Ҳодиса

ДОВАРИИ НООДИЛОНА: ЭЪТИРОЗИ ИШТИРОКЧИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ” ГАНҶИНА ШЕРАЛИЗОДА АЗ БЕАДОЛАТИИ ҲАКАМОН

Ганҷина Шерализода, хонандаи синфи 10-уми мактаби №59-и ноҳияи Сино мегӯяд, ки ҳакамон дар арзёбии ӯ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ба беадолатӣ роҳ додаанд:

1. Ман аз натиҷаи баҳогузории ҳакамони номинаи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон” норозӣ буда, эътироз баён мекунам.

2. Омодаам, ки аз рӯи адабиёти пешниҳоднамудаи худ, дар ҳузури мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳакамони босалоҳият бозпурсӣ шавам.

Бигзор ҳақиқат тантана кунад, – гуфтааст Ганҷина.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» рӯзи 17 декабр ҷамъбаст шуд. Ба ғолибони он аз 20 то 30 ҳазор сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза Раъно Насриддинова 60 ҳазор сомонӣ мукофот доданд.

Nurali Khorkashev

ДОВАРИИ НООДИЛОНА

Довариро шеваи адлу адолат гуфтаанд,

Ҳукми ноҳақ пеши мардум қадри довар бишканад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави босаводу донишманд, истеъдодҳои нодир, хонандагони болаёқат, инчунин ҷалби бештари аҳолӣ, бахусус кӯдакону наврасон ба омӯзишу китобхонӣ соли дуюм аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро роҳандозӣ менамояд.

Аҳсан ба Ҷаноби Олӣ! Шахсияти дурандешу оқил ва ғамхори ҳақиқии мардуми Тоҷикистон ҳастанд!

Хушбахтона, даъвати сарвари мамлакат ба китобу китобхонӣ чун дигар пешниҳоду роҳнамоиҳояшон аз ҷониби аҳолии кишвар ҳамаҷониба пазируфта шуда, шаҳрвандон новобаста ба сину сол ва касбу кори худ ба омӯзишу китобхонӣ мароқ зоҳир карданд. Аз ин ҷост, ки шумораи иштирокчиёни Озмун нисбат ба соли аввал дучанд зиёд шуд.

Аз ҷумла, дар Озмуни имсола, дар номинаи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳонӣ” духтаракам Шерализода Ганҷина, ки хонандаи синфи 10-уми МТМУ № 59-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад, иштирок намуда, то ба даври 4-yм роҳ ёфт. Баромади Ганҷина дар даври сеюми шаҳрӣ, ки ӯ сазовори мақоми дуюм гардид, хеле ҷолиб ва диданӣ буд. Бавижа сӯҳбаташ бо аъзои ҳакамон, устод Камол Насрулло… Устод аз асарҳои хондаи ӯ, аз мулоҳизарониҳои ӯ, аз ҳозирҷавобии ӯ он қадар ба ваҷд омада, таърифу тавсифаш карданд, ки беҳисоб.

Фардояш тавассути сомонаи Фейсбук ба устод Камол Насрулло худро шинос намуда, барои суханҳои нек ва насиҳатҳои падаронааш ба духтарам Ганҷина изҳори сипос намудам. Устод аз дигар доноӣ ва боҳӯшии духтарамро ёдовар шуд ва барои тарбияти чунин фарзанд ба ману модараш (дар ҳақиқат бонуи хонадон дар тарбияи фарзандон нисбат ба ман заҳмати бештар дорад) раҳмат низ гуфта илова кард, ки дар рӯйхати адабиётҳои хондаи Ганҷина асарҳои зиёде аз адибони клоссик ва муосири ҷаҳон ҷо дорад. Худо кунад, ки доварони марҳилаи ниҳоӣ аз ин адабиётҳо воқиф бошанд.

ОМАД БА САРАМ АЗ ОН ЧӢ МЕТАРСИДАМ

Баромади Ганҷина дар марҳилаи ниҳоӣ ҳам хеле олӣ буд. Аҳли ҳакамон муддати 57 дақиқа (сабти пурраашро дар даст дорам) ӯро суолборон карданд ва ӯ ба тамоми пурсиҳояшон ҷавоби дақиқу аниқ дод. Мария Русакова, Ҳафиз Раҳмон ва як каси дигар бо исми Бахтёр (мутаассуфона насабашро фаромӯш кардам), ки бешубҳа аз донотарин аъзои ҳакамон буданд, бо Ганҷина роҳату озод сӯҳбат карда, ба суолҳояшон ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.

Аммо, чун навбат ба сардори ҳакамон муаллим Муртазо Зайниддинов расид ва Ганҷина ба пурсиши ӯ дар бораи асари “Дон Кихот”-и Сервантес ҷавоб дод, ки:

“Устод ман се маротиба кӯшиши хондани ин асарро кардам, аммо рости гап маъқулам нашуд ва канораш гузоштам” сардовари муҳтарам рӯйхати адабиёти пешниҳоднамударо як сӯ гузошта, Низомномаи Озмунро ба даст гирифту ба истинтоқ гузашт. Тарзи суолдиҳии муаллим муфатишеро мемонд, ки ягон ҷинояткорро пурсиш мекарда бошад. То ин дам муаллими муҳтарам бо ягон баромадкунанда чунин рафтор накарда буд. Намедонам шуморо, аммо шахсан ман ин гуна суолуҷавобро бо мактаббачае, ки ҳамагӣ бори чандум аст рӯи минбар мебарояд, салоҳ намедонам. Бовар надоред, аз устод Маҳмадулло Давлатов як суол кунед. Ҳамон чиро мешунавед, ки болотар гуфтемаш.

Хуб мебуд, ки баҳогузорӣ ба таври кушода дар охири баромади ҳар иштирокчӣ сурат мегирифт. Он гоҳ то ҷамъбаст, аллакай ҷоизадорон аз рӯи имтиёзҳои соҳибшудаашон муайян гардида, ҳоҷати машварати алоҳидаи доварон ҳам лозим нест. Як худо худаш медонад, ки ин “машваратҳр” чӣ гуна сурат мегиранд.

Зимнан, муаллими муҳтарам Муртазо Зайниддинов 30 сол пеш ҳам дар Донишгоҳ ба мо аз “Дон Кихот”, “Робинзон Крузо” ва Чингиз Айтматову Абай суол мекарданд. Шояд муаллими муҳтарам фаромӯш карданд, ки адабиёт инъикоскунандаи ҳаёт аст ва он баробари ҷамъият пеш меравад. Ҳол он ки дар адабиёти имрӯзаи ҷаҳонӣ асарҳои хеле ҷолибу хондание ҳастанд, ки Озмун нишон дод, на ҳамаи ҳакамони ин номина аз онҳо воқиф ҳастанд. Ин ҳолат дар чунин як Озмуни соҳибном ҷои афсӯсро дорад.

Бо вуҷуди ин ҳама, посухҳои Ганҷина хеле ҷолиб буданд ва фардояш аъзои ҳакамон Ҳафиз Раҳмон дар саҳифаи фейсбукияшон матлабе навиштанд бо унвони

РӮЗИ ҲАФТУМ…

(КОРЕ КУНЕМ, КИ ДОВТАЛАБОН АНДЕША КАРДАНРО ЁД ГИРАНД, ҲАДАФИ ОЗМУН БОЯД ҲАМИН БОШАД…).

Дар ин матлаб Ҳафиз Раҳмон дар бораи ҳӯшмандии чанд довталаб, аз ҷумла Ганҷина ҳам қайдҳо карданд, ки ин ҷо иқтибосашро меорам:

“Рӯзи ҳафтум намояндагони манотиқи гирду атрофи пойтахт ва чанде аз худи пойтахт санҷида шуданд: мисли он ки ба кӯдаке шириние диҳанд, ҳамон гуна аз тарзи баён ва лаҳни гуфтору бо андешаву мулоҳиза сухан гуфтанҳои баъзе довталабон хушнуд шудам!!!

Нозанин ва Сайидо ном духтару писари синфи 11 ва Ганҷина ном духтари синфи 10-ум маро ончунон шефта карданд, ки тафсилоташро дар мавриди дигар хоҳам гуфт. Ана донишу маърифат, ана онҳое, ки аз донишу фазлашон ифтихор кардан меарзад… Афсӯс, ки вақти банда кам буд (ба банда вақти кам медиҳанд, мутаассифона), вагарна бо ҳамин се нафар ҳадди ақал яксоатӣ суҳбат мекардам… Муаллифон ва асарҳоеро дидам дар рӯйхаташон, ки маро ба ваҷд овард: Ҳемингуэй, Дюмаву Гюгову Балзак-ку маълум, дар рӯйхати дигарҳо зиёд дидему пурсидем, аммо Уайлд, Борхес, Астуриас, Свейг, Миядзи, О Генри, Мериме, Стивенсон, Сомерсет Моэм, Оруэлл, Грэм Грин, Голдинг ва.. ва.. ва…

Хеле бароям мушкил аст чунинҳоро дидаву шунида ва ба ваҷд наомадан… Аммо ҳаққи аз ин беш ифшо кардани ҳиссиётамро надорам… Гуфтам-ку, вазъиятам чунин буд: мисли он ки кӯдакеро қанде медиҳанд ва ӯ шодиашро пинҳон карда наметавонад…”

Тааҷҷуби ман аз он аст, ки то дирӯз ва то ҳоло ҳам касе бо паёмаке, бо занге ё бо навиштае мо ва Ганҷинаро аз натиҷаи озмун бохабар накарданд. На аз дастандаркорони озмун ва на аз МТМУ № 59. Дишаб бо сад азоби алим аз дӯстони худ ва дӯстони духтарам огоҳ шудем, ки Ганҷина дар Озмун ҷо нагирифтаст. Азоби рӯҳии кашидаи ӯро худаш медонаду худо. Хеле ашк рехту гиря кард. Гиряааш аз ноҳақии доварон, бахусус аз ноҳақ баҳогузорӣ кардани сардовар Муртазо Зайниддинов буд. Ману модараш сухане намеёфтем, ки тасаллояш кунем. То субҳ на ӯро хоб бурду на маро.

Субҳ ба китобхонаи миллӣ рафтем ва бахтамон хандиду тасодуфан Вазири маориф ва илмро бо дигар шахсони расмӣ, ки барои қадркунии дастандаркорони Озмун ба китобхона омада буданд вохӯрдем ва Ганҷина эътирозашро баён намуд, ки онро ин ҷо мекорам:

1. Ман аз натиҷаи баҳогузории ҳакамони номинаи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон” норозӣ буда, эътироз баён мекунам.

2. Омодаам, ки аз рӯи адабиёти пешниҳоднамудаи худ, дар ҳузури мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ҳайати ҳакамони босалоҳият бозпурсӣ шавам.

Дар бораи Низомнома ва тарзу равиши баргузории Озмун ҳам Ганҷина фикру андешаҳои ҷолибе дорад, ки онро дар ҷои дигаре баён хоҳам кард. Мутмаинам, ки он ҳама ба фоидаи коранд.

БИГЗОР ҲАҚИҚАТ ТАНТАНА КУНАД!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button