Хабарҳои кӯтоҳ

Ду садамаи марговар дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ

Шаби 21 декабр, тахминан соати 20:20 бар асари чапаа шудани як мошини “Тойота-Прадо” дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон як зани 33-солаи мусофири ин мошин ҷон бохтааст.

Дар ҳамон соату дақиқа дар ҳудуди ҷамоати Айнии ноҳияи Айнӣ бар асари ба ҷарии умқаш 80 метр чаппа шудани мошини тамғаи “Муссо” ронандаи 22-солааш ба ҳалокат расидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 22 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок»

Рӯзи 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо”, Саидов Фаррух Зоирович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд», дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо», Қобилова Зарина Абдуманоновна, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо”, Саидов Ф.З. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин санаи 21-уми декабри соли 2020, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, Аҳмадов Нурулло Муллоқурбонович, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 80 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, Аҳмадов Н.М., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо корд захмӣ намудани бародар ҳангоми муноқиша

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати деҳоти Г.Юсуфови ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2020, тахминан соатҳои 18:30-дақиқа, дар назди хонаашон, дар ҳолати мастӣ бо додараш марди 30-солаи сокини ҷамоати мазкур муноқиша намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани додараш бо корд якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошти марди 48-сола бо гумони дуздӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 20-уми декабри соли 2020, тахминан соатои 12:10-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи А.Ғуломови пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ вориди автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” шуда, аз он ҷо 2 ҳазору 450 сомонӣ ва 2-адад флешкартаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 2 ҳазору 650-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button