Ҳуқуқи инсонҶомеа

ШАРҲИ РАСМИИ ВКД ДАР БОРАИ БОЗДОШТИ ГУМОНБАРИ ҲАМЛА БА ЯК ЗАНУ ЯК ДУХТАР ДАР ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки як марди 36-сола аз ҷамоати Деҳқонобод дар канори шаҳри Ҳисор, ки қаблан ду маротиба барои қаллобӣ ва як маротиба барои ғоратгарӣ суд шудааст, бо иттиҳоми ҳамла ба як зану як духтар дастгир шудааст. ВКД гуфт, рӯзи 13 декабр ӯ дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82 телефони “Редми”-и як духтари 17-соларо бо зӯрӣ кашида гирифта, рӯзи 19 декабр бо ҳадафи тасарруфи ҷузвдон (сумка) дар гузаргоҳи зеризаминии кӯчаи И.Сомонӣ ба як зани 39-сола ҳамла кардааст.

Видеои ин ҷабрдидаи ахирро ҳамон рӯзи 19 декабр фаъоли тоҷик Зуля Раҳматова нашр кард. Дар видео дида мешуд, ки як зан гирякунон нақл мекунад, ки аз тарафи сафорати Русия ба самти Қарияи боло мерафт ва ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳи зеризаминӣ як мард ба вай ҳамла кард. Зан мегуфт, ки аз тарс фарёд бардошт ва он мард ҳам тарсида, фирор кард. Кӯшиши мустақилона бо кумаки раҳгузарон дастгир кардани он мард натиҷа надодааст ва ин зан ба мақомот муроҷиат кардааст.

Зани ҷабрдида бар ин буд, ки ҳамлагар маняк аст. Вале ВКД гуфт, ки ӯ бо нияти ғоратгарӣ ба ин зану духтар ҳамла кардааст.

Содир гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ аз ҷониби марди қаблан судшуда

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:50-дақиқа, духтари ноболиғи 17-солааш, ҳангоми дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82-юм, кӯчаи Н.Махсуми пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайби болопӯшаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-8”-ро тасаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, ки пеш 3-маротиба бо моддаҳои 248 қисми 2, 247 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаст.
Инчунин номбурда, санаи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар назди роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии пойтахт қарор доштани зани 39-солаи сокини ҳамин ноҳия бо тариқи зуроварӣ ва ошкоро ба ӯ ҳамла намуда, мехостааст ҷувздонашро тасарруф кунад, аммо ба мақсадаш нарасида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Rahmatova Zuly

Потребовалось меньше суток, чтобы задержать предполагаемого преступника.

Женщина опознала мужчину, который накинулся на неё в подземном переходе.

Выяснилось со слов потерпевшей, что не она одна, пострадала от рук злодея.

Будем ждать сводку МВД.

Rahmatova Zuly

Будьте все бдительны!!!

Что творится в нашем городе😔😔😔

Просим органы власти найти предполагаемого преступника и показать его обществу. Тем более на видео камерах он есть😡

Зуличка здравствуйте Предупредите всех женщин девушек чтобы были осторожны.

Я шла со стороны Караболо Российского Посольства спустилась в подземку.

Как спустилась после примерно 5-10 шагов на против меня шёл маньяк Мужчина)) и резко в мою сторону напал на меня. С своими секусульными действами, То есть развратными: действие стал оказывать на мне

Я естественно закричала начала сопротивлений.Он естественно сбежал в сторону новостройки

Дом Искандер Ресторан турецкий

Я за ним побежалая естественно я была в шоке именя тресло. Когда я поднилась навстречу с далека увидела трое мужчин, руками и жестами показала чтобы его задержали и кричала. Эти мужчины сначала поймали его, он притворился что больно, его отпустили эти мужчны.

Зулячон как вы думаете если ФБ опубликуем о сегодняшней случай МВД примет меры?

А то эти наши Право хранительные органы мне ещё рот затыкали

Ну типо молчи мы сами найдем

Сначала я позвонила на горячий номер 21 21 21 Потом с ОВД мне .Я просто плакала и то что говорила не помню.Но я сказала что на меня напал маньяк.

Наши Женщины и Девушки и дети не защищены!!!!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button