Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК ЗАНИ ҶАВОН ШАВҲАРИ СОЛХӮРДААШРО КОРД ЗАДААСТ

Як марди 53-солаи сокини ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ ба милитсия шикоят кардааст, ки рӯзи 22 декабр, соати 12 дар кӯчаи Қаробоеви пойтаът ҳамсари 29-солааш дар ҷараёни муноқиша ба қисмати чапи шикамаш корд задааст. Ҷабрдидаро бистарӣ кардаанд.

Як навраси 15-сола шаби 21 декабр, соати 22:35 дар рӯбарӯи Боғи ҳайвоноти Душанбе зери чархи мошини “Дэе-Леганзе” ҷон дода, сокини 20-солаи ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен ҳамон шаб, соати 20:30 зери чархи “Опел-Астра” ба ҳалокат расидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми декабри соли 2020, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш, ҳамсараш зани 29-солаи сокини пойтахт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисми чапи шикамаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани ноболиғи 15-сола ва ҷавони 20-сола бар асари садамаҳои нақлиётии марговар

Рӯзи 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Леганзе”, Файзуллоев Шоҳобиддин Нуралиевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Варзишгарон дар рӯ ба рӯи «Боғи-Ҳайвонот», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Шарифов Аслиддин Зиёратшоевич, соли таваллудаш 2005, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Шарифов А.З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сангинов Ғиёсҷон Сайфиддинович, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ҷамоати деҳоти Сарбанд ба самти кӯчаи Абдусамадов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ахмедов Давлатбек Турсунбоевич, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Сарбанди шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Ахмедов Д.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот давом дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ муроҷиат намудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2020, то инҷониб шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба устохонаи таъмири автомашинааш, воқеъ дар ноҳия Ҷ.Балхӣ даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 4 ҳазору 50-сомонӣ ва 5-адад аккумулятори тамғаи “Доминатор”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазору 950-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зархези ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки санаи 17-уми декабри соли 2020, тахминан соати 13:00, ҷавонзани 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 36-солаи сокини ҳамонҷо даромада, аз дохили сандуқи оҳанин ҳуҷҷатҳои хона ва 4 ҳазору 900-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 13 ҳазору 500-дона маводҳои тарфгарии пиретохникӣ дарёфт ва гирифта шуд. Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии ВКД ҶТ, маводҳои гирифташуда коршоям мебошанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button