Хабарҳои кӯтоҳ

Ду садамаи марговар дар як рӯз

Субҳи 18 декабр, соати 04:30, як мошини “Дэу-Нексия” дар ҳудуди деҳаи Мардасойи ноҳияи Вахш аз сабаби туман ба канал чаппа шудааст. Дар натиҷа ронандаи 64-сола ва мусофири 65-солаи ӯ, ҳарду сокинони шаҳраки Киров, дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд.

Инчунин, 18 декабббр, соати 18:20 як дучархаи “Скутер” дар рӯбарӯи маркази савдои “Тоҷикистон” дар Душанбе ба қисми ақиби мошини боркаши ГАЗ-2705 бархӯрдааст. Ронандаи “Скутер”, сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар бемористон фавтидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 19 декабри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

Рӯзи 18-уми декабри соли 2020, тахминан соати 04:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу- Нексия», Ҷабборов Абдулмаҷид Тоштемурович, соли таваллудаш 1956, сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди роҳи мошингарди деҳаи Мардасойи ҳамин ноҳия бинобар сабаби туман ва кам будани масофаи дидашавии роҳ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз болои пул ба дохили канал афтида чаппа шудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҷабборов А.Т. ва мусофири он Бобоҷонов Абдурасул Раҳмонович, соли таваллудаш 1955, сокини ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, санаи 18-уми декабри соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Саймиддинов Қиёмиддин Аброридинович, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар кӯчаи А.Каҳҳорови пойтахт ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Ҷомӣ аз тарафи кӯчаи Н.Қарабоев ба самти кӯчаи Борбад, дар рӯ ба рӯи Маркази савдои «Тоҷикистон» бо сабабҳои номаълум ба қисми ақиби автомашинаи боркаши тамғаи «ГАЗ-2705», таҳти идораи Қосимов Зайниддин Худойдодович, соли таваллудаш 1984, сокини пойтахт, ки бо қатори якуми роҳи мошингард бо сабаби тамбашавии роҳ бо суръати паст ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Шаҳрванд Саймиддинов Қ.А. аз ҷониби ронандаи автомашинаи боркаш Қосимов З.Х. ба беморхона дастрас карда шуда, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Муайян гардидани кирдори қаллобӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми августи соли 2020, марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-С-класс»-ро ба маблағи 60 ҳазор доллари арикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, 10 ҳазор долларашро дода, ваъда додааст, ки дар муддати муайян боқимонда маблағашро бар мегардонад, аммо то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button