Хабарҳои кӯтоҳ

Боздошти як ҷавон дар Суғд барои худнамоӣ ҳангоми рондани мошин (ВИДЕО)

Як сокини 23-солаи ноҳияи Б.Ғафуровро барои худнамоӣ ҳангоми рондани мошин дастгир шудааст. РВКД вилояти Суғд гуфт, Мубин Мамадҷонов бо мошини ВАЗ-2106(“Жигули”) дар бевақтии шаб дар рӯ ба рӯи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров намоишкорона воситаи нақлиётро дар ҷои ист бо суръати баланд давр занонида, худнамоӣ кардааст. Видеои мошинронии ин ҷавон дар Интернет нашр шуд ва таваҷҷуҳи кормандони милитсияро низ ҷалб кард. Ӯро бар асоси моддаи 291-уми Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба “Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард” гунаҳкор кардаанд.

Таҳқиқи навори интернетӣ ронандаро ҷавобгар намуд

Паҳн гаштани наворҳои халалдоркунандаи тартибот дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ сабаб шуд, ки нисбати ронандаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-2106», аломати қайди давлатиаш TJ 80 50 НН 02, Мамадҷонов Мубин Мамадҷонович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, милитсия барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи минтақаҳо ва роҳҳои автомобилгард таъсиррасонии ҳуқуқӣ дар асоси моддаи 291 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тадбиқ намояд.
Ҳуқуқвайронкунанда Мубин Мамадҷонов дар бевақтии шаб дар рӯ ба рӯи Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафуров намоишкорона воситаи нақлиётро дар ҷои ист бо суръати баланд давр занонида, худнамоӣ кардааст. Баъди роҳ ёфтани навор ба сомонаҳои иҷтимоӣ масъулини шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти ронандаи беинтизомро муайян намуданд.
Чунин рафтори ронандаи ҷавон Мубин Мамадҷонов аз он хотир нигаронкунанда аст, ки дар баробари халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ, вайрон кардани роҳи нақлиётгард, ҳамчунин ҳодисаи нохуши нақлиётиро дар пай дошта метавонад.

Ба маълумоти иштирокчиёни ҳаракати роҳ бахусус ронандагон мерасонем, ки воситаи нақлиёт ва кӯчаю роҳҳои нақлиётгард ашё ё ҷойи дилхушию худнамоӣ нест. Кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ ба ҳамаи ронандагон риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва боинтизомиро тавсия медиҳанд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button