МуҳоҷиронЧеҳраҳо

Хонаи ғарибӣ: Оилаи тоҷикҳо аз як деҳаи дурдасти Русия

Нашрияи «Ковровские вести» дар бораи оилаи Одинаевҳо аз Тоҷикистон қисса кардааст. Ин оилаи муҳоҷирони тоҷик 4 сол боз дар деҳаи Смолинои ноҳияи Коврови вилояти Владимири Русия зиндагӣ мекунад. Сардори оила Дилшод дар як сохтмон дар Маскав кор мекунад. Аз онҷо то Смолино, ки зану 5 фарзанди ӯ дар манзили дуҳуҷрагие дар як бараки якқабата маскан гирифтаанд, ҳамагӣ 270 километр аст. Фарзанди хурдии ин оила – Абдуаҳад – як сол пеш баъди аз қишлоқашон дар канори шаҳри Ваҳдат ба Смолино кӯчидани Одинаевҳо ба дунё омад. Ҳоло фарзандони Дилшоду Малоҳат дар ҳамин ҷо ба мактабу боғча мераванд. Ин оила суннатҳои зиндагии тоҷиконаро ҳифз кардааст, вале кам-кам ба тарзи зиндагии мардуми маҳаллӣ низ унс мегирад. «Боғи Одинаевҳо дар қишлоқи онҳо дар Тоҷикистон монд. Дар Смолино бошад, малоҳат полези начандон калоне дуруст кардааст, ки дар он ҷуворимакка ва мисли ҳамсояҳои русаш, картошка, пиёз ва петрушка мекорад», – менависад хабарнигори «Ковровские вести».

Оилаи тоҷик аз як деҳаи дурдасти Русия

О.Артемева, Ковровские вести

Ковров – яке аз се мунитсипалитети вилояти Владимир аст, ки дар он намоядагони миллатҳои гуногун ба сар мебаранд. Дар Коворов 12 диаспора вуҷуд дорад, ки аз ҷумла қирғизҳо, тоторҳо, доғистониҳо, қарақалпоқҳо ва дигар миллатҳоро фаро мегиранд. Мо ба шинос кардани хонандагонамон бо тарзи зиндагӣ, рӯзгор ва анъанаву фарҳанги ин халқҳо идома медиҳем. Имрӯз қиссаи мо дар бораи оилаи Одинаевҳо аз Тоҷикистон аст.

Хонаи ғарибӣ


Қарори маълум, баъди суқути Шӯравӣ барои он тоҷиконе, ки зиндагиашон фақиронатар буд, рӯзҳои сахте фаро расиданд. Дар қишлоқҳои пуразолӣ, дар байни кӯчаҳои пурчангу каҷмокаҷак дар манзилҳои кӯҳнаи гилин мардум тақрибан дар чанги фақр ба сар мебаранд.

 «Оилаи мо то замони бозсозӣ зиндагии пуру осуда дошт, ҳарчанд ки оилаи мо серфарзанд буд ва танҳо падарам кор мекард, – нақл мекунад Малоҳат Одинаева. – Баъд зиндагӣ сахттар шуд. Аз ин рӯ бисёре аз мардон аз деҳот ба мардикорӣ мераванд. Шавҳари ман Дилшод низ мисли дигар ба хотири маоши хубтар дар як сохтмон дар шаҳри Маскав кор мекунад.»

Ибтидо Дилшод зану духтарони хурдсолашро хеле кам медид, чунки масофа аз пойтахти Русия то қишлоқи онҳо дар канори шаҳри Ваҳдат хеле бузург аст. Акнун барои ӯ осонтар шуд: Оилаи ӯ 4 сол боз дар деҳаи Смолинои ноҳияи Ковров зиндагӣ мекунад. Аз ҷои кори ӯ дар Маскав то Смолино ҳамагӣ 270 километр роҳ аст.

Ҳама якҷоя – дар рӯи қолин


Дар манзили хурдакак дар бараки якқабата 6 узви оилаи Одинаевҳо зиндагӣ мекунанд ва вақте падарашон аз Маскав меояд, 7 нафар мешаванд. Дари ошхонаи сард хуб пӯшида намешавад, ҳоҷатхона дар рӯи ҳавлӣ аст. Вале ин манзил ду ҳуҷра дорад: Ин барои тоҷикҳо муҳим аст, чунки тибқи анхана, мардҳо дар як ҳуҷра ҷойгир мешаванд ва занҳо дар ҳуҷраи дигар, бахусус ҳангоми дар хона ҳузур доштани одамони бегона. Пештар ба қисмати занонаи хона мардони бегонаро тамоман роҳ намедоданд.

Агар масоҳати хона имкон диҳад, тоҷикҳо як ҳуҷраи алоҳидаро барои меҳмонон ҷудо мекунанд (меҳмонхона). Дар рӯи фарши меҳмонхона қолину кӯрпачаву болишт меандозанд, девори ин ҳуҷраро низ бо қолин орову зиннат медиҳанд. Ва дар рӯи қолин, албатта, дастурхон мегустуранд.

Дар хонаи Одинаевҳо мебели зиёд нест. Барои онҳо муҳим ин аст, ки 3-4 қолин ва шкаф доранд. Малоҳат бо ифтихор мегӯяд, ки ба онҳо муяссар шуд ин хонаро харида, барои доимӣ дар Русия муқим шаванд ва акнун духтарони калониаш дар мактаби Красний Маяк таҳсил мекунанд ва кӯдакони хурдтараш дар ҳамин Смолино ба боғчаи Подсолнушки» мераванд.

Як сол пеш дар оилаи Одинаевҳо билохира писари нахустинашон – кӯдаки шӯху чаққон бо номи Абдуаҳад – ба дунё омад. Баъди 4 духтар, ӯ фарзанди панҷуми ин оила аст. Вале ғолибан фарзанди охирин нест. Серфарзандӣ дар оилаҳои тоҷикӣ як амри роиҷ аст.

Картошкакории зани тоҷик


Тоҷикистон дар замонаш бо «тиллои сафед»-аш, яъне пахта шуҳрат дошт, дар он ҷо ҳамчунин шолӣ ва дигар анвоъи ғаллаву маҳсулоти полезӣ мекоранд, ангур парвариш мекунанд. Ҳоло бошад Тоҷикистон, бино ба оморҳо, аз камбуди шадиди ғизо, бахусус барои кӯдакони то синни 5 азият мекашад. 

Боғи Одинаевҳо дар қишлоқи онҳо дар Тоҷикистон монд. Дар Смолино бошад, малоҳат полези начандон калоне дуруст кардааст, ки дар он ҷуворимакка ва мисли ҳамсояҳои русаш, картошка, пиёз ва петрушка мекорад.

 Аввал чою сипас ош


Тоҷикон анъанае доранд, ки агар марди хона набошад, ба мардон ба ҳеҷ сурат даромадан ба хонаи ӯ мумкин нест. Ҳатто агар боқӣ аъзои оила ҳама онҷо бошанд. Ба занон чунин ҳақ дода шудааст.

Вақте ки шумо вориди хонаи тоҷикҳо мешавед, роҳат рӯи кӯрпача бишинед, вале ба ҳеҷ сурат поятонро ба сӯи пеш дароз накунед ва ё нағелед. Мақбул нест чунин кор.

Тибқи анъанаҳои қадима, зиёфат дар сари дастурхон аз шукргузорӣ ба Худованд ва хушомадед ба меҳмон сар мешавад. Дар анҷоми зиёфат ин суннатро такрор мекунанд ва ҳама бояд баъди нидои «Омин!» даст ба рӯ бикашанд.

Малоҳат тибқи анъана меҳмоно аввал бо шириниву чой зиёфат медиҳад ва ҳамзамон нақл мекунад, ки одатан чойро узви аз ҳамаи хурди оилаи мизбон мерезад ва тақсим мекунад. Сипас шӯрбою гӯш меоранд, ош – хӯроки асосиро бошад барои ҳусни анҷоми зиёфат нигоҳ медоранд. Малоҳат низ ошро ба таври суннатӣ мепазад, вале ба он сабзии кореягӣ ва тухми пухтаро ҳам илова мекунад.

Ӯ ба мо тарзи пухтани парварда, як навъи ширинии тоҷикиро ҳам гуфт. Барои таҳияи як кило парванда 5 истакон гакар, як қошуқи хурд кислотаи лимӯ ва ним истакон орд лозим будааст.

«Алла» барои Абдуаҳад


Абдуаҳад, ки ҳангоми меҳмонии мо хеле шӯхиву бетоқатӣ мекард, дар охир хаста шуд ва ба нозу нуз сар кард. Модараш ӯро аз дасти духтари калониаш гирифт ва барояш ба тоҷикӣ суради «Алла» хонд. Духтаронаш тарҷума карданд, ки «Баю-бай, сладкий». Онҳо гуфтанд, «Алла»-и модарашон кӯтоҳ, вале хеле ширин аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button