, имсол танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи вобаста ба таҷовузу ҳаркатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button