ВарзишВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назар

ВИДЕО: ЧАРО ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК АЗ ПУЛИ ХУД БА МУСОБИҚАҲО БОЯД БИРАВАНД? ФЕДЕРАТСИЯ БАРОИ ЧИСТ?

Эмом Хушаков, яке аз роҳбарони фаъоли ҷамъияти тоҷикони Русия дар як видео дар Фейсбук хабар дод, ки тасодуфан шоҳиди ба мушкилоти молӣ дучор шудани аъзои тими миллии Тоҷикистон оид ба гуштини самбо шудааст. Онҳо – 12 нафар – натавонистаанд, ки барои ҳар кадом – 150 доллар ва дар маҷмӯъ 1800 доллар барои ҳаққи иштирок дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии самбо ба ёди Харлампиевро пардохт кунанд. Ин мусобиқот 18-19 декабр дар Маскав доир шуд. Эмом Хушаков гуфт, бо кумаки ҷамъияти тоҷикон пули иштироки паҳлавонони тоҷикро ҷамъ карда, супурданд, вале ӯ ҳеҷ дарк намекунад, ки чаро аъзои тими миллии Тоҷикистон бояд аз ҳисоби худ сару либос бихаранд, аз ҳисоби худ билет бихаранд, то ки кишваррро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунанд? Эмом Хушаков аз қавли дӯстонаш, ки узви тими миллии самбои Ӯзбекистон будаанд ва низ дар Ҷоми Харлампиев иштирок доштанд, гуфт, паҳлавонони ӯзбек пурра аз ҳисоби федератсияи самбои Ӯзбекистон таъмини молиявӣ мешаванд ва аслан фикри ҷанбаҳои пулии иштирокашон дар мусобиқаҳоро дар сар надоранд.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи маблағгузорӣ нашудан аз ҷониби федератсияҳо ва аз ҳисоби худ ё бо кумаки ёру дӯстон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рафтани варзишгарони тоҷик расонаӣ мешавад. Моҳи ноябри соли равон то охирин лаҳза масъалаи иштироки Хушқадам Хусравов дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо дар Сербистон ба сабаби мушкилоти молиявӣ зери суол қарор дошт. Носир Бозоров, масъули тими миллии самбои Тоҷикистон гуфта буд, ки Хушқадам ба онҳо барои кумаки молиявӣ муроҷиат накардааст. Вале танҳо ду рӯз пеш аз шурӯи мусобиқот паҳлавони тоҷик бо изҳори сипос ба хешу табор ва дӯстонаш хабар дод, ки имкони сафар ба Сербистон ва иштирок дар чемпионати ҷаҳонро билохира пайдо кард. Зимнан Хушқадам Хусравов дар Сербистон сазовори ҷои сеюм ва медалӣ биринҷӣ шуд.

Паҳлавонҳои тоҷик дар Ҷоми Харлампиев низ бо вуҷуди мушкилоти молиявӣ сарбаландона ҳунарнамоӣ карданд ва 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Алимуҳаммад Алиев  дар мусобиқоти самбои варзишӣ ва самбои размӣ дар вазни то 57 кило ду медали биринҷӣ ба даст овард. Деваштич Убайдӣ дар самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд ва Муҳиддин Муҳиддинов ва Осмонбек Куканиев – дар самбои размӣ.

Тоҷикистонро дар Ҷоми Харлампиев 11 паҳлавон намояндагӣ карданд: Беҳрӯз Нематуллоев (52 кг), Ардашер Исмоилов (57 кг), Алимуҳаммад Алиев (57 кг), Сӯҳроб Исматов (68 кг), Деваштич Убайдӣ (74 кг), Аҳтам Ҳусейнов (+100 кг), Давлат Абдулзода (+100 кг), Осмонбек Куканиев (+100 кг) – дар самбои варзишӣ ва Айём Хабиров (57 кг), Муҳиддин Муҳиддинов (68 кг), Рамазон Ҷумъаев (82 кг) ва Садр Боев (82 кг) – дар самбои размӣ.

Хушаков Эмом 

Проходивший 18-19 декабря 2020 года кубок мира по Самбо, выявил очень много недостатков у Таджикской сборной в плане финансирования! Пришлось найти им 1800$ , для того чтобы их допустили учавствовать, то есть на каждого спортсмена по 150$ это 12 человек. Ребята выступили очень достойно, но как мы знает многое зависит от хорошего тыла, то есть если тыл обеспечен всем необходимым и получаешь достойную зарплату, соответсвенно есть куда стремится и показать хороший результат! Но у нашего народа борьба в крови, они даже при том, что их никто не финансировал , все равно показали достойный результат! В данном видео, если вы его посмотрите вы поймёте очень многое для себя, и зададитесь вопросами:

1. Почему Федерация Самбо не спонсировала их, ведь государство выделяет на спортсменов деньги?

2. Почему не было разрешено приехать именитым спортсменам на данный турнир , таким как Хушкадам Хусравов, ведь он мог показать очень хороший результат?

3. Почему Таджикские спортсмены вынуждены ехать на международные турниры за свой счёт?

Я, думаю вам необходимо просто посмотреть данное видео, и каждый из вас сделает выводы! А с нашей стороны, мы оказали им непосильную помощь, думаю любой бы достойный мог бы это сделать! Но видимо это честь выпала нам, и нам было суждено помочь этим ребятам!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button