ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ҲАР РӮЗ 161 ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ШАҲРВАНДИИ РУСИЯРО ҚАБУЛ МЕКУНАНД

Тибқи омори расмии ВКД Русия, дар 9 моҳи аввали соли 2020, алакай 44 ҳазору 389 зодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандии Русия пазируфта шудаанд. Ин тақрибан 10% аз 450 ҳазор хориҷиест, ки дар умум имсол шаҳрванди Русия шудаанд. Имсол назар ба моҳҳои январ-сентябри соли тақрибан 14 ҳазор нафари бештар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрванди Русия шуда, шумори онҳо дар 9 моҳ алакай қариб баробари 44 ҳазору 707 зодаи Тоҷикистон, ки дар тӯли тамоми соли 2019 шаҳрванди Русия шуданд, баробар шудааст. Ба ҳисоби миёна, имсол ҳар рӯз дастикам 161 тоҷикистонӣ шаҳрвандии худро ба Русия иваз кардааст. Як сол пеш ин рақам 108 нафар буд.

Соли 2018 ҳамин тавр, 35 700 зодаи Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, 31 ҳазор тоҷикистонии дигар барои истиқомати доим дар Русия мондаанд. ВКД Русия чанде пеш хабар дод, ки дар 8 соли охир ҳудуди 200 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Ҳамин тавр, ҳазорон зодаи дигари Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба Аврупову Амрико ва кишварҳои дигар кӯч мебанданд. Ҷомиашиносони тоҷик аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

 Бино ба омори ВКД Русия, Тоҷикистон аз лиҳози шумораи шаҳрвандии Русияро қабул кардаҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал меистад. Барои муқоиса дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ, 29 ҳазору 464 зодаи Қазоқистон, 14 ҳазору 868 зодаи Ӯзбекистон. 7670 зодаи Қирғизистон ва ҳамагӣ 1368 зодаи Туркманистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Дар умум имсол ба 450 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русия дода шудааст. Дар 9 моҳи аввали соли 2019 ин рақам 285 ҳазор нафар буд.

Бино ба санади оморие, ки бо номи «Отдельные показатели миграционной ситуации в Российской Федерации за январь – сентябрь 2020 года» дар сомонаи расмии ВКД Русия нашр шудааст, ҳамин тавр, дар 9 моҳи аввали соли 2020 дар умум 1 миллиону 490 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар қайди идораҳои муҳоҷират сабт шуда, 24 333 зодаи Тоҷикистон РВП (иҷозат барои иқомати муваққат) ва 39 ҳазору 68 зодаи Тоҷикистон ҳаққи иқомат (вид на жительство) гирифтаанд. То имрӯз шумори умумии зодагони Тоҷикистон, ки соҳиби ҳаққи иқомат дар Русия ҳастанд,  94 ҳазору  741 нафарро ташкил медиҳад. Ва ин мардумест, ки дар оянда метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост диҳанд.

Русия ҳар сол ба 110 ҳазор нафар иҷозатнома барои иқомати муваққат (РВП) ва ба даҳҳо ҳазори дигар ҳаққи иқомат медиҳад. Онҳое, ки соҳиби РВП ё ҳаққи иқомат дар Русия мешаванд, баъди се сол метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ариза диҳанд.

Ҳамин тавр, Русия тавассути барномаи “Переселение” ё “Соотечественники” ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар, асосан аз қишрҳои таҳсилкарда ва мутахассисро аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ барои зиндагии доимӣ ба қаламрави худ мекӯчонад.

Ҳар сол дар аввали моҳи январ дар назди намояндагии бахши муҳоҷирати ВКД Русия дар Душанбе фақат барои номнавис кардан ба навбати хоҳишмандони кӯчидан ба Русия садҳо нафар ҷамъ мешаванд. Моҳи январи соли 2018 ин навбати бузургро ҳатто бо ҷалби нирӯҳои ОМОН пароканда карданд.

Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан ним миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр карда ва аксари онҳо бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.

Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар худро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, дар шароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, барои мардуми тоҷик муҳаббат ба зодгоҳ дар фарҳанги чандҳазорсолааш нақши бориз дорад ва афзоиши раванди ҳиҷрати аҳолӣ ба хориҷ аз сарчашмаҳои ҷиддитар ва пеш аз ҳама аз эҳсоси ноумедии онҳо ба ояндаи беҳтар дар Ватан маншаъ мегирад.

Бо онки сели сокинони Тоҷикистон бо умеди ба даст овардани “роҳхат ба як зиндагии беҳтар” дар пеши дари сафоратҳову идораҳои муҳоҷирати кишварҳои хориҷӣ навбат мепоянд, ҷомиашиносон аз як паёмади ногувори ин тамоюл – фирори мағзҳо ва коҳиши қишри босавод ва кордони аҳолӣ дар Тоҷикистон – бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, кишварҳои хориҷӣ, бахусус Русия, мутахассисони беҳтарин ва ботаҷрибаро аз байни омӯзгорону табибон, муҳандисон, устоҳо ва намояндагони касбҳои дигар гулчин мекунад ва ин боис мешавад, ки ҷои онҳоро дар Тоҷикистон бо нафарони бетаҷрибае, ки тоза аз донишгоҳ берун шудаанд, пур кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button