АФСАРИ МИЛИСА ДАР ИВАЗИ 10 ҲАЗОР ДОЛЛАР АЗ ҶИНОЯТКОР ПУШТИБОНӢ МЕКАРД…
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки тафтиши парвандаи Холов Шерафган Шералиевич, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлонро анҷом дода, ба суд фиристодааст. Агентӣ гуфт, Шерафган Холов моҳи январ аз шаҳрванд Сафаров 8 000 доллар гирифта, писари вайро дар давраи тафтишот бо забонхат аз боздошт ҷавоб додааст. Моҳи апрел бошад Шерафган Холов аз Сафаров боз 2 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки писари ӯро бо ҷарима аз суд халос мекунад.
Агентии мубориза бо коррупсия ҳафтаи гузашта аз анҷоми тафтиши парвандаи Ғаюров Таҳмурас, собиқ сардори қисми навбатдории ШВКД-2 ноҳияи Рӯдакӣ хабар дода буд. Ин афсари милиса ба он айбдор мешавад, ки моҳи июли соли 2018 аз шаҳрванд Собирова Х.Б. барои аз Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани писараш 3.000 доллар талаб карда, аз ин маблағ 15.000 сомониашро гирифтааст.
Аммо мақомоти Агентӣ ба зидди ҳам Шерафган Холов ва ҳам Таҳмурас Ғаюров на бо иттиҳоми гирифтани пора, балки бо моддаи ҷазояш хеле сабуктари “қаллобӣ” парванда кушодаанд. Афроди муттаҳам ба қаллобӣ маъмулан бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос мешаванд. Солҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои бо моддаи “қаллобӣ” бандубаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, хеле зиёд шудааст.
Ҳилаи шаръие, ки мақомот барои бо ин модда бандубаст кардани парвандаҳои порахӯрӣ истифода мебаранд, чунин аст, ки гӯё ин ё он мансабдори ба даст афтода дар доираи салоҳиятҳои мансабиаш ҳалли масъалаҳоеро, ки ваъда мекард, надошт ва аз ин рӯ, гӯё корафтодаро фиреб медод ва ин қаллобист, на порахӯрӣ аз ҷониби шахси мансабдор.
Ба ақидаи коршиносон, бо чунин шаклу шеваи муборизаи “раҳмдилона” бо коррупсия Тоҷикистон шонси пирӯзӣ дар ин набардро нахоҳад дошт, чунки ин шакли мубориза, ба ақидаи онҳо, аз як доми маҳкам дида, бештар ба як ғалбери сӯрох шабоҳат дорад, ки мансабдорони порахӯр бо вуҷуди бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодан, аз мӯрии хеле калони “қаллобӣ” худро аз ҷавобгарӣ халос мекунанд. Ва нафақат халос мешаванд, балки баъди чанде дар ягон мансаби дигари серравған такя мезананд.
Тасарруфи маблағи 10.000 доллари ИМА аз ҷониби корманди РВКД дар вилояти Хатон
Холов Шерафган Шералиевич дар вазифаи ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон кор карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ, бо мақсади бо роҳи қаллобӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, моҳи январи соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои нисбати писараш-Сафаров А.Ф. дар доираи парвандаи ҷиноятии дар РВКД-и мазкур мавриди тафтиши пешакӣ қарордошта, татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуда, онро тавассути шаҳрванд Баротов М.Т. гирифт.
Минбаъд Холов Ш.Ш. амалҳои ҷиноятии худро давом дода, моҳи апрели соли 2020 аз шаҳрванд Сафаров Ф.С. барои дар доираи парвандаи ҷиноятии дар суди вилояти Хатлон қарордошта, таъин намудани ҷазои ҷарима нисбати писараш-Сафаров А.Ф. боз маблағи 2000 доллари ИМА талаб намуда, онро гирифта тасарруф кард.
Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати Холов Ш.Ш. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Агентӣ