ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ҲАНГОМИ КӮШИШИ БА МАҲБАСИ ДОҒИСТОН ФИРИСТОДАНИ ТЕЛЕФОНҲО БО ЁРИИ КВАДРОКОПТЕР (2 АКС)

Хадамоти матбуоти Раёсати зиндонҳои (УФСИН)-и ҷумҳурии Доғистони Русия хабар дод, ки дар ҳудуди маҳбаси №2 квадрокоптер (як навъи ҳавопаймои бесарнишин)-ро мушоҳида кардаанд, ки дар осмон дар болои ин маҳбас чарх мезад. Кормандони маҳбас квадрокоптерро афтонда, мусодира карданд ва дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ дар яке аз кӯчаҳои атрофи маҳбас як шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро дастгир карданд. Ӯ эътироф кардааст, ки ба ин васила мехост бо ёрии квадрокоптер барои маҳбусони маҳбаси №2 телефонҳои мобил бифиристад. Аз ин ҷавони соли таваллудаш 1992 ҳангоми боздошт ду телефон ёфта ва мусодира кардаанд.

Хадамоти матбуоти идораи зиндонҳои Доғистон гуфт, нисбат ба ҷавони тоҷик бар асоси моддаи 19.12 Кодекси ҳуқуқвайронкунинҳои маъмурии Русия протоколи маъмурӣ тартиб дода ба додгоҳи ҳакамӣ (мировой суд) фиристодаанд.

Маҳбаси низомаш сахти №2 дар шаҳраки Шамхал дар канори Махачқалъа, пойтахти Доғистон ҷойгир шудааст. Исми ин маҳбас се моҳ пеш вирди забони расонаҳо шуд. Шаби 23 сентябр 6 маҳбус тавассути нақбе, ки дар давоми як сол канда буданд, аз маҳбаси №2 дар шаҳраки Шамхал фирор карданд. Ду нафари онҳо барои куштор ва 4 тани дигар барои қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буданд.

Ду нафар аз ин маҳбусони фирорӣ  аз Тоҷикистон буданд. Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе дар ҷумҳурии Қарачаю Черкес бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шуда, як сол пеш барои адои ҷазо ба маҳбаси Шамхал оварда шуданд. Бойматов ба 12 соли зиндон ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Ҳамаи ин 6 маҳбуси аз маҳбаси №2 фироркардаро  баъди як ҳафта – рӯзи 30 сентябр дар ҳудуди ноҳияи бо Доғистон ҳаммарзи Лагани Қалмиқистон боздошт карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button