Дин ва боварҳоСиёсатҲуқуқи инсон

Писари яке аз роҳбарони ҲНИТ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 18 декабр Асрориддин Розиқов, писари Зубайдуллоҳ Розиқов, яке аз роҳбарони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯъ ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Асрориддин Розиқов, ки дар бозори “Корвон”-и Душанбе либоси кӯдакона мефурӯхт, моҳи июн дастгир шуд. Моҳи сентябр дар як “филм” бо номи “Хиёнат” дар ТВ Тоҷикистон гуфта шуд, ки ӯ аз намояндагони ҲНИТ пул гирифта, ба хонаводаҳои аъзои зиндонии ин ҳизб тақсим мекард. Резагул Розиқова, модари Асрориддин мегӯяд, писарашро беасос зиндон кардаанд. Падари ӯ Зубайдуллоҳ Розиқови 76-сола соли 2015 дар қатори 12 тани дигар аз роҳбарони ҲНИТ боздошт гардид ва ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқро ба 5 сол зиндон маҳкум кардаанд

Мирзонабии Холиқзод, Радиои Озодӣ


Пайвандони Асрориддин Розиқов гуфтанд, ки Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро ба 5 сол зиндон маҳкум кардааст. Асрориддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, узви зиндонии ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аст.

Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, мурофиа пӯшида гузашт ва дар бораи он шарҳу ҷузъиёт намедиҳанд. Резагул Розиқова, модари Асрориддин, рӯзи 19-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми эълони ҳукм онҳоро низ ба толори додгоҳ иҷозаи вуруд надоданд.

Вай гуфт, “ба мо фаҳмонданд, ки ӯ ҳукм гирифт, вале писарамро беасос зиндонӣ карданд. Мо адвокат надоштем. Ба толор даромадан намонданд. Дар бораи он ки вакили медофеи давлатӣ дошт ё не, чизе намедонам.”

Як манбаи огоҳ аз қазия мегӯяд, ҳукм рӯзи 18-уми декабр эълон шуд. Мусоҳиби мо афзуд, дар баробари Асрориддин Розиқов дар курсии айбдорӣ ду нафари дигар нишаста буданд ва онҳо 6-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, аммо ному насаби онҳоро ошкор накард.

Розиқови хурдиро моҳи июни имсол дастгир карданд. Додситонии кулли Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки Асрориддин Розиқов “бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 3)-и Кодекси ҷиноӣ, яъне иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, диние, ки аз ҷониби суд фаъолияташ манъ карда шудааст“, муттаҳам аст.

Наздиконаш мегӯянд, бо вуҷуди талошҳо аз замони боздошт то эълони ҳукм ӯро боре аз наздик дида натавонистанд, аммо дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол дар филми, ба гуфтаи мақомот, мустанади “Хиёнат” зоҳир шудааст.

Дар ҳоле ки мақомот дар ин филм дар бораи сармоягузорӣ ба терроризм суҳбат мекарданд, Ҳисомиддин Розиқов, бародари Асрориддин гуфта буд, маълум аст, вай таҳти фишор ҳарф мезанад. Гап дар бораи маблағе меравад, ки наздикони маҳбусон дар Аврупо ҳар моҳ ҷамъ оварда, ба хонаводаи онҳо фиристодаанд. Онҳо муҳтоҷ ҳастанд.”

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Тоҷикистон хост, “Асрориддин Розиқовро фавран озод кунад” ва “дар заминаи боздошти худсарона таҳқиқот анҷом дода, масъулонро ба ҷавобгарӣ кашад”. Мақомот ба ин дархост посух надодаанд.

Ба қавли наздиконаш, Асрориддин Розиқов дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе ба тиҷорати либосҳои кӯдакона машғул буд. Онҳо бовар доранд, ҳеч сабабе барои боздошту маҳкум карданаш вуҷуд надошт, магар ин ки бо мақсади фишор ба Зубайдуллоҳи Розиқ, ки ба гуфтаи онҳо, аз додани изҳороти телевизионӣ зидди раҳбарони ҳизб худдорӣ кардааст“. Зубайдуллоҳи Розиқи 76-сола дар соли 2016 ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button