ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ИМСОЛ АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН 717 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ПУЛИ КАМТАР ФИРИСТОДААНД

Бонки марказии Русия хабар дод, ки ҳаҷми пулҳои интиқолии афроди алоҳида аз Русия ба Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интиқоли пул дар 9 моҳи аввали соли 2020 ҳудуди 1,2 миллиард долларро ташкил додааст. Ин ба маблағи 717 миллион доллар, ё 37% камтар аз ҳамин давраи соли 2019 мебошад. Дар тӯли моҳҳои январ-сентябри соли 2019 аз Русия ба Тоҷикистон 1,9 миллиард доллар ва дар то поёни соли гузашта дар умум асосан бо шарофати муҳоҷирони корие, ки дар Русия мардикорӣ мекунанд, аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 540 миллион доллар интиқол ёфта буд

Чунин коҳиши башиддати ҳаҷми пулҳои интиқолӣ пеш аз ҳама ба пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо вобаста аст, чунки ба ин далел садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ имсол аз Тоҷикистон ба Русия омада натавонист ва онҳое ҳам, ки дар Русия дармонданд, ба сабаби коронавирус дар соли 2020  ҳаҷми даромадашон хеле коҳиш ёфт.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рӯзи 21 декабр дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ба ҳисоби онҳо, ба сабаби пандемия имсол тақрибан ним миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик натавонистанд барои кор ба Русия биоянд.

ВКД Русия низ ахиран омореро нашр кард, ки тибқи он, шумораи умумии муҳоҷирон дар Русия дар соли 2020 ба сабаби коронавирус қариб ду маротиба коҳиш ёфтааст ва то 1 декабр дар ин кишвар тақрибан 6 миллион хориҷӣ қарор доштаанд. Як сол пеш ин рақам қариб 12 миллион нафар буд.

Барои кишварҳои муҳоҷирфиристе, чун Тоҷикистон, ки рӯзгори аксари хонаводаҳояш аз пулҳои фиристодаи муҳоҷирон сахт вобаста аст, коҳиши даромади муҳоҷирон ба некӯаҳволии ин хонаводаҳо ва дар маҷмӯъ ба рушди иқтисоди кишвар таъсири сахти манфӣ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button