ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ВИДЕО: НА НИҚОБ, НА ФОСИЛА… ИЗДИҲОМИ БУЗУРГИ РАВОНАИ НАМОЗИ ҶУМЪА ДАР МАСКАВ

Ҳомии ҳуқуқ Баҳром Ҳамроев видеоеро нашр кард, ки дар он издиҳоми иборат аз ҳазорон мусалмон дар роҳ ба сӯи намози ҷумъа дар масҷиди воқеъ дар хиёбони «Проспект Мира»-и шаҳри Маскав сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки издиҳоми бузург дар ҳоле равонаи масҷид аст, ки касе фосилаи иҷтимоӣ – як талаби муҳим барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирусро риоя намекунад ва ба болои ин, бисёриҳо ё ниқоб надоранд ваё ниқобашон то манаҳ поён кардаанд.

Баҳром Ҳамроев мегӯяд, ки масҷиди «Проспект Мира» ва дигар масҷидҳои мавҷуда дар Маскав дигар тавони гунҷондани тамоми хоҳишмандони иштирок дар намозҳои ҷумъаро надоранд ва аз ин рӯ, бисёриҳо дар даруни масҷид ҷой наёфта, намози худро дар кӯчаҳои атрофи масҷид адо мекунанд. Ӯ хостори бунёди масҷидҳои бештар дар пойтахти Русия барои шумори рӯзафзуни мусалмонони шаҳру вилояти Маскав шуд.

Нашри видеои ин издиҳоми бузурги равонаи намози ҷумъа бидуни риояи меъёрҳои беҳдоштӣ дар ҳолест, ки Русия дар айни авҷи мавҷи дуюми коронавирус қарор дорад. То имрӯз дар Русия ҳудуди 2,8 миллион мавриди гирифторӣ ба коронавирус ва 49 ҳазору 762 ҳолати марг аз ин вирус сабт шуда, интизор меравад, ки то як ҳафтаи дигар шумори гирифторон аз 3 миллион ва алакай имрӯз, 19 декабр шумори қурбониён аз марҳи 50 ҳазор убур кунанд.

Танҳо рӯзи 18 декабр дар Русия 28 ҳазору 552 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус, аз ҷумла 6 ҳазору 937 ҳолат дар Маскавт, 3757 ҳолат дар Петебрг ва 1485 ҳолат дар вилояти Маскав сабт шуда, дар як шабонарӯзи охир 611 нафар аз ин вируси марговар ҷон бохтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button